Президент аз хонаи кӯдакони оилавӣ дидан карда, бо фаъолони пойтахт мулоқот анҷом дод

  • Президент аз хонаи кӯдакони оилавӣ дидан карда, бо фаъолони пойтахт мулоқот анҷом дод

Президент Шавкат Мирзиёев бо хонаи кӯдакони типи оилавӣ дар маҳаллаи Наймани ноҳияи Учтепа шинос шуд.

Дар мамлакати мо ба кӯдакони ятиму бепарастор диққати махсус дода мешавад. Дар натиҷаи имтиёзҳое, ки давлат пешниҳод менамояд, шумораи оилаҳое, ки чунин кӯдаконро ба зери қаноти худ мегиранд, меафзояд. Аз он ҷумла, 131 хонаи кӯдакони оилавӣ таъсис дода шудааст, ки 808 нафар писарону духтаронро ба фарзандӣ гирифтаанд.

Хонаи бачагони типи оилавии ноҳияи Учтеппа низ идомаи мантиқии кор дар ин самт гардид. Бинои дуошёна аз ҷониби Гвардияи миллӣ аз нав таъмир карда, барои истиқомати 12 оила шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо асбобу анҷоми рӯзгор ва мебел таъминанд.

Президент ба аёдати хонаводаи Инъомҷон ва Дилдора Давлатовҳо рафт. Онҳо  4 нафар ятимро тарбия мекунанд.

Кӯдакон гуфтанд, ки дар оила зиндагӣ карданро орзу мекарданд ва ин орзу ба шарофати ғамхории давлат амалӣ гардид.

Дар мактаби миёнаи рақами 238 хонандагон ва фарзандони худи оилаҳо якҷоя мехонанд.

Маҷмӯи истиқоматӣ дорои 2 толори варзишӣ, варзишгоҳи хурди футбол, майдончаҳои бачагона ва варзиш, саҳнаи тобистона, хиёбон мебошад. Дарахтони ороишию мевадиҳанда шинонда шудаанд. Дар қитъаи начандон калони оила барои дастархони худ маҳсулот парвариш менамояд.

Сарвари давлат аз маҳфилҳои таълимӣ ва клубҳои варзишӣ дидан карда, бо ҷавонон суҳбат намуд.

Дар ин ҷо оид ба масъалаҳои ободонии ноҳияҳои шаҳри Тошканд дар қисмати маҳаллаҳо ҷамъомад ба вуқӯъ пайваст.

Дар 11 моҳи охир дар пойтахт 650 лоиҳа амалӣ гардида, 30 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шуданд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Учтеппа шумораи субъектҳои нави соҳибкорӣ ба 1110 адад афзуд.

Кайд карда шуд, ки Тошканд барои рушди  савдо, саноат ва хизматрасонӣ имкониятҳои калон дорад. Вазифа гузошта шуд, ки ин иқтидорҳо пурра истифода бурда, пойтахт ба минтақаи аз бекорӣ озод табдил дода шавад.

Президент ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ эътибори алоҳида нигаронд.

Дар пойтахт 584 маҳалла мавҷуд аст. Дар миқёси васеъ корҳои ободонӣ ва беҳсозии роҳҳо ба амал бароварда мешавад.

Сарвари давлат бо раисони маҳаллаҳо оид ба нақшаҳои наздик ва дархостҳои аҳолӣ суҳбат кард.

Дар асоси онҳо барои таъмири 44 объекти иҷтимоӣ, сохтмони боғгчаи бачагон, поликлиника, боғи маданият ва истироҳат тадбирҳо муайян карда шуданд.

Ҳамаи 12 маркази гармидиҳии шаҳри Тошканд солхои 1968—1986 сохта шуда, таҷҳизоти онҳо куҳна шудааст. Аз ин рӯ, дар заминаи 9-тои онҳо марказҳои замонавии тавлиди гармӣ ва нерӯи барқ ​​бунёд хоҳанд шуд. Дар натиҷаи ин дар пойтахт соле бештар аз 3 миллиард киловатт-соат энергияи электр ҳосил карда мешавад.

Дар бораи пайваста пур кардани бозорҳо аз маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъмини бехатарии мардум дар арафаи таҷлили Соли нав дастуру супоришҳо дода шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: