РАҒБАТ ИНСОНРО БА ФАТҲИ ҚУЛЛАҲОИ БАЛАНД РӮҲБАЛАНД МЕСОЗАД

Акси садо

Дар мамлакати мо ягонагии миллат ва динҳо, ҳусни тафоҳуми байни онҳо, тарбияи насли наврас дар рӯҳи кушодадилӣ, эҳтиром ба суннатҳои миллӣ ва умумибашарӣ аз ҷумлаи самтҳои устувори сиёсати давлат гардидааст.
Боиси эътибор аст, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои кулли шаҳрвандон, новобаста аз миллат, забон ва динашон пайи инкишоф додани маданият, анъана ва урфу одатҳои онҳо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Солҳои охир корҳое, ки дар самти мазкур татбиқ мешаванд, бинобар сифат ва маъниву мазмунашон ба зинаи нав бардошта шуданд, ки шоистаи эътибор мебошад.
Ҳоли ҳозир дар кишвари мо вакилони  беш аз 130 миллат ва халқият чун дар оилаи муштараку аҳл зисту зиндагӣ мекунанд, баробари дар соҳа ва ҷанбаҳои мухталиф фидокорона кор кардан баҳри равнақ ва шукуфоии Ӯзбекистони азиз саҳми муносиб зам менамоянд. Аз ҳама муҳимаш, барои дар мамлакат беш аз пеш побарҷо кардани муносибатҳои байнимиллӣ 150 маркази миллию маданӣ саҳм мегиранд.
Бояд гуфт, ки гузаштагони мо дар замонҳои душвор ҳам бинобар ваҳдат ва ҳамгароии халқи сермиллатамон, бо такя ба хислатҳои фидокорӣ, инсонпарварӣ ва кушодадилӣ тамоми машаққат ва имтиҳонҳоро паси сар кардаанд. Аз ин рӯ 10 феврали соли равон Қонун «Дар бораи муайян кардани Рӯзи дӯстии халқҳо» қабул гардид ва 30 июл дар кишвар Рӯзи дӯстии халқҳо эълон шуд.
Соли ҷорӣ санаи мазкур дар мамлакат бори аввал ба сифати ҷашн васеъ таҷлил гардид. Мувофиқи фармони роҳбари давлат намояндагони миллат ва халқиятҳои гуногуне, ки дар Ватанамон зисту зиндагӣ карда, барои тараққиёти он фидокорона меҳнат мекунанд, тақдир гардиданд, аз ҷумла роҳбарони марказҳои миллию маданӣ ва дар қатори онҳо ман низ бо ордени «Фидокорона хизматлари учун» мукофотонида шудам. Ин мукофоти олӣ боз як ифодаи равшани ғамхорӣ нафақат ба ман, балки ба тамоми намояндагони соҳаи мост.
Ман солҳои зиёд боз дар Маркази миллию мадании куриёиҳои ҷумҳурӣ кор мекунам. Аз он хеле хурсандам, ки ба комёбиҳои бузурги кишварамон кам бошад ҳам, саҳм гузоштаам. Минбаъд тамоми дониш ва салоҳияти худро ба дар рӯҳи суннатҳои олии маънавиву ахлоқии халқамон тарбия кардани фарзандонамон сафарбар менамоям ва ба мукофоти мазкур бо меҳнати муттасили худ ҷавоб медиҳам. Воқеан, рағбат инсонро ба фатҳи қуллаҳои нав рӯҳбаланд месозад.
Виктор ПАК,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: