Дар Боғи ҷавонон ниҳолҳои аввалин нишонда шуданд

Роҳбари давлати мо дар Боғи ҷавонон, ки дар ноҳияи Сергелии пойтахт бунёд меёбад, ниҳол нишонд.

Тавре ки маълум аст, бо ташаббуси Президент аз соли 2021 лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» татбиқ мегардад. Аз ҷумла, барои беҳтар кардани вазъи экологӣ «хати сабз»-и Тошканд барпо карда мешавад. Боғи ҷавонон қисми муҳими он хоҳад шуд.

Ба роҳбари давлат дар бораи лоиҳаи боғ маълумот дода шуд. Масоҳати он аз 75 гектар зиёд буда, бинобар ҳудудаш баъд аз хиёбони «Ӯзбекистони Нав» дар ҷойи дуюм қарор хоҳад дошт.

Боғ ба ҳафт минтақаи бузург тақсим мешавад. Дар майдони марказӣ барои маҷлисҳои гуногун майдончаҳо сохта хоҳанд шуд, дар ҳамин ҷо амфитеатр барои ҳазор тамошобин, минтақаи таомҳои миллӣ ва хориҷӣ сохта мешаванд.

Ҷойҳои махсус барои хӯрокхӯрӣ дар ҳавои кушод ва машғулиятҳои фароғатӣ бунёд мегарданд. Фаввораҳои мусиқӣ, кинотеатри таҳи осмони кушод, намоишгоҳи санъат ва мавзеъҳои шодмонӣ бунёд мегарданд. Барои кӯдакон ва бачагон майдончаҳои варзишиву бозӣ, саҳнаҳои рамзии афсонаҳои машҳур, устохонаву китобхонаҳо муҷаҳҳаз карда хоҳанд шуд. Кӯли сунъӣ, ҳавзи қаиқронӣ ва шиноварӣ, ҷой барои моҳидорӣ тамошобинонро хурсанд карда метавонанд.

Дирӯз дар боғ бо иштироки ҷомеаҳои Тошканд, муассисаҳои давлатӣ ва ҳайатҳои дипломатӣ, ҳамчунин ҷавонон ниҳоли дарахтони аввалин нишонда шуданд.

Президент бо сармоягузорон ва лоиҳакашоне, ки дар бунёди он иштирок кардаанд, ҳамчунин бо дипломатҳои хориҷӣ суҳбат кард.

– Халқи мо аз қадимулайём ба ниҳолшинонӣ одат кардааст. Амир Темур дар атрофи Самарқанд боғҳои зебо бунёд карда, шаҳрҳои дигарро низ обод намудааст. Мо ин корро идома медиҳем, то сазовори гузаштагони бузурги худ бошем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Роҳбари давлат бо ҳамватаноне, ки ба ин ҷо омадаанд, ҳамсуҳбат шуд, онҳоро бо ҷашни Наврӯз муборакбод кард.

Дар боғ дар навбати аввал зиёда аз ҳазор ниҳоли дарахтони шоҳбулут, заранг, чинорҳои шарқӣ, магнолия, туя, ҳамчунин буттаю гулҳо нишонда хоҳанд шуд. Баъди анҷом ёфтани иҷрои лоиҳа миқдори онҳо ба 20 ҳазор адад мерасад.

Хусусияти дигари боғ бунёди манзараи табиӣ ва минтақаҳои ҷангаливу экзотикии он мегарданд. Пас аз ба истифода супурдани он дар ин ҷо зиёда аз 350 ҷойҳои корӣ муҳайё хоҳанд шуд.

Алҳол чорабиниҳо бобати нишондани ниҳоли дарахтон дар минтақаҳо низ  амалӣ мешаванд. Умуман дар майдони 347 гектар ҳудудҳои сабз бунёд шуданд, 187 боғи вазорат ва ҳокимиятҳо ташкил гардиданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: