Шавкат Мирзиёев: Виҷдони қароқалпоқистониҳо тоза аст

  • Шавкат Мирзиёев: Виҷдони қароқалпоқистониҳо тоза аст
  • Шавкат Мирзиёев: Виҷдони қароқалпоқистониҳо тоза аст
  • Шавкат Мирзиёев: Виҷдони қароқалпоқистониҳо тоза аст
  • Шавкат Мирзиёев: Виҷдони қароқалпоқистониҳо тоза аст
  • Шавкат Мирзиёев: Виҷдони қароқалпоқистониҳо тоза аст
  • Шавкат Мирзиёев: Виҷдони қароқалпоқистониҳо тоза аст
  • Шавкат Мирзиёев: Виҷдони қароқалпоқистониҳо тоза аст

Президент Шавкат Мирзиёев аз маҳаллаи Амударё дар Нуқус боздид намуд.

Дар ин ҷо беш аз шаш ҳазор нафар зиндагӣ мекунад. Аҳолӣ дар ду корхонаи саноатӣ, дар беш аз бист объекти савдо ва хизматрасонӣ меҳнат мекунанд.

Ба қарибӣ дар маҳалла роҳҳои дохилӣ, қубури газ ва шабакаи электр таъмир гаштааст. Ҳудуди маҳалла обод мебошад. Намуди мактабҳо ва муассисаҳои таълими томактабӣ нав гардида, шароиташон беҳтар карда шудааст.

Дар ҳавлии мактаби маҳалла бо фаъолони маҳаллӣ ва вакилони куҳансолон суҳбати самимӣ ба вуқӯъ пайваст.

Тавре ки маълум мегардад, ба сифати Президент ман бештар аз ҳама нисбат ба дигар минтақаҳо ба Қароқалпоқистон омадаам. Аз қадамҳои аввал мо донистем, ки агар заминӣ суҳбат кунем, агар ҳамҷиҳатона амал намоем, ба тағйирот ноил шуда метавонем. Солҳои охир дар Қароқалпоқистон бисёр тағйирот ба вуқӯъ пайваст. Таъминоти оби ошомиданӣ беҳтар гардида, фарогирӣ бо муассисаҳои таълими томактабӣ афзуд. Бисёр иморатҳои иқоматӣ сохта шуд. Бисёр хурсандам, ки чунин тағйирот дар маҳаллаи шумо низ ба амал омадааст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Куҳансолон гуфтанд, ки воқеаҳои моҳи июл хатои калон буд, баъзе ҷавонон роҳгум заданд. Бо таъкиди он ки байни қароқалпоқҳо ва ӯзбекҳо риштаҳои мустаҳками алоқа дар тӯли садсолаҳо ба вуҷуд омадааст, бо таманнои сулҳу осудагӣ ба халқамон дуо хонда шуд.

– Албатта, ҳамаи мо ин воқеаҳоро бо нигаронии зиёд қабул кардем. Онҳо на бо хости халқи Қароқалпоқистон ба вуқӯъ омаданд. Виҷдони қароқалпоқистониҳо тоза аст. Халқи мо – ягона. Бигзор минбаъд чунин даҳшатҳо рӯй надиҳанд, бигзор дар мамлакатамон ҳамеша сулҳ ва ягонагиамон ҷовидон бошад, – гуфт Президент.

Бо ҳамин сафари роҳбари давлат ба Қароқалпоқистон ба поён расида, ӯ ба Тошканд баргашт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: