Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба мақсади шинос шудан бо ҷараёни рушди минтақаҳо ва ҳаёти аҳолӣ 24 октябр ба вилояти Қашқадарё рафт.
Дар ҷараёни сафар роҳбари давлат бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимиву тиббӣ шинос шуд, бо сокинони маҳаллаҳо суҳбат кард.
Ҳаллу фасли масъалаҳои рушди минтақаҳо бевосита дар маҳал, дар асоси мулоқот бо мардум, ба омӯхтани фикру ақидаи аҳолӣ махсусияти ҷудонопазири сиёсатест, ки роҳбари давлат татбиқ менамояд.
Ҳадафи асосии сафарҳо ба минтақаҳо ин баланд бардоштани сатҳи ҳаёти деҳотиён, саноатикунонии ноҳияҳо, зиёд кардани ҷойҳои корӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ мебошад.
Ин махсусиятҳо дар ҷараёни сафар ба вилояти Қашқадарё, ки аз шиносоӣ бо корхонаи бофандагии кластери «Sulton Tex Group» оғоз ёфт, ошкор гардиданд.
Корхона соли гузашта дар асоси лоиҳаи арзиши умумиаш 8 миллиону 200 ҳазор доллар сохта, ба истифода супурда шуда буд. Ба шарофати технология ва таҷҳизоти замонавӣ иқтидори истеҳсолие, ки соле 5 миллион адад маҳсулоти дӯзандагӣ ва бофандагӣ истеҳсол карда метавонад, ба кор сар кард.
Он чиз боиси зикр аст, ки кластер содиротро мувофиқи раванди «маҳсулоти нав – кишвари нав» ба роҳ монд. Алҳол молҳои босифат пурра ба кишварҳое чун ИМА, Канада, Полша, Сингапур ва Русия содир карда мешаванд. Мувофиқан бинобар даромад ва самаранокии меҳнат нишондиҳандаҳои баланд ба даст меоянд. Дар тамоми силсилаи кластер – аз парвариши пахта то истеҳсоли маҳсулоти тайёр тақрибан 3 ҳазор нафар кор мекунанд.
Президент бо ҷараёни кори корхона шинос шуд. Муҳимияти чунин лоиҳаҳо барои иқтисодиёти минтақа ва шуғли аҳолӣ таъкид гардид. Ба шахсони масъул таъкид карда шуд, ки имкониятҳои соҳаро пурра истифода намебаранд.
– Фароҳам овардани шароити сазовори ҳаёт барои аҳолӣ, бахусус сокинони деҳот, бояд асоси ислоҳоти мо гарданд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Вилояти Қашқадарё дар кишвари мо аз ҳама бештар пахта мерӯёнад, вале ҳаҷми коркард ва ба маҳсулоти тайёр табдил додани ашё ба ин иқтидор мувофиқат намекунад. Агар тайёр кардан ва ранг молидани маҳсулот ба роҳ монда шавад, дар ноҳияҳо метавон барилова 60 ҳазор ҷавонон ва бонувонро бо кор таъмин кард.
Бо ин мақсад дар корхонаи «Sulton Styles» барномаи «20 ҳазор соҳибкор – 500 ҳазор мутахассиси соҳибтахассус» татбиқ мегардад. Мономаркази амалӣ ташкил карда, ба аҳолии бекор омӯзондани кори бофандагӣ ба роҳ монда шудааст. Ин ҷараёни дудавра аст: аввал ба занон истифодаи техника ва таҷҳизот, ҳамчунин қоидаҳои бехатарии корро дар корхона меомӯзонанд. Дар давраи баъдина онҳо ба мураббиён вобаста карда мешаванд ва донишу кори амалиро бевосита дар ҷойи кор аз худ менамоянд.
Дар ин ҷо ба роҳбари давлат лоиҳаҳои рушди сайёҳиро дар ноҳияҳои Шаҳрисабз, Китоб ва Қамашӣ муаррифӣ намуданд. Бинобар минбаъд инкишоф додани инфрасохтори деҳот, ба хатсайрҳои сайёҳӣ дохил кардани онҳо, вусъат додани манбаъҳои даромади сокинон супоришҳо дода шуданд.
Дар ҷараёни сафар роҳбари давлат бидуни нақша аз иттиҳодияи тиббии ноҳияи Қаршӣ боздид ба амал овард.
Муассиса солҳои 60-70-уми асри гузашта сохта шудааст. Беморхона барои 228 мизоҷ пешбинӣ гардида, поликлиника метавонад 250 нафарро қабул кунад. Ҳоли ҳозир вай ба 243 ҳазор сокинони ноҳия хидмат мерасонад. Вале шароити мавҷуда ба чунин фарогирӣ ва талаботи замон мувофиқат намекунад. Баъзе таҷҳизот ба бозсозӣ эҳтиёҷ доранд.
Президент аз шуъба ва палатаҳои тиббӣ боздид ба амал овард, вазъияти воқеиро муоина намуда, бо мизоҷон ҳамсуҳбат шуд.
– Мақсади сафари имрӯзаи мо ин беҳтар намудани ҳаёти 3,5 миллион аҳолии Қашқадарё, тезондани рушди саноат, хоҷагии қишлоқ, соҳаҳои иҷтимоӣ мебошад. Аз қарибии беморхона гузашта, ман қарор додам, ки вазъиятро дар беморхона бидонам. Вазъиятро шахсан дидану бо одамони одӣ суҳбат карда, қарор қабул намудан мақсади асоситарини ман аст. Агар тиббиёт ва таълим дар сатҳи зарурӣ амал кунанд, мардум розӣ мешаванд. Мо дар бисёр ҷойҳо беморхонаҳоро беҳтар кардем, вале вазъият дар ноҳияи Қаршӣ ба ман маъқул нест. Бо дарназардошти он ки имрӯз мушоҳида кардам, қарор шуд, ки дар ин ҷо беморхонаи нав сохта шавад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ба шахсони масъул супурда шуд, ки бинобар ҷой ва лоиҳаи маҷмӯи ояндаи тиббӣ таклиф пешниҳод намоянд. Онро бо замонавитарин таҷҳизот муҷаҳҳаз кунанд ва бо дорувори бемузд таъмин созанд. Гурӯҳи духтурон ва ҳамшираҳое, ки дар иттиҳодияи тиббии ноҳия кор мекунанд, барои такмили ихтисос ба хориҷа фиристода мешаванд. Маҷмӯи нави тиббӣ ҳамчунин маркази таълимиву амалӣ барои кормандони беморхонаҳои дигари ноҳия хоҳад шуд.
Дар ҷараёни боздид масъалаҳои баланд бардоштани иқтидори кадрҳо ва сифати хидматрасонии тиббӣ, ба тартиб андохтани ҳудуди беморхона низ баррасӣ шуданд.
Президент Шавкат Мирзиёев боздиди иншоотеро, ки дар барномаи сафар пешбинӣ нашудаанд, идома дод. Ташриф ба мактаби рақами 12-уми маркази ноҳияи Қаршӣ – шаҳри Бешкент низ ғайринақшавӣ буд.
Алҳол дар ин ҷо 1,4 ҳазор писарону духтарон таълим мегиранд. Ба онҳо зиёда аз сад омӯзгор дарс медиҳанд. Соли гузашта мактаб аз таъмири асосӣ баромад. Дар он омӯзондани як касб ва ду забони хориҷӣ ба роҳ монда шуд. Дар мактаб маҳфилҳои саводи компутерӣ, дӯзандагӣ, сохтмон ва ғайра амал мекунанд.
Роҳбари давлат ба синфхона ворид шуда, бо омӯзгорон ва толибилмон ҳамсуҳбат шуд, ба шароити мактаб, сифати китобҳои дарсӣ мароқ зоҳир намуд.
Алҳол дар тамоми мамлакат тайёрӣ ба мавсими зимистон ва чорабинӣ оид ба нишондани ниҳолҳо фаъолона идома дорад. Президент дар мисоли мактаби мазкур бо ҷараёни ин кор шинос гардид. Ба шахсони масъул вобаста ба таъминоти гармии иншооти соҳаи иҷтимоӣ, истифодаи технологияҳои сарфакунандаи энергия супоришҳо дода шуданд. Зарурияти нав кардани меъёрҳои сохтмони мактабҳо бо дарназардошти тамоми маҳакҳои вобаста ба иловаи инфрасохтор, амал ва сарфаи энергия қайд карда шуд.
Ба масъалаҳои кабудизоркунии ҳудуди атрофи мактаб дар доираи лоиҳаи «Мавзеи сарсабз» эътибори махсус дода шуд.
– Мактаб ин манбаи фарҳанг ҳам ҳаст. Омӯзгорон шахсоне мебошанд, ки ба дигарон бояд намуна шаванд. Агар атрофи мактаб обод ва гулҳои мавсимӣ нишонда шуда бошанд, ин барои ҷавонон ҳам тарбия, ҳам таконе баҳри пешрафт мегардад, – гуфт роҳбари давлат.
Президент Шавкат Мирзиёев дар рафти сафар ба минтақа аз маҳаллаи Ойдини шаҳри Қаршӣ боздид ба амал оварда, бо шароити ҳаёти аҳолӣ, корҳои ободонии ҳудуд ва тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон шинос гардид.
Дар ин ҷо тақрибан 11 ҳазор нафар зисту зиндагӣ доранд, ду муассисаи томактабӣ, як мактаби таълими ҳамагонӣ амал мекунанд. Соли равон боз се хонаи бисёрҳуҷра ба истифода супурда шуд.
Дар маҳалла соҳаҳои хидматрасонӣ, истеҳсоли матоъ ва ҳунармандӣ хуб инкишоф ёфтааст. Аз ҷумла, анқариб бист корхонаи савдо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва субъектҳои дигари соҳибкорӣ амал мекунанд. Дар онҳо сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла ҷавонон машғуланд.
Соли равон дар маҳалла дусад нафар бекор бо кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гардиданд. Тақрибан ҳамин қадар шаҳрвандон аз тариқи мономарказҳои «Ишга марҳамат» ва дигар муассисаҳои ғайридавлатии таълимӣ омӯзонида шуданд. 191 нафари онҳо ба сифати шахси дорои кор ба қайд гирифта шудаанд.
Намояндагони маҳалла ба Президент дар бораи тағйироти ҳаёти мардум ҳикоя карданд. Пештар ба хонаҳои бисёрҳуҷра чаҳор ҷамоати ғайрисамарабахш хидмат мекарданд, дар соҳаи коммуналӣ мушкилоти зиёде ҷой доштанд. Баъди ташкил намудани ширкати хидматрасонии «Ойдин» сифати кор беҳтар шуд.
Пеш аз мавсими тирамоҳу зимистон бобати тайёр кардани хонаҳои бисёрошёна чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Чунончи, болопӯши даҳ хона таъмир гардид, корҳои пӯшиши низоми гармкунӣ иҷро шуданд.
Ҳудуди маҳалла кабудизор гардида, дар доираи лоиҳаи «Мавзеи сарсабз» беш аз шаш ҳазор ниҳолҳои дарахтони мевадор ва манзаравӣ нишонда шуданд. Роҳҳо асфалтпӯш гардида, чароғҳо устувор карда, ду километр пайроҳаи пиёдагард гузошта шуд.
Роҳбарияти шаҳри Қаршӣ, «ҳафтгона»-и маҳалла дар бораи корҳои анҷомёфта маълумот доданд.
Тавре ки маълум аст, тамоми чорабиниҳои иҷтимоӣ дар кишвари мо дар маҳаллаҳо бо ҷалби фаъоли сокинон ташкил карда мешаванд. Ин низом зина ба зина инкишоф меёбад, ба намояндагони он ваколат ва имкониятҳо торафт бештар пешниҳод карда мешаванд. Дар низом, ки аз раиси маҳалла, ёвари ҳоким, фаъоли занон, пешоҳанги ҷавонон ва инспектори оид ба профилактика иборат мебошад, ходими мақомоти андоз ва корманди хидмати иҷтимоӣ илова мегардад, ки якҷо «ҳафтгона»-и маҳалларо ташкил менамояд. Аз ибтидои соли оянда низоми буҷаи маҳалла пурра ба кор медарояд. Дар ихтиёри ҳар як маҳалла то 100 миллион сӯм маблағ хоҳад буд. Ҳамчунин се платформаи мавҷуда – «Онлайн – маҳалла», «Бонувон», «Сомонаи ҷавонон» бо якдигар ҳамҷиҳат ва муттаҳид мегарданд.
Президент зарурияти самарабахш истифода бурдани ин ваколатҳои васеъ ва маблағҳоро баҳри ҳаллу фасли мушкилоти рӯзмарраи маҳаллаҳо таъкид кард. Муҳимияти ҷалби одамон ба соҳибкорӣ, касбомӯзонӣ ва баланд бардоштани даромади занон, ба роҳ мондани чорабиниҳои фарҳангӣ ва озмунҳо барои ҷавонон қайд карда шуд.
Шавкат Мирзиёев меҳмони сокини маҳалла Дилшод Набиев гардид. Роҳбари хонавода бо соҳибкорӣ машғул аст. Якҷо бо ҳамсараш Хурриятхон ду фарзандро тарбия мекунад. Онҳо дар бораи натиҷаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва шароити барои кӯдакон фароҳамовардашуда, ки дар кишвари мо эътибор дода мешавад, ҳарф заданд.
Президент ҳамчунин маркази нави маҳалла, нуқтаҳои хидматрасониро муоина кард. Бо куҳансолон ҳамсуҳбат гардид.
Дар шаҳри Қаршӣ сохтмони бахши минтақавии Маркази махсуси илмиву амалии тиббии ҷумҳуриявии саломатии модару кӯдак анҷом меёбад. Дар ҷараёни сафари худ Президент ба ин муассиса ташриф овард.
Мувофиқи қарои роҳбари давлат «Дар бораи чорабиниҳо бобати ҳифзи саломатии модару кӯдак, таҳкими саломатии репродуктивии аҳолӣ» аз 8 сентябри соли равон дар пойгоҳи Маркази махсуси илмиву амалии тиббии акушериву гинекологии ҷумҳурӣ, маркази ҷумҳуриявии саломатии репродуктивии аҳолӣ ва маркази ҷумҳуриявии скрининги модару кӯдак аз тариқи муттаҳид сохтани онҳо Маркази махсуси илмиву амалии тиббии саломатии модару кӯдаки ҷумҳуриявӣ ташкил карда мешавад. Мувофиқи қарор ҳамчунин кушоиши боз 14 бахши минтақавии маркази нав пешбинӣ гардидааст.
Бахши вилояти қашқадарёӣ аз ҷумлаи аввалин марказҳои соҳавии республика гардид, ки ба тамоми талабот ҷавобгӯ мебошад.
Дар ҳудуди маҷмӯъ, ки тақрибан чаҳор гектарро ишғол менамояд, бинои замонавӣ бунёд карда шуд. Тамоми шуъбаҳо бо таҷҳизоти навтарини техникаи тиббӣ муҷаҳҳаз шуданд. Бинобар миқёс ва сатҳи таҷҳизот марказро метавон дар байни муассисаҳои дигари тиббии вилоят пешоҳанг номид.
Дар ин ҷо маркази перинаталии вилоятии дорои 200 кат, таваллудхонаи шаҳрӣ барои 200 кат, скрининг-марказ барои қабули 50 нафар ва маркази репродуктивӣ барои қабули 50 кас ҷойгир шудаанд. Барои кумаки махсуси тиббӣ расондан ба занони синни таваллуд, ҳомила ва навзод дар як маҷмӯъ имконият фароҳам оварда шудааст. Пас аз кушода шудани марказ дар ин ҷо ним ҳазор ходимони тиббӣ метавонанд фаъолият дошта бошанд.
Роҳбари давлат бо шароит ва имкониятҳои марказ ошно гардид, бинобар баланд бардоштани ихтисоси духтурон дар ҳамкорӣ бо Олмон, Белорус ва кишварҳои дигар, ҷорӣ намудани усулҳои пешқадами ташхису табобат фармоишҳо дод. Дар оянда марказ метавонад зиёда аз 8 ҳазор занонро бо ҷараёни паталогии ҳомила қабул намояд, ин имкон медиҳад, ки ҳаёти бисёр навзодон ҳифз гардад.
Марказ ҳамчунин 42 намуди тартиботи каминвазивнӣ ва лапароскопиро татбиқ мекунад, аз ҷумла тубэктомия, систэктомия, миомэктомия ва вентрофиксатсияро. Хидматҳои кумак ба духтарони наврас, ҳифзи саломатии репродуктивии занон, тайёрӣ ба модаршуди саломат, ҷараёни ҳомила, скрининг, қабули таваллуд ва назорати баъди таваллуди модарону кӯдакон дар як ҷо муттаҳид карда мешаванд.
Марказ ҳамкории мунтазамро бо зиёда аз 860 акушер дар маҳал ба роҳ мемонад. Занони ҳомила ва занони синни таваллуд дар тамоми ноҳияҳои вилоят ба пойгоҳи ягонаи маълумоти электронӣ фаро гирифта мешаванд. Робита бо кабинетҳои машваратии занон дар ҳабдаҳ поликлиникаи марказӣ ва ҳаждаҳ маҷмӯи таваллудхонаҳои вилоят ба роҳ монда хоҳанд шуд.
Ҳангоми ошкор шудани омили хатар нисбати занон марказ онҳоро ба табобат мефиристад ва дар зарурат ба муассисаҳои тиббии сатҳи ҷумҳуриявӣ интиқол мекунад. Марказ ҳамчунин дорои воситаҳо барои гузаронидани тадқиқоти моликулярии генетикии навхонадорон, синну соли ҳомила ва таваллуд, ҳамчунин навзодон мебошад. Навзодоне, ки дар онҳо бемориҳои сироятӣ ошкор мешаванд, бо дорувор ва хӯроквории махсус таъмин карда хоҳанд шуд.
Алҳол дар тамоми мамлакат корҳои тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон идома доранд. Шабакаҳои коммуналӣ таъмир мегарданд, корхонаҳои таъминоти гармӣ бозсозӣ мешаванд.
Дар ҷараёни сафараш ба Қашқадарё Президент Шавкат Мирзиёев ба дегхонаи нави марказии корхонаи давлатии унитарии «Иссиқлик манбаи»-и шаҳри Қаршӣ рафт.
Ин маҷмӯъ иқтидори коркарди 12 Гкал гармӣ дорад, дар ин ҷо се дегхонаи иқтидори ҳар кадомаш 14 МВт, ки аз Туркия оварда шудаанд, устувор гардидаанд. Аз ин ҳисоб имконияти соле сарфа намудани 1,7 миллион метри мукааб гази табиӣ фароҳам меояд.
Дар ҷараёни сохтмони дегхона ба он нақли ғулбаи шашкилометра васл карда шуд, гармибадалкунакҳо ба низоми махсус оварда, аз гумшавӣ ҳифз карда шуданд. Ба истифода супурдани маҷмӯи мазкур зиёда аз ним ҳазор ҳуҷраро дар 38 хонаи бисёрошёна ва се иншооти иҷтимоиро бо оби гарм ва гармӣ таъмин менамояд.
Роҳбари давлат ба шахсони масъул супориш дод, ки тайёриро ба зимистон босифат гузаронанд, таъминоти энергетикӣ ва гармиро ба эътидол оваранд, маданияти истифодаи эҳтиёткоронаро баланд бардоранд.
Шавкат Мирзиёев ҳамчунин аз маҳаллаи Наво, ки дегхона дар он ҷо ҷойгир шудааст, боздид ба амал овард.
Сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Қашқадарё идома дорад.
Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
Икром АВВАЛБОЕВ,
Ӯлмас БАРОТОВ,
хабарнигорони ӮзА.