(Ҳикояҳои ҳаҷвӣ)
Диёру Ҳушёр дар ин шаҳри мусофирӣ маҷоли роҳ гаштан надоштанд. Зеро дирӯз дар автобуси мусофиркашон кисабурҳо ҳамёни ҳардуро дуздида холӣ карда буданд.
Диёр ба Ҳушёр рӯ оварда илтиҷоомез лаб кушод.
– Дар умрат ягон маротиба гадоӣ карда будӣ? Бо ин аҳвол аз по меафтем.
– Гадоӣ?! Аз гушнагӣ мурам мемурам, лекин гадоӣ намекунам.
– Аз дасти ман ҳам ин кор намеояд, – лабханд кард Диёр, вақте ки дар бозори деҳқонӣ дар шафати нишоллофурӯш андак таваққуф карданд. Ва ин дам чашми Ҳушёр мош барин кушода шуд. Ӯ гӯё як кӯза тилло ёфта бошад, шоду бод ба Диёр рӯ овард.
– Ҷӯра, дар ҳамин ҷо бардурӯғ даст ба гиребон мешавем ва ту бо «ҷаҳл» ба буни гарданам мефурорӣ. Лекин зинҳор аз таги дил назан.
– Барои чӣ?
– Баъд мефаҳмӣ!
Ҳар ду ҷӯра даст ба гиребон шуданд, дашномҳои кӯчагиро ба забон оварданд ва ниҳоят Диёр ба буни гардани Ҳушёр зад. Ва Ҳушёр ба болои тағораи нишолло афтид. Ду дасташ ба таги тағораи нишолло бархӯрду ду мушташро пур кард. Ба болои ин то бехи ду дасташ нишолло часпид. Ӯ бо азобе ду дасташро аз лаган кашида гирифту ба Диёр ало-ало нигоҳ карда:
– Гурез мегӯям, вагарна...
Диёр гурехт. Ҳушёр аз қафои ӯ давид. Ҳар ду ба як гӯшаи дуртар аз бозор расида, Диёр дасти росту Ҳушёр дасти чапашро бо иштиҳои қозгир мелесиданд.
– Диёр, – гуфт Ҳушёр лунҷаш пури нишолло. – Ҷонам даромад.
– Ман ҳам. Саҳнаи аҷоиб шуд-а...
– Хайрият сахт назадӣ, – табассум мекард Ҳушёр, – дар ноомади кор каллаам ҳам ба тағораи нишолло меғӯтид, нафастанг шуда, мемурдам.
Соҳиби нишолло магар аз таги гап хабар ёфт, ки дар даст кафгир ҷониби Диёру Ҳушёр бошитоб меомад.
Ҳушёр ҳаросон ба Диёр рӯ оварда:
– Акнун қуввата ба ду по деҳ, – гуфт омирона.
Ва ҳар ду ба тангкӯчаҳо даромада, аз назари соҳиби нишолло ғайб заданд.
– Аз якуним кило нишолло ҷудо шудам, – зери лаб, вале бо ғазаб мегуфт нишоллофурӯш баъди пайи ҷангараҳоро гум кардан.
ҲАЙФИ ИНСТИТУТХОНӢ
Соатҳои се-чори шаб мошини бензинкашонии Ҷумъаака аз деҳа баромада, ҷониби маркази ноҳия мешитофт. Дар кабина ғайр аз ронанда боз се нафар донишҷӯ менишастанд.
Дар болои мошин, дар шафати баки бензин низ чор-панҷ кас ҷо гирифта буданд. Ҳавои сарди охирҳои моҳи декабр лабу лунҷи донишҷӯёнро бераҳмона мелесид. Гӯё сӯзан мезад ба афту андоми онҳо. Чӣ илоҷ, дигар нақлиёт нест, ки то маркази ноҳия расанд.Ҷумъаака баъди соате ба китфи Толиб тап-тап зада, гуфт:
– Ман понздаҳ-бист дақиқа хоб равам, кифоя. Ту дар паси рул шин. Ба ҳар ҳол мегӯянд, ки ту дар институти баобрӯ мехонӣ. (Толиб дар факултаи таърих мехонд). Азбаски ӯ гоҳ-гоҳ дар деҳа велосипед ва мотосикл ҳай мекард, илтимоси Ҷумъаакаро дар замин намонд. Толиб дар паси рул нишаст. Мошин баъди дар роҳи пасту баланд чор-панҷ километр масофаро тай намудан дар яке аз хамгаштҳои роҳ нохост аз роҳ баромад ва баланд-баланд хез зада, ба чуқурие афтиду нафасаш ба дарун зад.
– Ин чӣ кори кардагиат! Ҷумъаака чашм кушод. – Чӣ, чашмат кӯр аст?!
Толиб гунаҳкорона сар хам кард.
– Фуро, аз кабина! – дод зад Ҷумъаака. – Ту дар институт мехонӣ-а?! Чиро ёд медиҳанд дар вай институт. Ҳайфи институтхонӣ!?
ҚАЛАМФУР
Ҳошим ба анборхона даромада, аз ҷувол як табақ ғӯлинг гирифту бо оби хунук шуст ва аз рӯйи одат, ба болояш оби ҷӯш андохту боз ба анборхона баргашта, як пиёла қаланфур оварда, ба ғӯлунгоба омехт. Зеро дигар чора надошт. Охир, ду рӯз боз ғӯлунгобаи тайёркардаашро ким-кӣ, шояд зану писараш, ё худ набераю келинаш мехӯранд. Дуздро бояд ёбад.
Баъд боз ба нова равон шуд. Дар ду-се соат аз бодом ва хори хушк як хар ҳезум тайёр кард. Пешонаи арақшорашро бо кафи даст пок карда, аз дунболи хар ба роҳ даромад, кадом як ғазали кӯҳнаро зери лаб месароид...
–... Ҳезумро фурор! – амр дод ба ҳамсараш Мастура. Ва нохост ба рӯйи занаш чашмаш афтида:
– Барои чӣ лабу лунҷат варам, ду бари рӯят монанди арақхӯрҳо суп-сурх! – гуфт ба худ қиёфаи ҷиддӣ гирифта.
– Не-е.
– Рав, худатро дар оина бин. Аз афту ангорат саг ҳам ҳазар мекунад.
– Тамоми аъзои баданам дармегирад. Соате пеш аз он ғӯлингобаатон хӯрда будам. Кадоме ба ғӯлингоба заҳр андохтагӣ барин. Метарсам, ки мурда монам.
– Дузд ёфт шуд, муттаҳам!.. Баъд натарс, намемурӣ, аз қаланфурхӯрӣ пойи ягон кас дароз нашудааст.
– Худатон қаланфур андохта будаед-дия?!
– Ду рӯз пайи ҳам ғӯлингобаро хӯрдӣ ва боз бо нияти ба чашмам хок пошидан, барои чӣ ба тағора об рехтӣ?! Гум шав, аз назарам!..
Бекназар ТӮЙНАЗАР