АЗ КАСБАМ МЕФАХРАМ

Дар ҳар давру замон шахси маърифатнок, дорои дониши баланд ва илмдиҳандаро қадр намудаанд.

Дар ҳар давру замон шахси маърифатнок, дорои дониши баланд ва илмдиҳандаро қадр намудаанд. Хидмати омӯзгор дар тарбияи насли наврас, дар тайёр намудани инсони комил бузург аст. 
Дастгирӣ ва ғамхории ҳукумати кишвар ба соҳаи мактабу маориф сол аз сол баланд мегардад ва аз омӯзгори имрӯза талаб менамояд, ки боз ҳам бештару беҳтар кор кунад, насли ҷавонро дар рӯҳи ватандӯстӣ, халқпарварӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ тарбия намояд. Дар баробари ин, худи омӯзгор бояд дӯстдорандаи касби худ, болаёқату кордон, соҳиби хулқу одоби ҳамида, маслиҳатгӯ ва намунаи ибрат бошад. 
Мактабхони имрӯз ҷаҳонбинии васеъ дорад, донову зирак аст. Ҳар як фазилати олиҷаноби омӯзгорро ба худ мегирад, ба ӯ пайравӣ мекунад. Солҳои мактабхониамро ба хотир меорам, он солҳо шахси бузургтарин муаллим буд, нисбати ӯ ҳурмату эҳтироми аҳли ҷомеа хеле баланд буд. Вақте дар роҳ ба муаллим рӯ ба рӯ мешудем, дасту по гум карда, дар канори роҳ истода, ба ӯ роҳ медодем. Дар ёд дорам, роҳбари синфамон ба хонаи ҳар як хонандаашон рафта бо падару модараш суҳбат мекард. Вақте ӯ бо модарам суҳбат мекард, ман дар хонаи дигар «руст» мешудам. Симои муаллими аввалин дар дили ҳар як хонанда чун шахси бузург боқӣ мемонад.
Аз хурдӣ ба касби муаллимӣ меҳр баста будам ва шукри беадад, ба орзуям расидам. Ҳоло барои синфҳои ибтидоӣ сабақ медиҳам. Солҳои охир бо ташаббуси роҳбари давлатамон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла, таълими халқ дигаргуниҳои назаррас рӯй доданд. Хусусан, ходимони муассисаҳои таълими томактабӣ, мактабӣ ва таълими олӣ – мураббиён, омӯзгорон, устодони донишкадаву донишгоҳҳо, ҳатто одамони одӣ ин дигаргуниҳоро мебинанд ва ҳис мекунанд. 
Дар натиҷаи ислоҳоти васеъмиқёс дар соҳаи таълими халқ ва корҳои амалии зиёд маълум шуд, ки бисёрии хатмкардагони коллеҷҳои касбу ҳунар донишҳои гирифтаашонро дар истеҳсолот ба амал тадбиқ карда натавонистанд, дар ин соҳа камбудиву норасоиҳои зиёд ба назар расиданд. Аз ин рӯ, омӯзгорони мактабҳои миёнаи умумӣ, падару модарон ва ҷомеаи васеъ фармони сарвари мамлакатро дар бораи ҷорӣ кардани таълими ёздаҳсола хуш қабул карданд. Ҳоло мебинем, ки талаб дар мактабҳо дигаргун шудааст, хонандагон оҳиста-оҳиста ба китобхонӣ рӯ меоваранд, асосҳои илмро чуқуртар меомӯзанд, ба корҳои ҷамъиятӣ, ҳар гуна ҳашарҳо ҷалб карда намешаванд. Рӯзе аз саҳифаҳои интернет хондам, ки дар яке аз давлатҳои хориҷӣ дар ҳар як истгоҳи автобус дар қуттичаҳо китобҳо андохта шудаанд ва мусофирон то омадани автобуси даркорӣ ба мутолиаи китоб машғул мешуданд ва китобро гашта дар қуттӣ меандохтанд. Ё ки дар боғҳои истироҳатӣ, дар нуқтаҳои хӯрокхӯрӣ шахсони китобдӯст ва саховатпеша вомехӯранд, ки ба шумо дар давоми 10-20 дақиқа аз китобе ягон маълумоти дӯстдоштаатонро хонда медиҳанд, агар хоҳед китоберо ба шумо ройгон туҳфа мекунанд, яъне ин аз он далолат медиҳад, ки дар ин кишвар китобро қадр менамоянд. 
Солҳои охир дар асоси қарору фармонҳои роҳбари давлат маоши омӯзгорон чанд бор зиёд шуд, албатта дар баробари ин масъулияти онҳо низ зиёд мегардад. Суханони роҳбари давлат, ки дар яке аз баромадҳояш таъкид намуда буд, «Омӯзгори имрӯза бояд мутахассиси универсал бошад, ҳам омӯзад, ҳам омӯзонад, яъне дар болои худ муттасил кор кунад, доимо ҷӯяд, аз ҳама муҳимаш, омӯзгор бояд ватанпарвари ҳақиқӣ бошад», мо – омӯзгоронро ба беш аз пеш дӯст доштани касби пуршарафи худ ҳидоят мекунад.
Мана, соли хониши 2020-2021 ба охир расид. Хатмкунандагони мактабҳо бо мактаби азизашон, устодон ва ҳамсинфонашон хайрбод гуфтанд ва мо – омӯзгорон умед мекунем, ки таҳсилро дар донишкадаву донишгоҳҳо идома диҳанд, сабақҳои додаи мо дар ҳаёти ояндаашон панди зиндагӣ гардад.

Зулфия НОРМАТОВА,
муаллимаи мактаби рақами 44-уми
ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: