(Андешаҳо дар ҳавошии девони тозаёфти “Амирӣ”)
...Ниҳоят кӯтоҳу зудгузар будани умри инсон, баробар ба хок рафтани шоҳу гадо ба ҳама маълум. Дар ин бора ва дар бораи накӯкорӣ дар зиндагӣ бузургони адабиёт ва машоихи ислом панду ҳикматҳои пурарзиш ба мерос гузоштаанд, то қадршиноси ҳар як соату рӯзи умри худ бошем. “Нагузоштани кори имрӯз ба фардо” низ ба ҳамин маънист.
Мааттаассуф, чархи каҷрафтор кори худ мекунад. Аз ин ваҷҳ, дастрасиамон ба каъбаи мақсуд на ҳамеша осон аст. Форомӯш кардаем, ки гуфтаанд: Дар зиндагӣ қадри якдигар бидонед, Баъди мурдан хоҳ донед, хох надонед...
...Инак, гӯё фақат чашм кушода пӯшидаам, ки дар ҳаштумин даҳсолаи умр такопӯ дорам. Чун беди лаби ҷар ба ёди ёру диёр то рӯз гӯш ба туғёни дил меандозам, ки менолад:
Тухми эшонҳо ба ҳар ҷо пош дод,
Хоки ман дур аз Ватан дар
Чош дод.
Аз рӯйи нақли модар ҳамон рӯзе, ки пули шӯравӣ нав шуда буд (1947), дар синни се ё чаҳорсолагӣ бе қиблагоҳ мондаам. Навори хотирот осмони наврасиро пурабру субҳи ҷавониамро “субҳи козиб” мегардонад.
...Солҳои баъди инқилоб хӯрданӣ – кам, ибодат – нораво, хондану нигаҳдории “китобҳои кӯҳна” – гуноҳ – муҷиби сахттарин ҷазо буд. Назар ба нақли модари ғамдида, падарам аз тарси ҷон бисёр китобҳои худро дар қабристон «дафн» карда, баъзе аз онҳоро дар тобдони хонаву зери охур ва оғилхона пинҳон карда будаанд.
Солҳои гузаштаро ба ёд оварда хулоса мебарорам, ки сиёсат ба ҳама чиз қодир будааст, ҳатто метавонад касро манқурт бисозад.
...Лаҳзае, ки дипломи худро ба модари худораҳматиам нишон дода, аз дасташ як рӯмолбанд китоби қадимаро чун “мероси падар” туҳфа гирифта будам, гӯё дирӯзакак буд, ки ба сабаби сафари навбатӣ ба хориҷа мутолиаи ин китобҳоро мавқуф гузошта будам.
Имрӯз ба ёд меоварам, ки аз идораи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” (“Овози тоҷик”) чанд бор ба кори тарҷумонӣ ба Афғонистон рафтаам. Дар ин миён ду ҷигарбандам, ки яке модари мушфиқу дигар ҳамсари меҳрубонам буд, аз олам гузаштанд, хонае, ки ба хоҳари дилбанду бародарам гузашт, холӣ монд.
Ҳамин сол хушхабари дар ҷашни Ваҳдати миллии Тоҷикистон аз ходимони сафорат шунидаам, ки бо мошин аз сарҳад гузаштан бепул, муддати иқомати бе виза ба ҷойи се рӯз, даҳ рӯз шудааст, маро водор кард то ба зодгоҳ сафар намоям.
Дар хона шоирадухтарам Нодира, дастабанди китобҳоеро, ки модарам чун мероси падар ба ман туҳфа карда буд, наздам гузошт. Онҳоро бори охир соли 1985 ба даст гирифта, дар сандуқ ҷой карда будам, то баъди бозгашт аз Афғонистон мутолиа кунам.
Дар байни “хазинаи меросӣ” чанд рисолаи арабию туркӣ, дастнависҳои қадима, “Девони Ғании Кашмирӣ”, “Девони Амирӣ”, баёзи нодире ҳам будааст, ки дар он намунаи ашъори Бедилу Туғрал ва чанде аз шоирони то ба ҳол дар адабиёти тоҷик номбарнашуда ҷой гирифтааст.
Аз байни ин ҳама “Девони Амирӣ” (Тошканд, соли 1305 ҳиҷрӣ – 1898 м.262 сафҳа) диққатамро ҷалб кард. Китоб мураттаб ва мураккаб аз ашъори ӯзбекию тоҷикии шоир будааст. Ҳамзамон ба ин, вожаю ибора ва луғатҳои тоҷикӣ дар матнҳои ӯзбекии шоир (минҷумла дар 7 сафҳаи сарсухан) бамаврид корбаст шудааст, ки аз камоли садоқат ба забону адабиёти тоҷик шаҳодат медиҳад.
Шубҳае нест, ки “Девон” баъди вафоти шоир китобат шудааст. Зеро, марсияе дар охири девон омадааст, ки “Таърихи Мулло Гулшан” ном дорад. Баъди ин марсия ду “таърих”-и муаллифаш номаълум, сипас, марсия ва “моддаи таърих”-и шуарои дарбор – Султонхон Тӯра, Хотиф, Хиҷлат, Ҳозиқ, Завқӣ, Фазлӣ ба чашм мерасад.
Муаллифони мазкур, зимни бо усули “абҷад” ба қолаби назм даровардани соли вафоти Амирӣ, баъзе накӯкориҳои ӯро ёдоварӣ кардаанд, ки эъмори мадраса, созондани пул, кандани наҳру ҷӯйбор будааст. Ҳамзамон, нисбати майли Амирӣ ба шаъну шуҳрат, рағбаташ ба шаҳват, қобилияташ ба ҷанг, вазъи дарбор, тахтталошии ворисон, ишораю киноя намудаанд.
Дар “Таърихи Мулло Гулшан” сӯгворӣ ва фиғону афсӯс бо ибораҳои “шаҳи ғарибпарвар”, “накӯзамир”, “маҷмаъулфазоил” ифода ёфта, “айшу нишот”-и Амирӣ дур аз назар намондааст. “Мудом азми ғазавоту ҷиҳод дар дил дошт”-ани ӯ ҷанги Ӯротеппаро ба ёд меорад, ки ҳақиқати таърихист.
Шоир Амирӣ анъанаи Алишер Навоиро муваффақона давоми нек бахшида, дар ашъори чӣ туркӣ ва чӣ форсиаш, ибораҳои рехтаи тоҷикиро бамаврид ва моҳирона ҷойгузин сохтааст. Дар матни як ғазали ӯзбекии шоир мисли марворид корбаст шудани “шаби ялдо”, “кӯҳу ҳомун”, “гули садбарг”, “субҳи имкон”, “афтодани хок”, “лолаи ҳумро”, “гули рухсор” далели ин даъвост.
Ғазалҳои ӯзбекию тоҷикии шоир, мутобиқи ҳарфи охири радиф (сараввал тавассути “алиф”, баъди вай бо ҳарфи “бэ” хатмшуда) мураттаб шудааст. Чунин тарзи китобат (яъне тоҷикию ӯзбекӣ) як намунаи “ширу шакар”-и анъанавист, ки дар адабиёти тоинқилобиамон равобити адабиро сайқал дода, ба сифати тафсиргари ифодаҳои форсӣ (ва арабӣ) адабиёти ӯзбекиро ривоҷу равнақ мебахшид. “Девони Амирӣ” ҳам молик ба чунин сифатҳост.
Мааттаассуф, дар замони шӯроҳо адабиёти мумтоз камэътибор, “ширу шакар” қариб, ки гум шуд. Билнатиҷа, баъзе вожаҳои тоҷикӣ дар забони ӯзбекӣ душворфаҳм шуда монд. Чунин навоқис дар гуфтор ва забони тарҷума ҳам раҳ ёфт. Масалан, калимаи “ташриф” дар матнҳои форсию туркӣ ҳамеша хоси бузургворон истифода мешуд. Ҳоло бошад, ин вожаи табаррук то ҳадде беқадр шудааст, ки ҷинояткори зиндонӣ ҳам “ташриф” ба ҷо меовараду хабарнигор ҳам ба ҳузури вазир ё сафир “ташриф” мефармояд.
Инкор ба ҷое расидааст, ки мураттиби китоб метавонад ба тарҷумони асари тоҷикӣ хилъати муаллифӣ бипӯшонад ва ибораи маъмули “Чаҳор ёри Мустафо”-ро дар шакли “тӯртёр муставфий” тарҷума намояд ва касеро ба ин кор коре нест.
Ба мақсади равшанӣ бахшидан ба таърих мебояд илова кард, ки доираи адабии Қӯқанд баъди лашкаркашии Умархон ба Ӯротеппа (1816) вусъат ёфтааст, ки таҳкурсиашро доираи адабии Истаравшан ташкил медиҳад.
Пӯшида нест, ки вақтҳои ахир ба омӯхтани таърихи зуҳуру суқути амирони Бухоро, хонҳои Хеваю Қӯқанд ва ба адабиёти он давр эътибор афзудааст. Аммо баъзе далоил ва шарҳу эзоҳот аз “паси парда”, гаҳе шубҳаовар ба табъ мерасанд. Ин ҳолат дар мусоҳабаю “мизи мудаввар”-ҳои телевизионӣ ҳам рух медиҳад. Моҳи июл аз ҳаёти ҳукмдори Қӯқанд Худоёрхон телефилме намоиш ёфт, ки дар ҷараёни гуфтор аз навиштаҳои Дилшоди Барно далел оварда, нисбати шахсияти ӯ, ки муаллифи “Таърихи муҳоҷирон” мебошад, ҳарфе нагуфтанд.
Ҳол он, ки Дилшоди Барно аз Истаравшан ба маркази хонигарӣ, бо амри амир Умархон, иҷборан нақли макон кардааст. Ҳамин тавр, зодаи Ӯротеппа будани муаллифи “Мунтахаб-ут-таворих” – Ҳоҷӣ Ҳакимхон тӯра ва таърихи Султонхони Адо (шоир, олим ва арбоби давлатие буд, ки баъди вафоти Умархон дар Самарқанд ва Бухоро ҳам қозикалон шудааст) то ба ҳол дар “зери парда” мондааст. Агар чунин намебуд як муҳаққиқ (академик Азиз Қайюмов) зодгоҳи ӯро Қӯқанд нишон диҳад, олими дигар (академик Б. Валихоҷаев) ӯро самарқандӣ, ҳисобида қабраш “номаълум” намегуфт. Дар ҳоле ки мутобиқ ба маълумоти Комилхон Каттаеву Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ ва маълумоти дар китоби “Қиссаи Вазеҳӣ...” (чопи Душанбе, 2012) зикршудаи камина Султонхон Адои аҳроринасаб дар қабристони файзосои Хоҷаи Аҳрор, дар Самарқанд мадфун аст. Дар омади гап бояд гуфт, ки Амир Умархон ҳам ба ҳамин шаҷара мансуб будааст. (Дар ин бора маълумот дар китоби “Қиссаи Вазеҳӣ...” батафсил омадааст).
Бо дарназардошти ин, ки эҷодиёти Амирӣ (ғазалиёт, мухаммасу тарҷеъбанд, рубоиёт) то ҳадде таҳқиқ шудааст, дар ин мақола, бидуни таҳлил, бо овардани намуна аз шеърҳои тоҷикии Амирӣ ва марсияву моддаҳои таърихи мунташира дар охири “Девони Амирӣ” иктифо мекунем, ки кам таҳқиқ шудааст:
***
Эй зикри ту зевари суханҳо,
Аз номи ту шаҳд дар даҳанҳо.
Аз файзи санои ту забонам,
Гардида чароғи анҷуманҳо.
То субҳи абад зи тоби меҳрат,
Афрӯхта шамъ дар лаганҳо.
Умрест дил аз хаёли васлат,
Дар гӯшаи ғам нишаста танҳо.
Халқе ба суроғи хоки кӯят,
Афтода ба ғурбат аз ватанҳо.
То зулфи каҷат мушкшикан шуд,
Афтода дилам дар он шиканҳо.
Онҳо, ки зи хеш чашм бастанд,
Бурданд ғами худ дар кафанҳо.
Бикшой ду зулф то бароям,
Аз чоҳи ғамат ба он расанҳо...
Ҳаҷри ту балост, нест тоқат,
Ушшоқ туро дар ин миҳанҳо.
Дар ҳайрати чашми хушнигоҳон,
Аз хоки дилам дамад хутанҳо.
Дар ишқи ту рафта аз дили ман,
Нақди хираду ҳусули фанҳо.
Гул карда ҳазор доғ гӯё,
Пироҳани дил шуд аз чаканҳо.
Беҳтар зи Амиристу шоҳӣ,
Аз доғи ғами ту хун шуданҳо.
(Девони Амирӣ. Саҳ.12)
***
Ман надорам сабр,
он нозофарин дорад ҷафо,
То куҷо ъойид шавад,
ё раб маро ин муддао.
Наргисат аз ноз хуни
бегуноҳон рехта,
Ғамзаат дил мерабояд аз мани
бе дасту по.
То куҷо фарёду афғонам
ба гӯши ӯ расид,
Ӯ сипеҳру ман замин,
ӯ подшоҳу ман гадо..
Баски аз халқи ҷаҳон вазъи
мурувват рафтааст,
Бар сари ман захми шамшер аст,
дасти ошно.
Нақши хоки пойи ӯ ҳар ҷо,
ки пеш ояд маро,
Гирам аз шавқу ба чашми хеш
созам тӯтиё.
Қомати хамгашта дорам аз ғами
сарви қадат,
Кош ин афтодаро бардорад
аз ҷойи асо.
...Муддате шуд орзуи сарви нозат
мекашам,
Як замоне бигзар аз нозу ба сӯйи
мо биё.
Интизори мақдамат аз чашми
дил дорам Амир,
К-ин ду манзар ҳар ду ҷойи туст,
эй бадрулриҷо.
(Ҳамон “Девон”, с.14)
***
Эй зи фикрат шоҳиди дил ҳамчу
гул рангинқабо,
Аз кафи поят тароват гуна
мегирад ҳаё.
Қомати яктои ӯ ҳар ҷо чаманпиро
шавад,
Сарв аз пастӣ чу маҷнунбед
мегардад дуто.
Шарми рухсори кадомин шӯх
дорад дар назар,
Ин гулистонро зи шабнам об
мегардад ҳаво.
Мекунад дарюзаи нур аз фурӯғи
оразат,
Меҳр з-ин рӯ бар ъузори моҳ
мебахшад сафо.
Чашми биниш равшан аз оинаи
рухсораат,
Дидаи дил мекашад аз хоки поят
тӯтиё.
Умрҳо шуд дар раҳат чун нақши
по афтодаам,
Як нигоҳи лутф аз чашми ту
дорам муддао.
Кишвари меҳру муҳаббатро,
Амирӣ, мекашам,
То зи сар кардам ба ранги ашк
дар роҳи ту по.
(Ҳамон «Девон» с.22)
***
Бошад ба ёди лаъли ту ушшоқ
дар наво,
Парвардаи найистон ба умеди
шакар наво.
Дил пора-пора гаштаву ҷон дар
фиғон ҳанӯз,
Парголаҳо надида барояд баҳри
наво,
Дорам ба ёди зулфи баногӯш
изтироб.
Дар шом нола дорам,
вақти саҳар – наво.
То чанд аз дилам зи ғамат
нола сар кашад,
То кай кашам ба ёди қадат
аз ҷигар наво.
Дар тангнои даҳр иқомат чу
мумкин аст,
Бошад даруни кӯчае зи раҳгузар
наво.
Н-омад тазаллум аз дили
пурхуни ман ҳанӯз,
Ояд бурун зи соғари саршор агар
наво.
Арбоби дида аз хамӯшӣ
гурез нест,
Н-ояд бурун зи ҷунбиши
тори назар наво.
...Дар кӯҳу беша нола
кунам манъи ман масоз,
Маҷнун кунад ҳамеша ба ҳар
дашту дар наво.
Бе лаъли ҷонфизои ту натвон
хамӯш шуд,
Дур аз шакар намедиҳад аз най
магар наво.
Бошад ба мулки даҳр зи файзи
Амириям,
Дар Шом базми ишрату,
дар Бохтар наво.
(Ҳамон «Девон», с.25)
***
Ҳусни оламсӯзи ӯ ҳар гаҳ барояд
аз ниқоб,
Нест ҷуз борони ашкам шабнами
он офтоб.
Аз ғами рӯйи арақнокаш чу созам
гиря сар,
Мешавад ҳар қатраи ашкам
ба сони дурри ноб...
Гирдбод аз қатраи борони
рухсораш савол.
Дар латофат иқди шабнам рӯйи
гул гуфтам ҷавоб.
Гуфтамаш: Бар оразаш зулфи
парешон аз чӣ рӯст?
Гуфт: Пинҳон мешавад ҳар лаҳза
дар абр офтоб.
Ман намедонам, ки абри осмон
зулм аз кӣ дид,
Рӯ ба хоки даргаҳат аз гиря
шуд дар изтироб.
Зулфи пурчини туро сад дил
бувад дар ҳар шикан,
Ҳар шиканро ҳалқаву ҳар ҳалқаро
сад печутоб.
Офтоби авҷи истиғност он
рухсори маст,
Хонабардӯши туам чун соя аз ман
рух матоб.
Чун нарезам ашки хунин бар рухи
зард ошкор,
Кард он симинбадан бар рӯйи худ
заррин ниқоб.
... Дар чунин манзил, ки ёд аз
боғи ҷаннат медиҳад,
Метавон хӯрдан шароби ноб
бо чангу рубоб.
Гӯшаи чашми ту бе кайфияти
найранг нест,
Аз нигоҳат мешавад паймона
лабрези шароб.
Кистам ман то кунам васфи
амири ҳусни ӯ,
Зарра бе миқдор бошад дар
ҳузури офтоб.
(Ҳамон “Девон”, с.27)
Маъруф ОТАХОНЗОДА,
Журналисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон.