САФАРИ ГУРӮҲИ КОРӢ

Пӯшида нест, ки дар баъзе ҳудуди вилоят ҳанӯз мушкилоти экологӣ ҳалли худро наёфтаанд.

То ҳол одамон партовҳоро ба ҳар ҷое, ки рост омад, мепартоянд. 
Ин дар ҳолест, ки фаъолияти Корхонаи  маҳдуди давлатии «Тоза ҳудуд» кайҳо ба роҳ монда шудааст. То ҳол дар ноҳияи Фориш атрофи заминҳои васеъро фермерон чуқур кофта, бо ин роҳ гӯё ҳудуди хоҷагии худро муайян мекунанд. То ҳол аз захираҳои зеризаминӣ, аз ҷумла, аз оби тоза бидуни сарфакорӣ зиёд истифода мебаранд. То ҳанӯз аз кӯлҳои Айдар – Арнасой ва атрофи онҳо бидуни иҷоза ва бархилофи қонун моҳӣ ва дигар мавҷудотро сайд мекунанд.
Имрӯз фурсат расидааст, ки пеши роҳи чунин худсарӣ ва қонунвайронкуниҳо гирифта шаванд.
Бо мақсади ошноӣ пайдо кардан бо масъалаҳои марбут ба экология ва муҳокимаву баррасӣ намудани роҳҳои ҳаллу фасли онҳо таҳти сарварии муовини Сарпрокурори Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Тӯхтабоев гурӯҳи корӣ ба вилояти Ҷиззах омад. Онҳо нахуст дар ноҳияи Зомин Боғи миллию табиии Зоминро диданд. Бо вазъи экологии он шинос шуданд. Сипас, ба Мамнӯъгоҳи давлатии «Зомин» рафтанд. Меҳмонон аз рафти корҳое, ки дар ҳудуди ноҳия барои бунёди полигон (партовгоҳ)-и бузург ба сомон расонида мешаванд, низ воқиф шуданд.
Мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 30-юми ноҳияи Ғаллаарал барои таҳсили 240 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст. Аммо ҳоло дар ду баст беш аз 400 нафар таҳсил мекунанд. Гурӯҳи корӣ ҳолати ба фасли зимистон тайёр будани бинои мактаби мазкурро омӯхт.
Дар ҳоли ҳозир печҳои маърифатгоҳ тармиму таъмир шудаанд. 
Гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Бахмал ҳам аз як қатор иншоот боздид ба амал овард. Омӯзишгоҳи тиббии ноҳия, хоҷагии ҷангал, мактаби рақами якум ва якчанд боғчаҳои бачагона аз ин ҷумла буданд. Дар хоҷагии ҷангали ноҳия нашъунамои ниҳолу дарахтон, дараҷаи кабудизоркунии онро дида, ба ходимон тавсияҳои зарурӣ доданд. Ҳамчунин тавсия дода шуд, ки дар ин ҳудуд пеши роҳи сохтмони ғайриқонунии бинову иншоот гирифта шавад. Дар ин асос муовини Сарпрокурори ҷумҳурӣ Ш.Тӯхтабоев ва сарвари Садорати экология ва ҳифзи муҳити атрофи вилоят Э.Холматов роҳҳои осони ҳалли муаммоҳоро баррасӣ карданд.
Вазъи кунунии ду соҳили дарёи Сангзор, ки ҳудуди ин ноҳияҳоро убур мекунад, диққати гурӯҳи кориро ба худ кашид. Аз ин ҷойҳо одамон худсарона шағалу регро кофта мегиранд ва бо ин роҳ ба табиат зарари ҷиддӣ мерасонанд.
Супурда шуд, ки ба ин худсарӣ барҳам дода шавад. Умуман, сафари гурӯҳ муҳим ва пурмаҳсул буд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: