ЗАРБУЛМАСАЛ ВА МАҚОЛҲО ДАР ОСОРИ АДИБОН

Дар муомила ва муоширати зиндагӣ дар мавқеи муносиб кор фармудани ин ва ё он зарбулмасали халқӣ ё ин ки панду ҳикматҳои хирадмандон расму одати халқ гардидааст.

Дар муомила ва муоширати зиндагӣ дар мавқеи муносиб кор фармудани ин ва ё он зарбулмасали халқӣ ё ин ки панду ҳикматҳои хирадмандон расму одати халқ гардидааст. Шумораи зарбулмасал мақол ва панду ҳикматҳо, ки дар адабиёти халқӣ ва китобӣ маълум ҳастанд, хеле бисёр аст, аммо таассуф, ки онҳо торафт кам мешаванд. Ҷамъ намудан, омӯхтан ва ниҳоят дастраси омма гардонидани онҳо вазифаи имрӯзаи мо мебошад. Зеро аксарияти ин гуфтаҳои ибратбахш дар тарбияю таълими насли ҷавон аҳамияти бузург доранд.  Ҳоло аз дурдонаҳои халқӣ намунаҳо меоварем.
***

«Девор афтад ба дарун афтад», дар мавриде гуфта мешавад, ки дар иҷрои коре пеш аз ҳама манфиати шахсӣ дар назар гирифта  шуда бошад.
– «Девор афтад ба дарун афтад» гуфтаанд, ғам нахӯред, ба шумо духтари худамро тӯй карда медиҳам. (Фотеҳ Ниёзӣ).
***
– Агар муллоён бо ноҳақкорӣ ин балоро ба сари аробакаш оварда бошанд, метавонанд, ки туро ҳам бо ин гапҳоят «тарафдори аробакаш будааст» гӯён ба ягон бало гирифтор кунанд. Дар дунё одамони хабаркаш бисёранд, эҳтиёт шудан лозим аст. «Девор муш дорад, муш гӯш дорад». 
(Садриддин Айнӣ).
***
– Зиёдахон... Ба духтар ҳаё лозим, исмат лозим, то ба дасти соҳибаш дода узод кардана пардаи рӯяша нигоҳ доред, ҳа! Агар бозор равад ё шаҳр барояд, ба сараш фаранҷӣ гирифта барояд, ҳа! Ҳамин хел гӯед, кампири беимон ба ман айб монданӣ шуд.
Шокарим: Ҳақ дорад, «Дег ба дег гуфтааст: рӯят сиёҳ». (Сотим Улуғзода).
***
«Дер ою дуруст ой» – дар он маврид гуфта мешавад, ки кори деранҷомида аз кори шитобкорона ва зуд иҷрошуда беҳтар аст.
Ба арзи бандагӣ дер омадам, дер,
Вагар дер омадам, шер омадам шер.
Чӣ хуш гуфт, ин сухан пири ҷаҳонгард,
Ки «дер ою дуруст ой», эй ҷавонмард!
(Низомии Ганҷавӣ).
***
– Вай намехост, ки ҷонашро коҳонад. Аз ҷой ҷунбидан он тараф истад, хамёза кашидан ҳам барояш малол буд. Хулосаи калом «деҳ, ки хӯрам, зан, ки мурам» гӯён маза карда хоб мерафт. (Самад Ғанӣ).
***
«Дигарон коштанд, мо хӯрдем, мо мекорем дигарон бихӯранд», – роҳату осоиши имрӯзаи мо натиҷаи заҳмати гузаштагон аст, инчунин аз натиҷаи меҳнати мо ояндагон бояд баҳраманд гарданд:
Пири деҳқон ҷавзбун мекошт, 
бар вай гуфт шоҳ:
– Нестӣ гӯӣ, ба таҳқиқ аз фалокат 
бохабар?
Ҷавзбун охир наёрад камтар аз 
сӣ сол бар,
Ту куҷо ёбӣ аз бар рӯзгори худ самар?
Гуфт: Мо хӯрдем бар аз киштаҳои 
рафтагон, 
Ҳар кӣ ояд, гӯ, баре ӯ ҳам зи кишти мо 
бихӯр!
(Ибни Ямин).
***

«Дидбонӣ маҷӯ зи дидаи кӯр» – аз касе, ки аз ӯҳдаи коре намебарояд, интизори иҷрои он набояд шуд.
Марди бадасл ҳаст бадкирдор,
Маталаб бӯи нофа аз мурдор.
«Дидбонӣ маҷӯ зи дидаи кӯр»,
Оби ширин назояд аз гили шӯр.
(Мактабии Шерозӣ).

Таҳияи 
С.БЕКНАЗАРОВА.


ФОЛНОМАИ ҲОФИЗ

Эй Ҳофизи Шерозӣ,
Ту кошифи ҳар розӣ.
«Сухани ӯ (Ҳофиз) ҳолатест, ки дар ҳавзаи тоқати башарӣ наёяд... ва аз машраби фақр чошнӣ дорад ва ӯро лисон-ул-ғайб ном кардаанд, сухани ӯ бетакаллуф аст ва сода». («Тазкираи Давлатшоҳ»). 
Ин дафъа ғазали «Сарву санавбар» аз бисоти Хоҷа Ҳофиз бо шарҳи фолаш пешкаши хонандагони «Саҳифаи рӯзи истироҳат» мегардад. 
САРВУ САНАВБАР

Боғи маро чӣ ҳоҷати сарву санавбар аст?
Шамшоди хонапарвари ман аз кӣ камтар аст?
Эй нозанин писар, ту чӣ мазҳаб гирифтаӣ,
К-ат хуни мо ҳалолтар аз шири модар аст?
Чун нақши ғам зи дур бибинӣ, шароб хоҳ
Ташхис кардаему мудово муқаррар аст.
Аз остони пири муғон сар чаро кашем,
Давлат дар ин сарову кушоиш дар ин дар аст.
Фарқ аст аз оби Хизр, ки зулмот ҷойи ӯст,
То оби мо, ки манбаъаш “Аллоҳи акбар” аст.
Мо обрӯи фақру қаноат намебарем,
Бо подшаҳ бигӯй, ки рӯзӣ муқаддар аст.
Ҳофиз, чӣ турфа шохи наботест килки ту,
К-аш мева дилпазиртар аз шаҳду шаккар аст?

Бар доштаҳои худ такя кардан ва шинохтани қадру манзалати он чӣ дар худ дорӣ туро аз он чӣ дар орзуи он ҳастӣ бениёз ва баландназару манеътабъ мекунад. Панди бузургони доноро бояд шунид ва ба кор басту ғам ба дил роҳ надод.

Таснифи Парвизи ИЗЗАТУЛЛО.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: