Дар маркази деҳаи хушҳавои Оҳалик, ки замоне истироҳатгоҳи ҳукуматдорони Самарқанд буду Шаҳнондара ном дошт, ҳоло табобатгоҳи вилоятии ноболиғони гирифтори бемории шуш ва роҳи нафас ҷойгир аст.
Ҳудуди он панҷ гектар буда, аз байнаш рӯди шӯху беқарори кӯҳӣ ҷорист. Дарахтони зиёди сафедору булут, чанору арча, гулҳои рангорангу хушбӯву хушманзар дорад, ки тамошои онҳо ба чашмҳо нур ва ба дилҳо сурур мебахшад. Куҳансолони деҳа нақл мекунанд, ки пеш аз инқилоб як олмонӣ минтақаи мазкурро ба бӯстонсаро табдил дода, аз Аврупо ва Русия дарахтони булут, санавбар, коч ва ғайра оварда парвариш кардааст. Вай одати аҷиб доштааст, яъне ҳангоми бо фойтун аз Самарқанд ба деҳа ворид шудан шириниҳои коғазпечро пош медодааст, ки мардум, хосатан бачаҳои кӯҳистонӣ чида гиранду хӯранд. Аз ҳамин сабаб ба ӯ «немиси қанд» лақаб додаанд. Шояд ба он хотир бошад, ки баъзан ин маконро «боғи немиси қанд» ҳам мегӯянд.
Соли 1927 бӯстонсарои «немиси қанд» ба истироҳатгоҳи бачагон табдил дода мешавад, бо гузашти айём вай бисёр «вазифаҳо»-ро иҷро кардааст. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кӯдакони аз Русия ва Украина кӯчондашуда маҳз дар ҳамин манзил зистаанд.
Сипас, он ба табобатгоҳи бачагонаи гирифтори бемориҳои сил (туберкулёз) бадал гардид, ҳазорҳо нафар бачагон аз вилояти Самарқанд дар ин ҷо ҳам истироҳат кардаанду ҳам саломатии хешро мустаҳкам.
Кӯш, то халқро ба кор оӣ!
Ба ҳар коре, ки ҳиммат
баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста
гардад.
Шайх Саъдӣ
Собиқ ҳокими ноҳияи Самарқанд Баҳодур Саъдуллоев, ки марди далеру роҳбари ҳалиму хоксор буд, дар арафаи ҷашни Наврӯзи аҷам ба табобатгоҳи мазкур як сар гӯсфанд ва дигар маводи озуқа ирсол намуд, то барои наврасони муҳтоҷи меҳру мурувват дастурхони идона ороста шавад. Рӯзи дигар ӯ ба табобатгоҳ омада, иҷрои супоришро санҷид.
Рост гуфтаанд, ки ҳар кӣ хиёнат варзад, дасташ дар ҳисоб биларзад. Ошпаз аз ташрифи нобаҳангом ва пурсишҳои ҳоким дафъатан аз ҳуш рафт. Сартабиб ба гуноҳаш иқрор шуд ва бо ихтиёри худ ариза навишт, ки аз вазифа сабукдӯш кунанд.
Ҳоким ба сардухтури иттиҳодияи тиббии ноҳия Фурқат Валиев занг зада, хоҳиш намуд, ки барои табобатхонаи деҳаи Оҳалик роҳбари муносиб ёбад. Дере нагузашта номзади муносиб пайдо шуд. Хатмкунандаи Донишкадаи тиббии Самарқанд, мутахассиси бемориҳои бачагона, фарзанди Оҳалик Шаҳриёр Бӯстонов сардухтури табобатгоҳ таъин гардид. Аз он рӯз беш аз 10 сол сипарӣ шуд. Бо гузашти айём табобатгоҳ аз ҳар ҷиҳат тағйир ёфт. Се сол қабл сардухтур бевосита ба вазири нигаҳдории тандурустии ҷумҳурӣ ва ҳокими вилояти Самарқанд муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки барои таъмиру азнавсозии иншоот кумак расонанд. Баъди фурсате ҳокими вилоят бо чанд нафар тадбиркорони самарқандӣ ба ин ҷо ташриф фармуд. Сармоядорони баландҳиммат дар тӯли ду сол биноҳои замонавӣ сохтанд. Ҳоло иншооти хушсохту шинами ошхона, мактаб, толори варзиш, хобгоҳ, майдончаи бозӣ, саҳна, курсиҳои бешумор дар ихтиёри табобатгоҳ мебошанд.
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст, вале...
Шаҳриёр Бӯстонов ба мо шиноскунии табобатгоҳро аз китобхонон оғоз намуд. Мудир Нигора Раҷабова аз ташрифи мо шод гашта, иброз дошт, ки омадани шумо, журналистон айни муддаост, ба мо дар масъалаи таъминот бо китобҳои дарсӣ ва бадеӣ кумак мерасонед.
Зеро:
Бе китоб, эй дӯстон,
бунёди мо норавшан аст,
Тираву торик ҳамчун
хонаи беравзан аст…
— Воқеан, китоб ганҷинаи пурасрорест, барои омӯхтани илму адаб беҳтарин маъхаз аст. Аммо масъулони таълими халқи вилоят ба ин масъала аз паси панҷа менигаранд. Дуруст аст, ки ду сол қабл бо дахолати рӯзномаи «Овози тоҷик» ин муаммо ҳалли худро ёфта буд. Умед дорем, ки бо кумаки шумо китобхонаи мо боз ҳам ғанӣ мегардад. Охир ба се-чор нафар хонанда як китоби дарсӣ бағоят кам аст. Кош китобхонаи табобатхонаи мо ҳам аз кулли имтиёзҳо, ки бинобар ғамхории сарвари давлатамон фароҳам оварда мешаванд, баҳраманд гардад, – гуфт Нигора Раҷабова.
Одам нашавад касе магар аз мактаб...
Мактаб ба ту ёд медиҳад
илму адаб,
Мактаб зи ту мебарад ғаму
ранҷу тааб...
Садриддин Айнӣ
– Ҳоло дар табобатгоҳ беш аз 200 нафар бемор табобат меёбанд, ки бо роҳхати шифохонаҳои ҷойи истиқомати худ ба ин ҷо омадаанд. Муддати табобат аз шаш моҳ то як сол аст, – бинобар ҳамин дар тасарруфи мо мактаб амал мекунад. Миҷозон аз синфи якум то нӯҳум таълиму тарбия мегиранд. Омӯзгорони соҳибтаҷриба Санобар Зоҳидова, Маҷнуна Ҳусейнова, Раҷаббой Ёров, Ҳасан Рофеев, Зуҳро Муҳиддинова ва дигарон аз фанҳои гуногун сабақ медиҳанд. Агар муаммои китобҳои дарсиро, ки кӯҳна ва фарсуда шудаанд, нагӯем, ҳамааш хуб аст. Озмун, шеърхонӣ, байтбарак, ҳавасмандсозии ғолибон самараи хуб медиҳад, – мегӯяд мудираи мактаб Муҳайё Солиева.
Медонем, ки табиатшиносӣ дониш ва муносибати инсонро нисбат ба табиат ташаккул медиҳад. Ва агар хонанда дар ҷараёни омӯзиши ин фан аз олами ҳайвоноту наботот огоҳӣ ёфта, аҳамияти ҳаёти онҳоро дуруст дарк намояд, муносибати худро нисбат ба табиат тағйир медиҳад. Омӯзгорон ба шогирдон мефаҳмонанд, ки инсон бояд аз сарватҳои табиӣ одилона ва оқилона истифода барад. Дар мактаб гузаронидани ҳафтаи илм ва фан ба анъана табдил ёфтааст. Умуман, мо кӯшиш мекунем, ки дар «Соли гиромидошти инсон ва таълими босифат» ба комёбиҳои нав ба нав муваффақ шавем, хулоса кард М. Солиева.
Собири БУРҲОН,
сардабири бахши тоҷикии симо ва садои вилоят.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.