ТАЛҚИНИ ФАНО ДАР «ЛИСОН-УТ-ТАЙР»

Дар тасаввуроти ислом тамоми ҳастӣ аз ду қисм: Холиқ (офаридгор, халқкунанда, Худо) ва махлуқ (халқшуда, офаридашуда) иборат аст.

Худо – мавҷуди абадӣ, боқӣ ҳама чиз, аз ҷумла инсон, мавҷуди фонӣ (даргузар) аст. Тасаввуф таълимотест, ки ба банда тавассути тарбия роҳи дар зиндагӣ ба дараҷаи фано расиданро талқин мекунад.
Дар ин маврид достонҳои «Мантиқ-ут-тайр»-и намояндаи барҷастаи адабиёти ирфонӣ Шайх Фаридуддини Аттор (1148/51-1219/21) ва «Лисон-ут-тайр»-и шоири бузурги ӯзбек Фонӣ (Алишер Навоӣ), ки чун назира ба он навишта шудааст, аҳамияти хосса доранд.
Ба «Мантиқ-ут-тайр»-и Фаридуддини Аттор чаҳор шоири туркигӯй: Навоӣ, Гулшаҳрӣ, Юсуфи Хутанӣ, Қозӣ Пайвандии Ризоӣ назира навиштаанд, ки дар таърихи адабиёти ҷаҳон ҳодисаи нодир аст.
«Лисон-ут-тайр»-и Навоӣ аз чор қисм иборат аст: 1. Муқаддима – 13 боб. 2. Сужете, ки ба сайри мурғон иртибот дорад – 156 боб. 3. Муноҷоти қаҳрамони лирикӣ – 19 боб. 4. Хулоса – 5 боб.
Қисми муқаддима ҳамду санои Офаридгор, муноҷот, наът – васфи Муҳаммад саллаллоҳи алайҳи васаллам, меъроҷнома (наът), таърифи Абубакр, ҳикоят, таърифи Умар Форуқ, ҳикоят, таърифи Усмон, ҳикоят, таърифи Алӣ, ҳикоят ва таърифи Фаридуддин Атторро дар бар мегирад.
Қисми асосӣ бо тасвири ҳолати шадиди драматикӣ оғоз меёбад. Рӯзе мурғони гулистону беша ва баҳру биёбон як ҷо ҷамъ меоянд. Вале ҷойгузиниашон тартибу қоидае надошт. Яъне ҷойи ҳар кадом мутобиқ ба мавқеяш набуд. Мисол, зоғ аз булбул болотар менишаст. Дар байн низоъ бармехезад. Дар охир натиҷа мегиранд, ки ба онҳо подшоҳи одиле лозим аст. Дар ин вақт Ҳудҳуд мегӯяд, ки подшоҳе ҳаст бо номи Симурғ, бояд ҳама ба назди ӯ биравем. Сипас Ҳудҳуд ба таърифи Симурғ мепардозад. Бо таърифу тавсиф дили даҳ мурғ: Тӯтӣ, Товус, Булбул, Қумрӣ, Кабк, Тазарв, Дурроҷ, Шаҳбоз, Шоҳин ва Кабӯтарро ба даст медарорад ва ба пар кашидан ба сӯйи Симурғ даъват менамояд.
Ҳама ба сӯйи Симурғ парвоз мекунанд. Дурии роҳ баъзе мурғонро беҳол мегардонад, хоҳиш мекунанд, ки дар ҷое фуруд оянд. Мурғони беҳолгашта аз якдигар ба узрпурсӣ шурӯъ мекунанд. Ҷамъ 14 мурғ: Тӯтӣ, Товус, Булбул, Қумрӣ, Кабутар, Кабки дарӣ, Тазарв, Шоҳин, Шаҳбоз, Уқоб, Куф, Ҳумо, Ғоз ва Дурроҷ маъзарат мехоҳанд. Ҳудҳуд ба ҳар як мурғи узрхоста бо ҳикоят ҷавоб мегӯяд. Мурғон, сипас аз Ҳудуд дархост менамоянд, ки дар бораи Симурғ рӯшантар ҳарф занад. Баъди узри Дурроҷ ҳикояте оварда нашудааст. Чунин ба назар мерасад, ки дар ин ҷо таносуби асар халалдор шудааст.
Яке аз19 мурғ, яъне Симурғ дар сужет бевосита иштирок намекунад. Таърифи он оварда мешавад, ҳама ба сӯйи ӯ равонаанд. Ҳудҳуд мурғи фаъол аст.
Навоӣ соли 1496 «Девони Фонӣ»-ро тадвин мекунад. Ӯ девони форсии тоҷикиашро бо тахаллуси Фонӣ тартиб додааст. Баъди ду сол достони «Мантиқ-ут-тайр»-ро низ бо тахаллуси «Фонӣ» менависад. Заҳириддин  Бобур ба ин муносибат дар «Бобурнома» фармудааст: «Девони форсӣ тадвин кард. Дар назми форсӣ тахаллусаш «Фонӣ» буд. Баъзе ҳанӯз дар ин андешаанд. Вале «Лисон-ут-тайр», ки бо тахаллуси «Фонӣ» навишта шудааст, ин андешаро ботил мекунад.
Пас, «Фонӣ» ҳам тахаллуси осори форсӣ ва ҳам тахаллусии осори туркии Алишер Навоист. Зеро ҳаҷми «Лисон-ут-тайр» аз ҳаҷми (абёт дар назар аст) «Девони Фонӣ» кам нест.
Муаллиф сабаби инро дар боби 191-уми асар – «Узри тағйири тахаллус дар ин китоб» возеҳ баён намудааст.
Баъзе бар онанд, ки гӯё шеърҳои аввалини Навоӣ тоҷикӣ будаанд, дертар ӯ ба забони ӯзбекӣ навиштааст. Навоӣ  изҳор доштааст, ки ӯ шеърнависиро аввал ба туркӣ   шурӯъ кардааст.
Чун кичик ёшдин манга бӯлди насиб,
Назм адосида хаёлоти ғариб
Шеър ҳар синфинки қилдим ибтидо,
Турк алфози била топди адо.
Дар боби мазкур оиди интихоби тахаллуси «Навоӣ» дар шеърҳои туркӣ ва интихоби тахаллуси «Фонӣ» дар шеърҳои форсӣ сухан ба миён меоварад: 
Форсӣ(й) назм ичра сурдум қалам,
Назмнинг ҳар синфини қилдим рақам.
Файз еткоч ул маонийдин манго,
Топти белгу назми «Фоний» манго.
Шоир ба шарҳи ҳар ду тахаллус мепардозад ва суоле ба миён меояд, ки «дар «Лисон-ут-тайр» бояд кадом тахаллусро интихоб намояд?» Шоир ба суол худ посух мегӯяд: «Бино ба ду асос ин достонро бояд бо тахаллуси «Навоӣ» навишт. Якум, мурғон наво мекунанд, пас бояд достонро бо тахаллуси «Навоӣ» навишт. Дуюм, достон бо забони туркӣ навишта мешавад, биноан, бояд тахаллуси «Навоӣ»-ро бипазирам:
Чун «Лисон-ут-тайр» оғоз айладим,
Турфа қушлар бирла парвоз айладим.
Менда ансаб эрдиким, тузғоч наво,
Бӯлса назмимга «Навоий»-дин адо,–
Ким наво қушлар тили алҳонидир,
Дилкаш афғони ҳазин достонидир.
Туркийуслуб эрди ҳам бу достон,
Топқудек эрди «Навоий»-дин нишон.
Вале, бо вуҷуди ин, шоир дар ин маврид тахаллуси Фониро пазируфт. Сабаб чӣ буд? Шоир ба се сабаб ишора мекунад: якум, мақсад аз «кулли мурод» муроҷиат ба Худои мутаол буд. Бино ба ақидаи ирфонӣ, то фано, яъне «фонӣ» нагардед, дар ин ҷода ба мақсад намерасед. Биноан, ӯ тахаллуси «Фонӣ»-ро пазируфт:
Ким бу дафтар назмидин кулли мурод,
Чунки мурҷеъ майли эрдию маод.
Мунда фоний булмай иш ӯлмас тамом,
«Фоний» андин топти назмим ихтимом.
Сабаби дуюм ин аст, ки шайхи маънавӣ – Фаридуддини Аттор ба мурғон ранҷ дода, онҳоро аз ҳафт водӣ мегузаронад, номи водии ҳафтум «Фано» буд.
Чектуруб қушларга кӯп ранҷу пано,
Сӯнги манзил бӯлди водии фано.
Сабаби сеюм ин буд, ки Навоӣ дар бисоти хеш тахаллуси «Фано»-ро дошт:
Гарчи бу икки таносуб бор эди,
Назмима ҳам бу тахаллус бор эди.
Дар «Лисон-ут-тайр» вожаи «фано»-ву «фонӣ» хеле зиёд мавриди корбурд қарор гирифтаанд. Сабаб ин аст, ки шоир хонандаро ба моҳияти ин вожаҳо омода месозад. Хонандаро бо мурғон ва қаҳрамони лирикӣ аз ҳафт водӣ – Талаб, Ишқ, Маърифат, Истиғно, Тавҳид, Ҳайрат ва Фақру фано мегузаронад.
Дар тасаввуф хатти ҳаракати суфӣ сарҳаде дорад. Дар «Лисон-ут-тайр» ин ҳад дар водии Фақру фано ба охир мерасад. Дар достон таҳти роҳбарии пири рамзӣ – Ҳудҳуд мурғон ба сӯйи Симурғ – рамзи Худои мутаол парвозкунон аз ҳафт водӣ мегузаранд, ки дар ҳар водӣ вазъи соликон – мурғон то расидан ба манзил тағйир меёбад, зеро онҳо тадриҷан ба водии фақру фано наздик мешуданд. Ҳар як водӣ пешорӯи соликон – мурғон як зина аст: Мурғон зина ба зина боло мераванд.
Агар мухтасар ифода кунем, дар водии Талаб хоҳиш пайдо мешавад, дар водии Ишқ дӯстдории Худо оғоз меёбад, водии Маърифат водии қаробат ба Ҳақ бошад, дар водии Истиғно дарк карда мешавад, ки ҳама баробаранд, дар водии Тавҳид ягонагии Ҳақ ба фаҳм мерасад, солик дар водии Ҳайрат ҳастии худро фаромӯш мекунад, дар водии Фақр фано мегардад, бо нестӣ рӯ ба рӯ мешавад...
Муҳаммад (с.а.в.) дар шаби Меъроҷ то қабати нӯҳуми осмон боло меравад. Таҳти раҳнамоии Ҷабраил (а) савори аспи Буроқ ба осмони 7-ум мерасад, Буроқи Ҷабраил дар осмони 8-уму 9-ум ба назар наменамояд. Расулуллоҳ дар ин ду осмон бо кумаки Рафраф танҳо парвоз мекунад.
Аттор дар «Мантиқ-ут-тайр» сафари мурғонро дар ҳафт водӣ дар ҳамин асос талқин менамояд. Дар «Мантиқ-ут-тайр» ва  дар «Лисон-ут-тайр» Ҳудҳуд рамзи пир мебошад. Дар Меъроҷ раҳнамои Муҳаммад (с.а.в-) Ҷабраил аст. Ин ҷо дар раҳнамоии Ҳудҳуд ва Ҷабраил (а.) шабоҳатест, Водии 7-ум водии Фақру фаност, ки суфӣ то ин водӣ мерасад. Сафар баъд аз водии Фақру фано танҳо насиби Муҳаммад (с.а.в.) гардидааст. Тибқи ин таҳлилҳо метавон гуфт, ки «Лисон-ут-тайр» мисли «Мантиқ-ут-тайр»  меъроҷномаест.
Мурғон ба водии Фақру фано мерасанд ва худро дар шакли сӣ мурғ (Симурғ) мебинанд. Бо ҳамин сужети асосии асар ба охир мерасад. Дар достон қаҳрамони лирикӣ низ дар баробари мурғон 7 водиро пушти сар гузошта, ба Худои мутаол муноҷот мекунад. Дар муноҷоти ӯ орзуи ба зинаи фақру фано расидан таҷассум ёфтааст. Фарқи «Лисон-ут-тайр» аз «Мантиқ-ут-тайр» дар он аст, ки дар поёни ҳар водӣ муноҷот омадааст. Дар асоси 7 муноҷот ва қисматҳои лирикӣ метавон гуфт, ки «Лисон-ут-тайр» муноҷотномаи ба худ хос низ ҳаст...
Дар «Лисон-ут-тайр» талқини мафҳуми фано ба такмили ғояи асосӣ – ишқ хидмат кардааст. Пас «Лисон-ут-тайр» достони ишқӣ низ ҳаст. Бино ба анъана онро бояд ба гурӯҳи ишқномаҳо ворид кард. Вале ин ишқ на ишқи заминӣ – муҳаббати як ҷинс ба ҷинси дигар аст. Зеро дар достон ғояи тавассути фано ба бақо ноил гардидан тарғиб карда мешавад. Мурғон соликонанд, Симурғ рамзи Худои мутаол бошад. Агар пеши назар орем, ки Навоӣ маънои асосии ҳаётро иборат аз ишқ донистааст ва аз нигоҳи ӯ Худои мутаол ду дунёро айнан барои ишқ офаридааст, чун ишқнома қабул кардани «Лисон-ут-тайр» осон мегардад...
Хулоса, тавассути «фано» ба «бақо» расидан масъалаи меҳварии «Лисон-ут-тайр» маҳсуб меёбад.

Султонмурод ОЛИМ,
номзади илмҳои филологӣ,
Ходими шоистаи фарҳанги 
Ӯзбекистон.

 

Сироҷиддин САЙЙИД,
Шоири халқии Ӯзбекистон


МИР АЛИШЕР


Зиндагиро навон Навоӣ аст,
Ранги шуҳрат дар он Навоӣ аст.

Гашт рӯшан ҷаҳони норӯшан,
Субҳи туркизабон Навоӣ аст.

Ҳаст рӯъёи панҷасрина
Даҳр, онро равон Навоӣ аст.
Ҳаст уммон, ки ибтидояш нест,
Ҳамчунон бекарон Навоӣ аст.

Мешавад дам ба дам бузург аз дӯш,
Мешавад нав-чунон Навоӣ аст.

Чун Ватан нест ҳеҷ поёнаш,
Чун Ватан ҷовидон Навоӣ аст.

Тарҷумаи ПАЙМОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: