Раиси мӯҳтарам ҷаноби Вӯлкан Бозкир!
Раиси мӯҳтарам ҷаноби Вӯлкан Бозкир!
Муҳтарам Котиби генералӣ, ҷаноби Антонио Гутерриш!
Мӯҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Хонумон ва ҷанобон!
Иҷлосияи ҳафтоду панҷуми Ассамблеяи Генералӣ бори аввал дар таърихи Созмони Милали Муттаҳид бо сабаби пандемияи коронавирус дар шакли комилан нав - онлайн баргузор мешавад.
Дар тӯли сад соли охир ягон офати сайёра ба ин дараҷа рух надода буд. Он осебпазирии тамоми инсониятро дар назди чунин таҳдидҳои ҷаҳонӣ нишон дод. Вазъияти ҳозираи душвор ва пуршиддат робитаи мутақобилаи ҳамаи давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон, аҳамияти махсуси муколамаи доимӣ, эътимод ва ҳамкории зичро собит кард.
Ҳамаи мо зарурати муттаҳид сохтани кӯшишҳои ҳукуматҳо, парлумонҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими принсипҳои масъулияти муштарак, ҳамоҳангии зич дар рушди шарикии байналмилалӣ, баланд бардоштани мақом ва потенсиали Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва васеъ намудани ваколатҳои онро амиқан дарк кардем.
Ҳадафи мо якҷоя ташаккул додани низоми одилонаи ҷаҳонӣ мебошад, ки ҳуқуқ ва озодиҳо, саломатӣ ва некӯаҳволии ҳар як инсонро таъмин менамояд.
Дар ин робита, мо ташаббус нишон медиҳем, ки таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид Кодекси байналмилалии ӯҳдадориҳои ихтиёрии давлатҳо дар давраи пандемия таҳия карда шавад. Ин санад бояд ӯҳдадориҳои ҳар як давлатро дар назди шаҳрвандон ва шарикони байналмилалии худ инъикос намояд.
Хонумон ва ҷанобон!
Аз рӯзҳои аввали ошкор шудани COVID-19 дар Ӯзбекистон, мо тамоми қувва ва захираҳои худро барои муқовимат бо паҳншавии ин бемории хатарнок ва аз ҳама муҳимаш, наҷот додани ҳаёти одамон равона кардем.
Бо мақсади нарм гардондани оқибатҳои манфии пандемия дар кишвар системаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳифзи саломатӣ ба таври ҷиддӣ мустаҳкам карда шуда, ба аҳолӣ, соҳаҳои иқтисодиёт ва соҳибкорӣ кӯмаки мақсаднок расонида мешавад. Барои ин фондҳои махсус таъсис дода шудаанд.
Бо истифода аз фурсат, ман мехоҳам ба ҳамаи дӯстон ва шариконамон, ки дар рӯзҳои озмоиш ба мо кӯмаки беғаразона расонданд, миннатдории самимии худро изҳор намоям.
Мо тамоми кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонро, ки ба самаранок мубориза бурдан бо пандемия, аз ҷумла коркард ва истифодаи васеи доруҳо ва ваксинаҳои зарурӣ нигаронида шудаанд, комилан дастгирӣ мекунем.
Мо инчунин пешниҳоди Котиби генералӣ ҷаноби Антонио Гутерришро дар бораи баргузории саммит оид ба масъалаҳои мубрами амнияти озуқаворӣ дар шароити бӯҳрони давомдор дастгирӣ мекунем.
Мӯҳтарам иштирокчиёни иҷлосияи Ассамблеяи Генералӣ!
Се сол пеш, ман аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид, азми қатъии Ӯзбекистонро барои гузаронидани ислоҳоти куллӣ эълом доштам.
Дар натиҷаи тадбирҳои васеъмиқёси навсозии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ Ӯзбекистони нав ташаккул меёбад. Имрӯз, дигаргуниҳои демократӣ дар мамлакати мо хусусияти бебозгашт пайдо намуданд.
Интихоботи парлумонии соли гузашта баргузоршуда афзоиши фаъолияти сиёсии аҳолӣ ва ҳизбҳо, нақши институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъсири васоити ахбори оммаро нишон дод.
Сиёсати гендерӣ барои мо масъалаи афзалиятнок шудааст. Нақши занон дар идоракунии давлатӣ меафзояд. Шумораи занҳои депутат дар парлумони нав ду баробар афзуд.
Вазъи кор дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба куллӣ тағйир ёфт. Меҳнати маҷбурӣ ва кӯдакон решакан карда шуд. Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон қабул карда шуд.
Тибқи даъвати Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиш додани шумораи шахсони бешаҳрвандӣ, танҳо соли равон ба 50 ҳазор ҳамватанони мо шаҳрвандии Ӯзбекистон дода шуданд.
Вазъи таъмини озодии виҷдон ва эътиқод дар кишвар ба куллӣ беҳтар шуд. Вазифаи муҳимтарини мо таҳкими минбаъдаи ҳамоҳангии байни миллатҳо ва таҳаммулпазирии байни мазҳабҳо мебошад.
Пайваста ислоҳоти васеъмиқёс ба амал бароварда мешаванд, ки ба таъмини
мустақилияти ҳақиқии мақомоти суд ва волоияти қонун нигаронда шудааст.
Муборизаи оштинопазир бар зидди коррупсия ба сатҳи нав бардошта шуд. Дар ин самт як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим қабул карда шуданд, сохтори мустақил – Агентии мубориза бо коррупсия таъсис дода шуд.
Дар мамлакати мо ислоҳоти иқтисодӣ босуръат идома дорад. Бори аввал мо ошкоро изҳор кардем, ки тасмими худро барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дорем. Мо ба ин тавассути рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои кории иловагӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва муҳити соҳибкорӣ, бунёди инфрасохтори замонавӣ, омӯхтани касбу ҳунарҳои нав ва расонидани кӯмаки манзилноки иҷтимоӣ ноил мешавем.
Дар мамлакати мо, ки зиёда аз нисфи аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, барои ба даст овардани он, ки ҳар як ҷавон дар ҷомеа ҷойгоҳи сазовор ишғол намояд ва имкониятҳои худро дарк намояд, корҳои зиёде ба анҷом расонида мешаванд. Дар Ӯзбекистон парламентҳои ҷавонон ва Агентии кор бо ҷавонон фаъолият нишон медиҳанд.
Моҳи август таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид Форуми байналмилалии ҳуқуқи ҷавонон дар Самарқанд бомуваффақият баргузор гардид.
Бо истифода аз ин фурсат, ман бори дигар шуморо даъват мекунам, ки ташаббуси Ӯзбекистонро дар бораи қабули Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи ҷавонон дастгирӣ кунед.
Ғайр аз он, бо назардошти афзоиши нақши парлумонҳо дар ҳалли мушкилоти муосири иҷтимоӣ, мо пешниҳод менамоем, ки қатъномаи махсуси Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба баланд бардоштани нақши парлумонҳо дар расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва таъмини ҳуқуқҳои инсон қабул карда шавад.
Дӯстони азиз!
Айни замон дар минтақаи Осиёи Марказӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоянд. Дар муносибатҳои байни давлатҳо мо тавонистем фазои ҳамсоягии нек ва эътимоди тарафайн, дӯстӣ ва эҳтиромро фароҳам орем.
Муваффақияти умумии мо мулоқотҳои машваратии мунтазами сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки ташаббуси баргузории он бори аввал дар иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии СММ ба миён омадааст.
Дар тӯли чор соли охир ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ байни Ӯзбекистон ва давлатҳои ҳамсоя тақрибан панҷ маротиба афзуд.
Дар ин замони барои ҳама душвор давлатҳои мо аз якдигар дур нашуданд, балки ҳамдигарро дастгирӣ карданд.
Имрӯзҳо дар назди кишварҳои Осиёи Марказӣ вазифаи муҳими стратегӣ – таъмини ҳамгироии амиқи минтақаи мо ба долонҳои ҷаҳонии иқтисодӣ, нақлиётӣ ва транзитӣ қарор дорад.
Ба ин муносибат мо пешниҳод менамоем, ки дар назди Созмони Милали Муттаҳид Маркази минтақавии рушди алоқаи нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ таъсис дода шавад.
Дар ҳоли ҳозир дар Осиёи Марказӣ ҳамкориҳои судманд дар соҳаи таъмини амният тақвият меёбанд. Стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ бомуваффақият татбиқ карда мешавад.
Мо пешниҳод менамоем, ки бахшида ба натиҷаҳои бадастомада ва дурнамои ҳамкориҳо дар доираи Нақшаи муштараки минтақавӣ оид ба татбиқи Стратегияи мазкур, ки 10 сол қабл қабул шудааст, Конфронси байналмилалӣ баргузор карда шавад.
Тавре ки шумо медонед, мероси чандинасраи фарҳангӣ ва маънавии минтақаи мо аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Мо омодаем, ки дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО соли 2021 Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ» -ро дар шаҳри бостонии Хива баргузор намоем.
Мӯҳтарам иштирокчиёни иҷлосия!
Мо Афғонистонро ҳамчун як ҷузъи ҷудонопазири Осиёи Марказӣ мешуморем. Конфронси сатҳи олии Тошканд оид ба Афғонистон, ки моҳи марти соли 2018 баргузор гардид, марҳилаи нав дар сафарбар намудани саъйи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилоти Афғонистон буд.
Мо музокироти сулҳи байни нерӯҳои сиёсии Афғонистонро, ки моҳи сентябри соли равон дар Доҳа оғоз ёфт, комилан дастгирӣ мекунем. Мо изҳори умедворӣ мекунем, ки ин музокирот ба барқарории сулҳу субот дар хоки бисёрҷафодидаи афғон мусоидат хоҳад кард.
Бо мақсади иштироки фаъолонаи Афғонистон дар равандҳои ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ, мо ба татбиқи чунин лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, ба мисли сохтмони хати интиқоли барқи Сурхон-Пули-Хумрӣ ва роҳи оҳан аз Мазори Шариф то бандарҳои Уқёнуси Ҳинд шурӯъ кардем.
Ба андешаи мо, масъалаҳои истиқрори сулҳ ва субот дар Афғонистон бояд дар маркази таваҷҷӯҳи Созмони Милали Муттаҳид боқӣ монад.
Танҳо бо талошҳои муштарак ва ҳамкории зич метавон умеди мардуми афғонро амалӣ кард. Аз рӯи принсипи «Аз ноустуворӣ ва харобӣ – ба сулҳ ва бунёдкорӣ” амал кардан муҳим аст. Ба ин муносибат дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъсиси кумитаи доимӣ мувофиқи мақсад аст, ки андеша ва орзуҳои ин мардуми ҷафокашидаро бишнавад. Вазифаи асосии ин кумита бояд саҳмгузорӣ дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон бошад.
Мӯҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо!
Боз як мушкилоти шадиди замони мо тағирёбии глобалии иқлим аст. Имрӯзҳо ҳар як кишвар таъсири харобиовари ин равандро ҳис мекунад. Мутаассифона, ин тағйироти манфӣ барои рушди устувори Осиёи Марказӣ таҳдиди ҷиддӣ доранд.
Мехостам бори дигар диққати шуморо ба оқибатҳои фалокатовари хушкшавии баҳри Арал ҷалб намоям. Минтақаи баҳри Арал ба маркази фалокати экологӣ табдил ёфтааст. Бо мақсади беҳтар кардани вазъи кунунӣ, мо корҳои азимеро барои ташаккули манзараи нав, ҷангалзорҳо ва қабати хок дар майдони 2 миллион гектар анҷом медиҳем.
Бо ташаббуси мо барои минтақаи баҳри Арал Фонди эътимодбахши трастии СММ оид ба бехатарии инсон таъсис дода шуд. Умедворем, ки ин Фонд минбари боэътимоди кӯмаки амалии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба аҳолии минтақае хоҳад буд, ки дар қаламрави дорои вазъияти душвори экологӣ зиндагӣ мекунанд.
Мо пешниҳод менамоем, ки қатъномаи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ дар бораи минтақаи навовариҳо ва технологияҳои экологӣ эълон кардани минтақаи баҳри Арал қабул карда шуда, рӯзи қабули ин санади муҳим ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифз ва барқарорсозии системаҳои экологӣ эълон карда шавад.
Хонумон ва ҷанобон!
Дар хотима мехоҳам таъкид намоям, ки пойдории ноустуворӣ дар қисматҳои гуногуни ҷаҳон, афзоиши зиддиятҳо ва зӯроварӣ, офатҳои экологӣ ва дигар таҳдидҳои замони мо мушкилоти ҷаҳонии бенавоӣ ва қашшоқиро шадидтар мекунад.
Ин мушкилот дар давраи пандемия якбора афзоиш ёфтанд. Тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамаи мо бояд аз «садои камбизоатӣ», ки имрӯз ҳатто қавитар садо медиҳад, дар хавотир бошем.
Вобаста ба ин мо пешниҳод менамоем, ки мушкилоти решакан кардани камбизоатӣ ва мубориза бо бенавоиро ҳамчун яке аз мавзӯъҳои асосии иҷлосияи қарибулвуқӯи Ассамблеяи Генералии СММ муайян намуда, инчунин бахшида ба ин масъалаҳо Ҳамоиши глобалӣ баргузор карда шавад.
Дӯстони азиз!
Барои ҳамаи мо аён аст, ки манзараи иҷтимоию иқтисодии ҷаҳон пас аз пандемия комилан дигар хоҳад буд.
Мо бояд дар ҳамкории зич дар асоси муносибатҳои нав нисбати таҳдидҳои умумӣ ба амният ва рушди устувор кор кунем.
Нақши Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун сохтори марказии ҳамоҳангкунандаи байналмилалӣ бояд боз ҳам тақвият дода шавад.
Ӯзбекистон ҳамеша ба ҳамкории васеъ ва мутақобилан судманд бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ва муколамаи амалӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он омода аст.
Ташаккур барои эътибор.