ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР БУХОРО

Чанд рӯз аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шодиёнаҳои наврӯзӣ идома доранд.

Пешбинӣ шуда буд, ки тантанаҳои асосии иди Наврӯз 20 марти соли ҷорӣ дар маркази фарҳангии «Бухорои кӯҳна ва боқӣ» баргузор мегардад. Бо ин мақсад барномаи шавқовари сайри наврӯзӣ таҳия ёфт. Номусоидии обу ҳаво имконият надод, ки тадбир дар ҳавои кушод сурат гирад. Аз ин рӯ таҷлили Наврӯз дар театри драмаи мусиқии вилоят баргузор гардид. 

Дар он намояндагони ҷомеаи шаҳру ноҳияҳо, масъулони марказҳои миллию маданӣ, корхонаю ташкилот, муассисаю маҳаллаҳо, пешқадамони истеҳсолот, собиқадорони меҳнат, ҷавонон ва сайёҳон иштирок карданд. Дар фойеи театр намоиши хӯрокҳо, нозу неъматҳои наврӯзӣ, гулу сабзаҳо, меваю ашёи дахлдор диққати иштироккунандагони тадбирро сӯи худ мекашид. 
Дар маросими тантанавӣ ҳокими вилоят Ботир Зарифов ба сухан баромада, ҷамъомадагонро бо айёми дилкаши баҳорӣ самимона муборакбод намуд.
– Имрӯз баробари дигаргуниҳои табиат ҷамъиятамон низ таҷдид ёфта, ба дилу дидаи одамон нумӯъ мебахшад. Бунёд гардидани манзилҳои нав ба нав, масканҳои таълимию муолиҷаҳҳо, иморатҳои фарҳангию корхонаҳои замонавӣ, деҳаҳои ободу шаҳрҳои пурҷозиба, мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав»-у варзишгоҳҳо, объектҳои сайёҳию боғчаҳо ва амсоли онҳо ба ҳусни диёрамон ҳусни нав зам мекунад, – гуфт Ботир Зокиров. Вай таъкид намуд, ки Наврӯз – айёми киштукор ва оғози давраи пурмасъулияти деҳқон аст. Шубҳае нест, ки меҳнати бошуурона ва омилкорона боиси фаровонии ҳосил ва комёбиҳо мегардад. барномаи дилкаши консертӣ бо иштироки ҷамоаҳои бадеӣ, сарояндагони ҷавон, устодони санъат иштирокдорони тадбирро хушнуд намуд.

Амрулло АВЕЗОВ, 
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: