Президенти Ӯзбекистон раиси ширкати кореягии “SK Group”-ро қабул кард

  • Президенти Ӯзбекистон раиси ширкати кореягии “SK Group”-ро қабул  кард
  • Президенти Ӯзбекистон раиси ширкати кореягии “SK Group”-ро қабул  кард
  • Президенти Ӯзбекистон раиси ширкати кореягии “SK Group”-ро қабул  кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 4 октябр ҳайати ширкати пешбари «SK Group»-ро таҳти сарварии раиси он, роҳбари Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Корея Че Тхэ Вон ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлатамон рушди пайвастаи муносибатҳои шарикии махсуси стратегиро, пеш аз ҳама дар соҳаи тиҷоративу иқтисодии Ӯзбекистону Куриё бо қаноатмандии хоса таъкид намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои амалӣ бо ширкати “SK Group” оид ба татбиқи лоиҳаҳои баландтехнологӣ, аз ҷумла ташкили истеҳсоли фолгаи мис дар вилояти Тошканд баррасӣ шуданд.

Ба лоиҳаҳои пешомадноки коркарди амиқи захираҳои ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр бо арзиши баланди иловагӣ диққати махсус дода шуд. Нақшаҳои тайёр кардани кадрҳои муҳандисию техникӣ ва гузарондани тадқиқоти илмӣ дар саноати нимноқилҳо дастгирӣ карда шуданд.

Аҳамияти иштироки фаъолонаи Палатаи савдо ва саноати Корея дар ҷалби сармояи мустақими ширкатҳои бонуфузи Корея барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок таъкид гардид.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: