Президенти Ўзбекистон аҳамияти рушди минбаъдаи ҳамкории сармоягузориро бо АМА қайд кард

Дар чаҳорчӯби барномаи кории сафар дар шаҳри Дубай Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 декабр ҳайати ширкатҳои бонуфузи Аморати Муттаҳидаи Арабро таҳти сарварии вазири сармоягузорӣ, директори иҷроияи холдинги «ADQ» Муҳаммад Ҳасан ал-Сувайдӣ ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот роҳбарони ширкатҳои бонуфузи аморати «TAQA» Ҷасим Ҳусейн Табет ва «Masdar»  Муҳаммад Ҷамил ал-Рамаҳӣ низ ширкат доштанд.

Масъалаҳои дастгирӣ ва пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуданд. Рушди босуръати ҳамкориҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.

Неруи пешбаранда ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, ки суръат пайдо мекунанд, мебошад. Дар ин самт зимни сафар бо ширкати «Masdar»  Созишномаи шарикии стратегӣ ба имзо расид.

Дар хотимаи мулоқот сарвари давлатамон ба сардиректори иҷроияи «Masdar» Муҳаммад Жамил ал-Рамаҳӣ мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – “Дўстлик”-ро барои саҳми шахсиаш дар рушди муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Аморат супурд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: