ҲАҚИҚАТИ ТАЛХ

– Модар, медонам, ки дӯстам медорӣ ва ҳам набераҳоятро пазмон шудаӣ, аммо хоҳиш мекунам, ки шабона ба хонаам биёӣ, то ҳамсояҳоям туро набинанд.

– Бигузор, фарзанди азизам, хостаи ту шавад. Агар ба моҳе як маротиба биоям, ҳатман шабона меоям. 
– Ва ҳам хоҳиш менамоям, ки чун биёӣ, набераҳоят, фарзандҳоямро набӯсӣ. 
– Ҳатман аз рӯи хостаат амал мекунам. Аммо намегӯӣ, ки чаро ин ду хоҳишро намудӣ? 
– Наранҷ, модар, ҳақиқат ин аст, ки аз ҳамсояҳоям шарм медорам, то бигӯянд: модараш кӯр аст. 
– Хостаи дуюмат ба чӣ хотир мебошад, фарзандам? 
– Намехоҳам, ки модари кӯрам фарзандонамро бибӯсад, шояд табъашон хира бишавад. 
– Ман ҳам, бар ту як ҳақиқати талхро мегӯям. Сӣ сол онро ниҳон доштам. Ҳеҷ гоҳ гуфтанӣ набудам, аммо  маҷбурам сохтӣ. Модарат як зани бино буд. Ту қаламро ба ҳангоми хурдсолӣ ба чашмонаш халондӣ ва кӯраш сохтӣ. 30 сол ин ҳақиқатро пинҳону ҷафояшро тоқат кардам, то ту назди ман дар хиҷолат набошӣ.

ФАРОМӮШХОТИРИИ МОДАР ВА АШКИ ПИСАР

Дигар тоқатам намонд. Ҷомадони модарамро бастаму роҳи хонаи пиронсолонро пеш гирифтам. 
Модарам гуфт: 
– Писарам, қавл медиҳам, ки дигар беозор мешинам. Бигзор, нараваму дар хумори набераҳоям насӯзам. Бо ҳамсарат ҳам кор намегирам. Аслан, дигар ҳарфе намезанам...
– Модар, ту гирифтори бемории фаромӯшхотирӣ шудаӣ, ба зудӣ ҳамаро аз ёд мебарориву боз ҳамааш аз сар оғоз мешавад.
– Писарам, шояд ман фаромӯшхотир шудаам, қабул, аммо ту-чӣ? Ту чаро ҳамаро фаромӯш кардаӣ? 
Хиҷолат кашидам. Кӯдакӣ, ҷавонӣ ва он ҳама ишқу муҳаббаташ пеши чашм омад. Гиря гулугирам шуд. Ба хонаи пиронсолон занг зада гуфтам, ки модарро намебарам. Дар ин лаҳза тавони нигоҳ ба табассуми хушҳолона, ки дар чеҳраи пурожангаш пайдо шуда буд, надоштам. Дастони нотавонашро бӯсида гуфтам: 
– Маро бубахш, модар, ин ҳамаро фаромӯш соз.
Ашкҳоямро бо як гӯшаи рӯймолаш пок карду гуфт: 
– Чиро бубахшам, писарам? Аллакай, чизе дар ёдам нест.

Таҳияи Далер АЗИЗОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: