Оид ба баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ дар метро таклифҳо пешниҳод шуданд

  • Оид ба баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ дар метро таклифҳо пешниҳод шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев 21 ноябр бо тақдимоти чорабиниҳо оиди баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ дар метрои Тошканд шинос шуд.

Ба мақсади васеъ гардондани шабакаи метро дар тӯли солҳои охир ба таври илова 32 километр роҳ сохта, 21 истгоҳи нав ба истифода дода шуд. 15 поезди замонавии метро оварда шуд. Хатсайрҳои нав аз ноҳияи Яшнобод, Миробод, Сергелӣ, Янгиҳаёт ва Юнусободи пойтахт гузашта, ба ҳаракати ҳаррӯзаи аҳолӣ қулайиҳо фароҳам овард.

Имрӯз шумораи мусофирони метро панҷ баробар афзуда, миқдори сафарҳои ҳаррӯза ба 720 ҳазор расидааст. Фосилаии расидани қаторҳо дар соатҳои авҷ аз панҷ-ҳафт дақиқаи пешина то 2 дақиқа кам карда шуд.

Дар ҷамъомад шахсони масъули соҳаи нақлиёт ва сохтмон дар бораи ҳолати кунунии метрополитен ва нақшаҳо барои оянда маълумот доданд.

Сарвари давлат оид ба беҳтар намудани сифати хидматрасонии метро, осонии ҳаракат ва бехатарӣ дар истгоҳҳо супоришҳо дод. Зарурати нав кардани парки вагонҳо ва иваз кардани вагонҳои муҳлати хидматашон гузашта, таъмин кардани фосилаи дудақиқагӣ қайд гардид.

Пешниҳодҳо оид ба трансформатсияи метрои Тошканд ва зиёд гардондани даромади он баррасӣ шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: