Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев 5 апрел бо боздид ба кишварамон омад.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Урганч, ки бо парчамҳои давлатии ду кишвар зинат ёфтааст, меҳмони олиқадрро Сарвари давлатамон пешвоз гирифт.
Маросими ботантана бо иҷрои суруду рақсҳои миллӣ барпо гардид.
Имрӯз раҳбарон гуфтушунид карда, бо ёдгориҳои таърихии Хиваи бостонӣ шинос мешаванд.