Президент Шавкат Мирзиёев 8 феврал бо рафти корҳои созандагӣ дар метрополитени Тошканд шинос шуд.
Барои инсон натиҷаи меҳнати худро дидан, бо корҳои фоиданок ба халқ ёрӣ расондан хушбахтии бузург аст. Дар мамлакати мо барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти одамон, наздик кардани масофаҳо корҳои калонмиқёс ба амал бароварда мешаванд.
Масалан, солҳои охир дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ лоиҳаҳои бузург амалӣ гардиданд. Моҳи августи соли 2020 марҳилаи якуми хати рӯизаминии метрополитени Тошканд ба истифода дода шуд. Моҳи декабри ҳамон сол хати метрои Сергелӣ кушода шуд. Нишондиҳандаҳои имрӯзаи мусофиркашонӣ шаҳодат медиҳанд, ки ин лоиҳаҳо пурра худашонро сафед карданд.
Кор дар ин самт пай дар пай идома дорад – аз Қӯйлиқ то ба Сергелӣ боз як шоҳа гузошта мешавад, ки он хатҳои зикршударо ба ҳам мепайвандад. Дар ин қитъа сохтмони 7 истгоҳ, ки дарозиаш қариб 12 километр мебошад, пешбинӣ шудааст. Ҳоло панҷ истгоҳ то мавзеи Сохтмончиён ба охир расид.
Сарвари давлат аз хати нав дидан кард. Дар суҳбат бо намояндагони насли калонсол ва ҷомеа муҳим будани лоиҳаи мазкурро зикр намуд.
– Солҳои охир дар ин бобат мо таҷриба ҳосил кардем. Дар самти Қӯйлиқ 7 истгоҳи метро ва дар Сергелӣ 5 истгоҳ сохта шуданд. Агар қаблан аз метрополитени Тошканд 240 ҳазор мусофир истифода бурда бошад, имрӯз шумораи онҳо аз 600 ҳазор нафар гузаштааст. Нақшаи мо 1 миллион мусофир аст. Агар ба ин кор сари вақт шурӯъ карда намешуд, дар нақлиёти шаҳр фурӯпошӣ пайдо шуданаш мумкин буд. Акнун бояд бо энергетикаи муқобил шуғл варзид, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президент ҳамроҳи намояндагони ҷомеа ба метро савор шуд.
Дар моҳҳои наздик инчунин буриши чоркилометраи хат аз мавзеи Сохтмончиён то Қипчоқ ба истифода дода мешавад. Ҳамин тариқ вақти сафар байни Қӯйлиқ ва Сергелӣ 15 дақиқа хоҳад буд. Ин хат дар як шабонарӯз қариб 40 ҳазор мусофир кашонда метавонад.
Аз ҳисоби ин кам шудани истифодаи нақлиёти шахсӣ ва сарборӣ дар роҳ дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, ҳаракати шабонарӯзии мошинҳо дар хатсайри Қӯйлиқ Сергелӣ то 40 ҳазор ва ҳаракат дар роҳҳо 12 фоиз метавонад кам шавад.
Умуман бо ба охир расидани марҳила дарозии умумии метрои Тошканд бештар аз 70 километр ва шумораи истгоҳҳо ба 50 адад мерасад. Ҳаҷми шабонарӯзии мусофиркашонӣ ба 650 ҳазор нафар мерасад. 245 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.