Муроҷиати Президент ба Олий Маҷлис ва халқамон нафақат эътибори ҳамдиёронамонро, балки сиёсатшиносони давлатҳои хориҷӣ ва вакилони ҷамоатиро низ ба худ ҷалб кард.
Муроҷиати Президент ба Олий Маҷлис ва халқамон нафақат эътибори ҳамдиёронамонро, балки сиёсатшиносони давлатҳои хориҷӣ ва вакилони ҷамоатиро низ ба худ ҷалб кард. Бошандагони тамоми дунё аз пандемияи коронавирус дар хавотир буда, ин ба иқтисодиёти дунё таъсири калон гузошта бошад ҳам, дар ин самт мамлакати мо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Дар ин бора дар Муроҷиатнома мулоҳиза гардида, вазифаҳои оянда муайян шуд. Пандемияи коронавирус иродаи халқамонро бори дигар аз имтиҳон гузаронид. Аз рӯзҳои нахустини пандемия фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ба ҳолати фавқулодда гузаронида шуд.
Барои бартараф кардани оқибатҳои пандемия аз тарафи давлатамон 82 триллион сӯмина тадбирҳо амалӣ гардид, ки ин кори осон набуд. Дар натиҷаи чорабиниҳои таъҷилии муфид, хавфи ин бемории хатарнок кам карда шуд.
Ба чунин рӯзҳои ташвишовар ва пурталотум нигоҳ накарда, фаъолияти таълими томактабӣ ба роҳ монда шуд. Иҷрои вазифаҳое, ки аз тарафи сарвари давлат, Вазорати таълими томактабӣ, ҳокимияти вилоят пешбинӣ шуда буд, аз тарафи садорати муассисаи таълими томактабии вилоят бечуну чаро ба амал бароварда мешавад.
Дар соли сипаришуда дар вилоятамон 14-то муассисаи таълими томактабии давлатӣ, 394-то муассисаи таълими томактабии ғайридавлатии нав ташкил шуда ба фаъолият шурӯъ кард. Ҳоло дар вилоят шумораи муассисаҳои таълими томактабии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба 1618-то расид.
Пас аз нарм гаштани пандемияи коронавирус ба фаъолият шурӯъ кардани ташкилоти таълими томактабии вилоят бо 1 миллиарду 257 миллион сӯмина воситаҳои санитарию гигиенӣ таъмин гардид.
Мувофиқи пешниҳоди Президент соли 2021 дар мамлакатамон «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» номбар шуд.
– Мо бояд корҳои васеъмиқёсро оид ба ислоҳоти куллӣ ва рушди минбаъдаи самтҳо, ки дар номи соли 2021 муайян гардидааст, анҷом диҳем, – қайд кард Президент.
Якум, давраи муҳимтарини ҳаёти кӯдак синни томактабӣ мебошад, ки фаъолияти зеҳнӣ инкишоф, ғояҳои ахлоқиву эстетикӣ ва сифатҳои ҷисмонӣ ташаккул меёбанд.
Аз ин рӯ, ҳадафи стратегияи мо дар рушди таҳсилоти томактабӣ дар солҳои оянда фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фарогирии ҳамаи кӯдакон мебошад. Мо бояд таҳсилоти томактабиро ба 65 фоиз ва дар охири соли 2023 ба 75 фоиз расонем. Инчунин, аз ҳисоби ҷудо кардани 600 миллиард сӯм кӯмаки молиявӣ аз буҷа 2000 кӯдакистони ғайридавлатӣ таъсис дода мешавад, ки саҳми бахши хусусӣ дар ин самт то 25 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.
Дар баробари ин, соли 2021 системаи омодагии ройгон ба мактаб 560 ҳазор, ё 82 фоизи кӯдакони шашсоларо фаро мегирад. Дар деҳаҳои дурдаст истифодаи шаклҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ васеъ мегардад. Дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ ва Бонки ҷаҳонӣ намунаи таълими барвақти кӯдакон дар хона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ба роҳ монда мешавад.
Чуноне ки ба қарибӣ дар видеоселектор бахшида ба маънавият ва маърифат таҳти сарварии Президент баргузор гардид, аз кӯдакистонҳо ба роҳ мондани тарбияи маънавӣ ба пешамон ҳамчун вазифаи муҳим гузошта шуд. Мо аз ин хулосаи зарурӣ бароварда, дар кишварамон барои бунёд кардани пойдевори Эҳёи сеюм, бо шуҷоат ва масъулият фаъолият мебарем. Ба авлоди наврас аз боғчаи бачагона сифатнок таълим ва тарбия доданро ба роҳ мемонем. Барои аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ фарзандони солими ватанпарварро ба воя расонидан ҳамаи дониш, таҷрибаи бой ва қувваамонро сарф менамоем.
Ҳилола ЮСУПОВА,
сардори садорати муассисаҳои таълими томактабии
вилояти Намангон.