Дар мамлакатамон оид ба тайёр кардани шоҳмотбозони пуриқтидор корҳои муназзам бурда мешаванд.
Дар мамлакатамон оид ба тайёр кардани шоҳмотбозони пуриқтидор корҳои муназзам бурда мешаванд. Бахусус, таъкиди кардан зарур аст, ки дар давоми солҳои гузашта иштироки шоҳмотбозони кишварамон дар мусобиқаҳои байналхалқӣ аз ҷиҳати сифат ва шумора афзуд.
Тавре ки дар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳо оид ба минбаъд такмил додани низоми ривоҷ додан ва оммавӣ гардондани шоҳмот ва тайёр кардани шоҳмотбозон» қайд шудааст, дар мавзеъҳо рӯз аз рӯз мусобиқаҳои шоҳмот бештар гузаронида мешаванд, ки ин ба васеъ гардидани сафи соҳибони «гимнастикаи ақл»-и босалоҳият мусоидат мекунад.
Ба мақсади таъмини иҷрои қарори мазкур дар Тошканд аз соли ҷорӣ барои Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи байналхалқии шоҳмот гузаронида мешавад. Пешбинӣ шудааст, ки нахустин мусобиқаи байналхалқии Ӯзбекистон 10-19 ноябр баргузор шавад.
Назар ба маълумоти хидмати матбуоти федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон зиёда аз 10 гроссмейстерҳои бомаҳорат, ки дар олами шоҳмоти ҷаҳон ба мақоми турнири байналмилалии «Ҷоми Президенти Ӯзбекистон»-ро сазовор шудаанд, хоҳиши иштирок карданро изҳор намуданд.
Пешбинӣ шудааст, ки дар мусобиқаи шоҳмот гроссмейстери номии Ӯзбекистон Рустам Қосимҷонов ва Санан Сюгиров, Максим Чигаев, Павел Понкратов, Михаил Кобиллиа, Вадим Звягинсев, Максим Матлаков (Русия), Шант Саргсян (Арманистон), Эҳсон Гаеммагами (Эрон), Вячеслав Зарубитский (Беларус), Ханс Ниеманн (ИМА), Олександр Моисенко, Антон Ситников, Виктор Дмитренко, Дмитро Мишчук (Украина) иштирок мекунанд.
Ба мусобиқаҳои мазкур, ки дар байни даҳ рӯз баргузор мешавад, дар қатори ҳакамони байналхалқӣ ба мисли Алсуси Раҷаии фаластинӣ, Михаил Криукови русиягӣ, Владимир Полейи беларусӣ, Ашот Вардапетяни арманистонӣ, Илҳом Юнусови тоҷикистонӣ як чанд ҳакамони ҷавони кишварамон низ доварӣ мекунанд.
Бино ба барномаи мусобиқа 11 ноябр мусобиқаи блэс ташкил карда шавад, 13, 14 ва 16 ноябр иштирокдорон барои ғолибият дар дутоӣ намуд дона меронанд.
Дар мусобиқа бино бар ҳолати 1 октябри соли 2021 мардоне, ки аз рӯйи рейтинги ФИДЕ 1800 ва аз он боло ва бонувоне, ки дар ин рейтинг аз 1600 ва аз он боло холро ба даст дароварданд, иштирок менамоянд.
Фонди мукофоти мусобиқа 120 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин, боз аз он ҷиҳат аҳамиятнок аст, ки вай Ҷоми гаронбаҳотарини мусобиқаи шоҳмот дар таърихи Ӯзбекистон мебошад.
Бешубҳа, мусобиқаҳои «гимнастикаи ақл», ки дар Тошканд баргузор мешавад, баробари дар арсаи байналхалқӣ ба сифати майдоне, ки дар солҳои наздик ситораҳои дурахшони шоҳмотро ба камол мерасонад, шиносонидани Ӯзбекистон ба баланд гардидани обрӯю эътибори он дар шоҳмоти ҷаҳон саҳми босазо мегузорад.
Тӯлқин РӮЗИЕВ,
мухбири ӮзА.