ШИРКАТИ ҶАВОНОН МЕАФЗОЯД

Дар вилояти Қашқадарё намудҳои гуногуни варзиш ба ҳукми анъана даромада, шумори ҷавонони варзишгар сол аз сол меафзояд.

Тибқи барномаҳои махсус ва роҳандозӣ шудани лоиҳаҳои гуногун дар тамоми гӯшаву канори вилоят ҳузури ҳарчи бештари ҷавонон ба олами варзиш таъмин мегардад. 
Намудҳои мухталифи варзиш дар байни мардуми қаламрав рӯз аз рӯз оммавӣ шуда, ба кори муфиде мубаддал мегардад ва барои пурмазмун гузаштани вақти холии онҳо мусоидат менамояд. Соли гузашта дар ду мавсими баргузории чорабиниҳои варзишӣ дар ҳудуди вилояти Қашқадарё ва мусобиқаҳои вобаста ба соҳаи тамрини бадан 11 миллион нафар ҷавонон ширкат варзида буданд. Қашқадарё мизбони чандин мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳурӣ низ буд, ки дар он аксари ҷавони қаламрав фаъолона ширкат доштанд.  
Дар мусобиқаҳои мавсими аввали соли равон 400 ҳазор нафар ширкат доштанд, ки ҷавонони аз синни 14 то 30-соларо фаро гирифтааст. Аз онҳо 23 нафар ҷавонон соҳиби медалҳои тиллову нуқра ва биринҷӣ гаштанд. Дар мавсими дуюми мусобиқаҳои варзишӣ 406931 нафар ҷавонон аз рӯйхат гузаштаанд ва интизор меравад, ки онҳо дар сатҳи маҳалла ва ноҳияву шаҳрҳо вориди сабқат шуда, беҳтаринҳо ба мусобиқаҳои вилоятӣ роҳхат хоҳанд гирифт.
Чунин чорабиниҳо барои тансиҳатии ҷавонон мусоидат мекунад ва тарзи хуби зиндагиро меомӯзад.

БОҒИ ДОНИШГОҲ ТАШКИЛ ХОҲАД ШУД

Дар назар аст, ки то анҷоми маъракаи имсолаи лоиҳаи «Макони сабз» ҳазорҳо бех ниҳоли дарахтони мухталиф шинонида шаванд.

Ин аст, ки дар як ҷаласаи таҳлиливу танқидӣ дар ҳокимияти вилоят раҳбарони тамоми коргоҳу идораҳои қаламрав азм намуданд, ки мавсими тирамоҳии кабудизоркуниро дар сатҳи баланд роҳандозӣ карда, ҳар кадом аз ҳисоби худ аз 100 то 500 бех ниҳоли дарахтони боровар ва манзаравӣ хоҳанд шинонд. 
Дар сурати татбиқ гардидани ин кор дар маҷмӯъ зиёда аз даҳ ҳазор ниҳолҳои гуногун шинонда шуда, боиси ободии диёр хоҳад гашт. Ташаббуси мазкур аз ҷониби ҷамоаҳои меҳнатӣ ҳам хуб пазироӣ шуд ва онҳо барои ободкориҳо бо азми дучандон пардохтанд. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии Қаршӣ чунин як чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он ба ҷуз аз устодон ва шогирдони ин даргоҳ ректорҳои муассисаҳои таълими олии вилоят ширкат варзиданд. Дар ҳавливу роҳравҳои атрофи он шинонидани 2000 ниҳоли дарахтони манзаравӣ ва боровар дар нақша аст ва иқдоми нахустин бо ширкати меҳмонон гузошта шуд. Донишгоҳи давлатии Қаршӣ ваъда дод, ки барои ин маскани илм қитъаи алоҳидаи замин ҷудо хоҳад намуд, то дар он боғи сарсабзи донишгоҳ бунёд гардад.
Ин иқдом ба бунёди боз як боғи зебо мусоидат хоҳад сохт.
Тибқи дастури умумимиллии «Макони сабз» дар шаҳру навоҳии вилояти Қашқадарё барпо намудани боғу гулгашт, майдонҳои дарахтзор, обод сохтани ҳошияи роҳҳо, ҳавлии корхонаву муассисаҳо бо суръат идома дорад.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: