Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар Бозиҳои II ИДМ 26 медал ба даст овард

Дар бозиҳои дуюми кишварҳои ИДМ беш аз 300 варзишгар аз Ӯзбекистон ширкат доранд.

4-14 август дар 11 шаҳри Белорус Бозиҳои II ИДМ баргузор мешаванд. Дар онҳо беш аз ду ҳазор варзишгар аз Ӯзбекистон, Русия, Белорус, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон ширкат доранд. 13 мамлакати қитъаҳои Осиё, Африқо ва Амрико ҳамчун меҳмон иштирок доранд. Дар ин бора хидмати матбуоти КМО хабар додааст.
Варзишгарони Ӯзбекистон то ҳол 26 медал, аз ҷумла 6 тилло, 9 нуқра ва 11 биринҷӣ ба даст овардаанд.
Варзишгарони Ӯзбекистон дар баробари вазнбардорӣ дар мусобиқоти волейболи соҳилӣ, варзиши сабук, тирандозӣ ва гимнастикаи бадеӣ ширкат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки вазири сиёсати ҷавонон ва варзиши Ӯзбекистон Адҳам Икромов, ки имрӯз дар Белорус қарор дорад, бозиҳоро тамошо мекунад. Дар таркиби ҳайати вакилони мамлакат ба ҳисоби умумӣ беш аз 300 нафар варзишгарон аз рӯйи 22 намуд иштирок доранд, хабар медиҳад шабакаи UzNews.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: