Президенти Ӯзбекистон бо президенти БТТА мулоқот кард

11 июн Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо президенти Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо Сума Чакрабарти ба тарзи иртиботи конфронси видеоӣ гуфтушунид кард.

11 июн Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо президенти Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо Сума Чакрабарти ба тарзи иртиботи конфронси видеоӣ гуфтушунид кард.
Дар оғози суҳбат роҳбари давлати мо сатҳи баланди ҳамкориҳои тарафайн ва пурмаҳсули Ҷумҳурии Ӯзбекистонро бо Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо, ки солҳои охир ба даст  омадаанд, бо қаноатмандии амиқ қайд намуд.
Ба шарофати муштаракона татбиқ намудани дастурҳои Стратегияи кишварии бонк ва «Харитаи амалиёт» алҳол БТТА яке аз шарикони асосӣ бобати пешбурди барнома ва лоиҳаҳои бартаринок ба шумор меравад, ки ба таъмин сохтани рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии мамлакати мо нигаронида шудаанд.
Ҳоли ҳозир маҷмӯи лоиҳаҳо тақрибан 1,2 миллиард долларро ташкил медиҳад ва тамоми самтҳои афзалиятнокро дар бар мегирад. Дар ин маврид сеяки тамоми маблағҳои ҷудошуда ба дастгирии сектори хусусӣ ва соҳибкорӣ, аз ҷумла ба мақсади кам кардани оқибатҳои манфии пандемияи коронавирус дар ҷумҳурӣ равона карда мешаванд. Ғайр аз ин, таклифҳои нави лоиҳавӣ ба маблағи тақрибан як миллиард доллар дар муҳокимаи ҷонибҳо қарор доранд. 
Коршиносони бонк ҳамчунин дар коркарди ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ ва ташаббусҳои стратегии соҳаҳои шарикии давлативу хусусӣ, рушди бозори сармояҳо, ислоҳсозии сектори бонкӣ ва соҳаҳои дигари иқтисодиёти Ӯзбекистон фаъолона иштирок карданд. 
БТТА намояндагии худро дар Тошканд вусъат дод, дар Андиҷон идораи худро ташкил намуд. Соли оянда дар Урганҷ ба роҳ монда шудани кори идораи он пешбинӣ мегардад. 
Президенти кишвари мо дар бораи натиҷаҳои амалии ҳамкории тарафайн сухан ронда, ба Сума Чакрабарти барои саъю кӯшиши фаъол ва саҳми шахсияш дар таҳкими эътимоди тарафайн ва рушди ҳамкориҳои муфид самимона миннатдорӣ баён кард. 
Дар навбати худ роҳбари яке аз идораҳои пешқадами байналхалқии молиявӣ барои ташкили вохӯрӣ дар чунин сатҳи баланд миннатдории амиқ изҳор карда, қатъияти бонкро бинобар ҳамаҷониба дастгирӣ намудани роҳи нави ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мешаванд ва сиёсати минтақавиро дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, аз тариқи вусъат додани маҷмӯи лоиҳаҳо ва ҳаҷми кӯмакҳои молиявиву техникӣ таъкид сохт. 
Сума Чакрабарти чораҳои маҷмӯиеро, ки дар мамлакат бинобар аз байн бардоштани оқибатҳои ҳодисаи фавқулодда дар вилояти Сирдарё амалӣ мешаванд ва роҳ надодан ба паҳншавии пандемия дар ҷумҳурӣ баҳои баланд дод. 
Дар ҷараёни конфронси видеоӣ масъалаҳои вусъат додани ҳамкориҳои муфиди тарафайн ҳамаҷониба баррасӣ шуданд. Ба иштироки БТТА дар трансформатсияи корхонаҳои давлатӣ ва хусусигардонии бонкҳо, кӯмак барои ислоҳоти сектори энергетикӣ ва соҳаҳои нафту газ, самарабахш аз худ намудани вомҳои ҷудошуда, вусъат додани бо маблағ таъминкунии тиҷорат, аз ҷумла, лоиҳаҳо дар саноати бофандагӣ эътибори махсус дода шуд. 
Дар бораи идома додани робитаҳои муттасил ва мубодилаҳо, аз ҷумла, муштаракона тайёр кардани вохӯриҳои минбаъдаи Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ дар Тошканд ва ҷамъомади Шӯрои роҳбарони БТТА дар Самарқанд соли 2023-юм муоҳидаҳо имзо шуданд. 

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: