Дар қасри “Ҷумҳурӣ”-и маҷмааи “Саидобод”-и Теҳрон маросими пазироии расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад, баргузор гардид.
Сарвари давлати моро Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ пешвоз гирифт.
Дар майдони назди қаср ба шарафи меҳмони олӣ қаровули фахрӣ саф орост. Байрақҳои давлатии Ӯзбекистон ва Эрон бардошта шуданд.
Оркестри ҳарбӣ гимнҳои давлатии ҳар ду мамлакатро навохт.
Президентҳо аз пеши сафи қаровули фахрӣ гузашта, аъзои ҳайатҳои вакилони расмиро хайрамақдам гуфтанд.
Пас аз аксбардории якҷоя мулоқоти раҳбарон дар доираи маҳдуд оғоз ёфт.