ВАТАНИ АФАНДӢ КУҶОСТ?

“Афандӣ”-и кӯниёӣ

“Афандӣ”-и кӯниёӣ

Моҳи июни соли 2019 истиқболи иди Рамазон дар шаҳри Кӯниёи Туркия, дар маконе, ки шоир ва шайхи бузург Ҷалолиддини Балхии Румӣ абадиятро ихтиёр кардааст, насиб гардид.  Ҷавонони диёри мо, ки дар Кӯниё таҳсил мегиранд, ҷамъ омаданд. Бародари турк Меҳмет низ бо аъзои оилааш ба сафи мо ҳамроҳ шуд. Шахси дилкаш ва шӯху мутоибагӯ будааст. 
Вақти дам кардани ош худам бепарвоӣ кардам, яъне ба таги дег ҳезум мондам. Вақти суратгирӣ кафгирро ба даст гирифта, фармуд, ки ба дег об андозам. Баъди пухтани ош сурати ба телефон афтидаамонро ба ҳама нишон дода худнамоӣ кард: 
– Мана, ош дам кардам, меҳмон ба ман кӯмак кард. 
– Хеши Афандӣ ҳастед-чӣ? – гуфтам.
– Ҳа, хешаш ҳастам, – ҷавоб дод ӯ.
– Не-е,– гуфтам, – Шумо не, ман хеши Афандӣ ҳастам. Чунки Афандӣ бухороӣ будааст, ман ҳам бухороӣ ҳастам. Дар маҷмӯи зебои Лабиҳавз пайкараи ӯ низ ҳаст. 
Ҳамин тариқ баҳсу мунозираи мо оғоз ёфт. 
– Дар Бухоро чанд пайкараи Афандӣ ҳаст?
– Якто!
– Дар мо бошад 12-то!
– Инро нашунидаам.
– Бо шунидан бовар намекунӣ, рафта дидан даркор.
– Ба куҷо меравем?
– Ба Оқшаҳр. Афандӣ оқшаҳрӣ будааст. Қабраш ҳам дар ҳамон ҷо. Дар атрофи қабр маҷмӯаи бузург барпо шудааст. Пайкараҳо дар ҳамон ҷо. Мувофиқи латифаҳои Афандӣ дар ҳолатҳои гуногун акс ёфтаанд. Ошро хӯрда ба ҳамон ҷо меравем. Аз ин ҷо 150 километр. Ба мошинам боз чор кас меғунҷад. То фаро расидани торикӣ рафта мерасем.
Ин суханҳо ба одаме, ки дардаш саёҳат буд, чаро нафорад?!
– Рафту омад 300 километр будааст, харҷи сӯзишвориашро мо медиҳем, – гуфтам ман.        
– Метарсам, – гуфт Меҳмет афандӣ, – аз меҳмон пул гирам, дар балои Хоҷа Насриддин мемонам-а.

14 қабр

Ба Меҳмет афандӣ ҳамроҳ шуда, ман, писарамон Шоҳрухбек, Иқболҷони таърихнигор, Муҳиддинҷони диншинос ба Оқшаҳр рафта расидем. Бо ин баҳона, майдонҳои кишти вилояти Кӯниёро раҳораҳ тамошо кардем. Оқшаҳр маркази ноҳия будааст. Ҷойи обод, аз мобайн сойи пуроб ҷорист. Дар соҳили рости он қабристони қадимае ҷой доштааст. Дахмаи Насриддин Афандӣ дар пешгоҳи ҳамин мазор, болояш бо айвон пӯшонда шудааст. Дар паҳлуяш боз се-чор санги қабр буд. Он ҷо зиёратгоҳ будааст. Афандиро дар он ҷо авлиё меҳисобидаанд. Ба як тарафи санги қабр панҷараи оҳанин шинонда буданд. Дар даричаи он қулфи калоне овезон буд. Аммо се тарафи дигари он кушода буд. Ин панҷараю қулф чиро нигоҳдорӣ мекард, Худо медонад. Дар худи ҳамин нишонаи шӯхӣ намоён буд. Ин ҳам  кадом як латифаи Афандиро ифода мекард. Аз ҳама муҳимаш, дар санги қабр санаи вафоти Афандиро чунин қайд намудаанд: “Соли 1286”. 
Шахси таърихӣ будани Афандӣ аз ин лавҳ низ маълум буд. Ӯ яке аз шайхон ва пири роҳи тасаввуф будааст. Ҳамчун донишманд аз ӯ ривоят, латифа, ҳангомаҳо боқӣ мондаанд. Дар баъзе латифаҳои мо содалавҳӣ мондааст, аммо дар латифаҳои туркӣ ҳазлу шӯхиҳои Афандӣ одӣ не, балки доно, боақл, дурандешии ӯро нишон додаанд, ӯро ҳамчун намояндаи бузурги тасаввуф ба забон меоранд. 

“Парастуи аввал” набудаем

Вақте мақолаамон ба нашр омода гардид, дар он чунин ҷумлаҳо ҷой дошт: “Эҳтимол мо аввалин ӯзбекистониёни зиёраткунандаи қабри Афан-дӣ бошем. Чунки адабиётшинос бошам ҳам, маълумотҳоро доир ба шахси таърихӣ ва вуҷуд доштани макони дафни ӯро бори аввал донистам”.
Рӯзе номзади илмҳои филология, дотсенти Донишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Алишери Навоӣ Абдумурод Тилабов доир ба масъалае занг зад. Пурсишашро бо телеграм фиристодам. Бубинам, версияи электронии як китобро партофтааст. Мепурсед, ки он чӣ буд? Латифаҳои Афандӣ!  Китоби мутахассиси турк Сайид Бурҳониддин ибни Мавлоно бо номи “Хонед, хандед ва фикр кунед”. Дар он матни латифаҳои Афандӣ, шарҳи муаллиф дар тарҷума ва эзоҳи Абдумурод Тиллобов оварда шудаанд. Ҷумлаҳои сарсухани тарҷумонро хонда, донистам, ки мо аввалин зиёраткунандаи қабри Афандӣ аз диёрамон набудаем: “Ҳангоми дар Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон таҳсил гирифтан, дар доираи шартномаи байнидавлатӣ ба шаҳри Кӯниё рафтам... Рӯзе бо талабаҳои мизбон ҳамсуҳбат шудам ва онҳо гуфтанд, ки дар шаҳри Оқшаҳр, аз Кӯниё дар масофаи 40-45 км. қабри Афандӣ  мавҷуд аст... Ҳамон рӯз ба шивир-шивир боридани борон нигоҳ накарда, ман бо ҳамроҳон  ба сӯйи Оқшаҳр роҳ пеш гирифтем...”

Афандии мо

Дар Қароқалпоқистон низ қабри Афандӣ мавҷуд. Аҷиб, пайкараи Афандиро дар Бухоро рост кунанд, дар худамон низ қабри ӯ ҷой дошта бошад, Афандии ҳақиқӣ куҷоӣ будааст? Ҷӯянда ёбанда аст. Фикрҳои асосноки илмиро бобати прототипи Афандӣ аз мақолаи профессор Охунҷон Сафаров бо номи “Асрори латифи латифаҳо” дарёфт кардам. Дар он доир ба ин мавзӯи мавриди таваҷҷуҳ нуктаҳои муҳим ҷой доранд. Образи Афандӣ дар эҷодиёти шифоҳии халқамон аз нимаи дуюми асри XIX ба қаҳрамони латифаҳо табдил ёфт. Тааҷҷубовар аст, ки назар ба фикри профессор Ҳодӣ Зариф, ин образ тавассути фолклори озар ба туфайли таъсири фолклори турк ба латифаҳои мо дохил шудааст. О. Сафаров менависад: “Дар асл, дар асрҳои XII-XIII ба сифати қаҳрамони латифаҳои халқии турк шинохта шудани Мулло Насриддин ё Хоҷа Насриддин, ё Насриддин Афандӣ на танҳо дар байни халқҳои соҳили баҳри Миёназамин, балки дар Аврупои Ғарбӣ, Қафқоз, Қрим, Осиёи Миёна, Уйғуристон ва Ҳиндустон низ маълуму машҳур гардид”.
О. Сафаров боз менависад: “Назар ба тадқиқот ва далелҳои олимони турк ва дигар халқҳо ба ташаккулёбии образи Насриддин Афандӣ  ду шахси таърихӣ таъсири назаррас гузошт”. Яке аз онҳо Хоҷа Насриддини оқшаҳрӣ, дигараш математик ва астрономи шинохтаи форсу тоҷик Хоҷа Насриддини Тӯсӣ (1201-1274) ба шумор меравад. Муҳокимаи ин масъала кори фолклоршиносон аст. Ҳоло  маълумотҳо дар хусуси Хоҷа Насриддини оқшаҳрӣ барои мо шавқовар аст.
Дар яке аз маълумотҳо оварда шудааст, ки Хоҷа Насриддин соли 1205/06  дар оилаи Явлоқ Арслон дар Оқшаҳр таваллуд шудааст. Муаллифи номаълуми асари “Салҷуқнома”  менависад, ки Явлоқ Арслон аз авлоди Ҳисомиддин Чӯпонӯғлӣ, ки ба хонадони туркҳои амирзодаи Онадӯлӣ мансуб аст, мебошад.
Соли 1291 ҳангоми яке аз муҳорибаҳо ӯ кушта мешавад ва ба ҷояш писари ӯ – Хоҷа Насриддин ба диёри Қостомон бек таъин мегардад. Назар ба маълумоти дигар, соли 1291 Хоҷа Насриддин бо ҳамроҳии Султон Масъуд ба Оқшаҳр омадааст. Вақте Султон Маҳмуд аз халқи Оқшаҳр андози зиёд талаб мекунад, Насриддин ба мобайн даромада, андозро як миқдор камтар мекунонад. Соли 1301 Усмонғозӣ ва Шуҷоиддин Сулаймон ба Қостомон ҳуҷум карда, шаҳрро иҳота мекунанд ва Хоҷа Насриддинро ба қатл мерасонанд. 
Дар асари ба охир нарасидаи “Маҷмӯаи маориф”-и Ҳасан Афандӣ оварда шудааст, ки Хоҷа Насриддин соли 1208/09 дар Саври Ҳисор таваллуд ёфта, байни солҳои 1237-1239 ба Оқшаҳр кӯч баста, дар он ҷо ҳаёт ба сар бурдааст. Табъи шоирӣ ҳам доштааст. Ӯ дар замони ҳукмдорони салҷуқӣ – Султон Алоуддин Кайқубодӣ ва Ғиёсиддин Масъуди II зиндагӣ кардааст. Соли 1245 дар Оқшаҳр вафот кардааст ва дар ҳамон ҷо дафн карда шудааст. Ду духтар доштааст. Духтари калонӣ – Фотимахотун аз падараш пештар аз ҳаёт чашм пӯшидааст. Дар қабристони Кӯниё, ки хокҷойи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ онҷост, дафн карда шудааст. Қабри духтари хурдӣ – Дурри Малак дар паҳлуи падараш ҷой гирифтааст. Бобати туркиягӣ будани Афандӣ боз як далели дигаре ҳаст. Дар китоби “Таърихи Туркия”-и Дмитрий Контемир, ки соли 1737 навишта шудааст, вобаста ба Амир Темур ва Хоҷа Насриддин латифае оварда шудааст. Албатта, латифа намунаи тахайюли эҷодиёти шифоҳии халқ аст. Яъне ин ду шахс дар як давр умр нагузарондаанд. Аммо ин факт ба фарзияи бо Туркия вобаста будани Хоҷа Насриддин кӯмак мерасонад. Дар китоби дарсии Натан Маллаев бо номи “Таърихи адабиёти ӯзбек” латифаҳо вобаста ба Амир Темур ва Хоҷа Насриддин таҳлил карда шудаанд. Аммо, ба фикри олимон ин латифаҳо низ дертар эҷод шудаанд. 

Пайвандгари халқҳо

Ба фикри мо, муҷассамаи Афандӣ танҳо дар Ӯзбекистону Туркия мавҷуд. Риштаҳое, ки ин ду халқро ба ҳам мепайвандад, бисёр аст. Вале Хоҷа Насриддин барин қаҳрамони бадеӣ вуҷуд надорад. 
Дар 12 ҳайкал, ки ба ҳаёти Афандӣ вобастагӣ дорад, ғояи муайяни алоҳида ифода ёфтааст. Дар яке Афандӣ шохи дарахтеро, ки худаш нишастааст, мебурад, дар дигаре аз тобут, ки онро мардум ба қабристон мебурданд, сарашро бардошта сухан мегӯяд. Ё ин ки шахсе ба ӯ муроҷиат мекунад: “Саллаатонро дида фикр кардам, ки хатро мешиносед”. Афандӣ саллаашро кушода ба ҳамон шахс дароз мекунад ва мегӯяд: “Мана, набошад, салла хонад”. 
Дар назди қабри Афандӣ миси доирашакле  монанди сарпӯши дег гузошта шудааст. Афандӣ дар ҳамин нуқта истода, “Маркази дунё ҳамин ҷо!” гуфта будааст. Барои исбот боз: ”Марҳамат, ба кадом тараф рафта дунёро давр занӣ ҳам, боз ба ҳамин ҷо бармегардӣ” гуфта будааст. 

Султонмурод ОЛИМ,
номзади илмҳои филологӣ,
сармуҳаррири маҷаллаи “Нақшбандия”.  
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: