ПАЙРАВИ БОБОВУ ПАДАР

Омад ба инсон се маротиб дода мешудааст.

Яке аз он босамар истифода карда, дар ҳаёт ва фаъолияти хеш комёб мегардад. Дигаре аз ин имконот мақсаднок истифода намебарад ва дар ҳаёту фаъолият комёб намегардад. Ҳилолбой Рӯзиев аз ин имконот босамар истифода мебарад ва комёб мегардад.
Камолоти инсонро бисёр омилҳо зарур аст, то мақом ва мавқеи муносибро дар ҷомеа пайдо кунад. Хушбахт аст Ҳилолбой, омилҳои зиёд ӯро насиб гардида. Дар инкишоф ва ташаккули шахс  чун инсони комил муҳити оилавӣ марҳилаи муҳим мебошад. Ҳилолбой дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Оилаи омӯзгоре, ки иборат аст аз сулолаи омӯзгорон. 
Дар саргаҳи ин сулола устоди зиндаёди кӯҳпояи Нурато Ӯзбекбой Рӯзиев қарор доранд. Ин марди шуҷоъ, донандаи хуби адабиёт ва забони тоҷикӣ, омӯзгори сахтгиру ҳалим, сухандону давраоро, пазандаи ошҳои болаззат чандин насли мардуми Эҷро ҳаққи устодӣ дорад. Падараш Аълочии таълими халқ, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби 43-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ — Элмуроди Рӯзиро натанҳо дар кишвари мо, балки дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ мешиносанд. Амакаш Рӯзимурод Рӯзиев, низ аз пайи падар рафта, факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, то синни нафақа дар яке аз мактабҳои маркази ноҳияи Гулистони вилояти Сирдарё ба кори таълиму тарбия машғул буд. Маҳз дар ҳамин оила Саодат Бекназарова ба камол расидааст, ки имрӯз яке аз хабарнигорони пешбари рӯзномаи «Овози тоҷик» мебошад. Дар оила, ки ҳама ба китобу дафтар сару кор доштанд, Ҳилолбойро бетаъсир набуд. Аз хурдӣ ба китобу китобхонӣ хӯ гирифт. Дар бедории худшиносӣ ва ташаккули маърифати аҳли оила афсонаву ривоятҳои холаи Хосият (момои Ҳилолбой) ҳам мавқеи муҳим дошт. Ба таъбир Ҳилолбой дар деги пур аз маърифат «пухта» гардид.
Мегӯянд, ки: 
Ҳамсоя зи ҳамсоя гирад панд, 
Ангур зи ангур гирад ранг. 
Ин ҳақиқати ҳаёт низ дар зиндагӣ ва фаъолияти Ҳилолбой равшан ба мушоҳида мерасад. Дар ҳамсоягӣ бо ӯ омӯзгорони собиқадор, ки саросари ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳуранд – Абдуназари Набӣ ва Салими Ғафур зиндагӣ доранд. Суҳбату муошират бо ин омӯзгорон худ сабақест дар ҳаёти кас. Ҳар ду ба Ҳилолбой дар мактаб низ сабақ додаанд. Ҳар рӯз бо ҳам вомехӯранд, аз суҳбати ҳамдигар баҳра мегиранд. 
Ана, дар чунин муҳит Ҳилолбой ба воя расид, мактаби зодгоҳро хатм намуд. Пешаи бобоиву падарию аммаро интихоб намуда, ҳуҷҷатҳояшро ба бахши забон ва адабиёти тоҷикии Донишгоҳи давлатии Самарқанд супорид. Сабақҳои аз устодон гирифтааш кор дод, донишҷӯ гардид. Асосҳои илмии забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ, ҳамчунин адабиёти ҷаҳонро омӯхт. Ҳамон аз устодон Садрӣ Саъдиев, Аслиддин  Қамарзода, Ҷумъа Ҳамроҳ, Сироҷ Хӯҷақулов ва дигарон хотироти нек иброз медорад. Пас аз хатми донишгоҳ ба зодгоҳ баргашт. Фаъолияти омӯзгориашро дар мактаби рақами 30-юми деҳаи Сойхурд ба ҳайси муаллими забон ва адабиёти тоҷик оғоз намуд.
Офтоб аз баромадаш аён аст. Зуд байни  ҷамоаи омӯзгорон унс гирифт ва мавқеи худро пайдо кард, ба дилу дидаи толибилмон роҳ ёфт. 
Дарси яксоатаи омӯзгори бомаҳорату соҳибилмро ба як асари бадеии калонҳаҷми хонданӣ шабоҳат медиҳанд. Дарс, ки шавқовару хотирмон аст, 45 дақиқа гӯё дар 5 дақиқа ба охир мерасад. Хонандаи соҳибзавқ дарси навбатиро бо иштиёқ интизорӣ мекашад. Омӯзгор бояд актёр бошад, дар ҳар ҳолат ба дили хонанда роҳ ёбад, ӯро аз олами дигар озод намуда, диққаташро ба худ ҷалб намуда тавонад. Ҳилолбойро чунин хусусият хос аст. Ҳ. Рӯзиев омӯзгори ҷӯяндаву эҷодкор аст. Пайваста меомӯзад. 
Бо замон ҳамнафас аст. Аз моҳияти сиёсат, рушди иқтисоду иҷтимоъ ва фарҳанги кишвар ва кишварҳои ҳамсоя хуб огоҳӣ дорад. Аз техника ва технологияи педагогикаи замон хуб бархурдор аст. Ва ин ҳамаро дар ҳар соати дарсӣ мавриди истифода қарор медиҳад. Дар дили толибилмон тафаккуру маърифати хештаншиносӣ ва ҳиссиёти бо замон ҳамнафас буданро ташаккул медиҳад.
Ҳилолбой бо толибилмон асосан дар ду ҷабҳа кор пеш мебарад. Аввалӣ дарси анъанавӣ бошад, дуввумин, кори индивидуалӣ бо хонанда мебошад. Борҳо дафтарҳои иншо ва нақли хаттии хонандагонро варақ гардонидаам. Мушоҳида намудаам, ки омӯзгор ба ҳар як аломату ҳарфу калима ва ибораву ҷумлаи шогирд бефарқ нест. Бо қалами сурх ҳар як иштибоҳро ислоҳ намудааст. Ҳатто ҷумлаҳоро тартиб дода, иштибоҳи шогирдонро нишон додааст. Ин худ як аёният аст шогирдро. Ӯ роҳбари маҳфили адабист, масъулияти газетаи девории мактаб дар зиммаи ӯ мебошад. Намунаҳои эҷодиёти хонандагон дар он дарҷ меёбад. Борҳо шеъру ҳикоя ва хабарҳои хонандагони мактаб дар саҳифаҳои «Овози тоҷик», «Ховар» ва «Булбулча доно» чоп шудаанд...
Соле нест, ки хонандае ба факулта ва ё бахши забон ва адабиёти тоҷикии донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дохил нашавад. Танҳо дар бахши забону адабиёти тоҷикии Донишгоҳи Чирчиқ 5 хатмкардаи мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нурато таҳсил мегиранд. Ногуфта намонад, соли равон хатмкардагони мактаб 100 фоиз ба донишгоҳҳои гуногуни ҷумҳурӣ дохил шуда, сазовори номи донишҷӯ гардиданд.
Солҳои охир қадри омӯзгор то ҷое боло рафтааст. Заҳматҳои шаборӯзии Ҳилолбой Рӯзиев низ аз назар дур намонд. Соли равон аз ҷониби ҳокимияти вилояти Навоӣ бо телевизори «ROYSON» мукофотонида шуд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: