РУШДИ ВАРЗИШ ДАР БАЙНИ АҲОЛӢ

Дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ бо ташаббуси Вазорати варзиш ва ҳамкории Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ, Вазорати ҳифзи тандурустӣ ва Гвардияи миллӣ бахшида ба дар мамлакат ҷорӣ намудани сохтори баҳогузории дараҷаи омодагии ҷисмонии аҳолӣ ва баргузории санҷишҳои варзишии «Дараҷаи омодагии ҷисмонӣ» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Мақсад аз гузаронидани санҷишҳои варзишӣ дар байни тамоми табақаҳои аҳолӣ баланд бардоштани қобилияти ҳаракати ҷисмонӣ, пешгирии одатҳои зараровар ва бемориҳои гуногун, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва тавассути он оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.
Тӯли давраи сипаришуда дар мамлакат аз ҷониби Вазорати варзиш доир ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, васеъ ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Тавре ки муовини вазир Дурдона Раҳимова қайд намуд, соли ҷорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ модели намунавӣ коркард гардид, ки дар доираи «Ҳафтаи бонувон», «Ҳафтаи маҳалла ва пирон», «Ҳафтаи муассисаҳои таълимӣ» тадбирҳои варзишӣ гузаронида мешавад. Инчунин, дар доираи ин лоиҳа пешбинӣ шудааст, ки дар байни аҳолӣ доир ба тарзи ҳаёти солим, ташаккул додани маданияти хӯрокхурӣ ва тарбияи ҷисмонӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда шавад.
Дар чорабинӣ ҷонишини вазири ҳифзи тандурустӣ Элмира Боситхонова таъкид кард, ки варзиш ҷиҳати ҳаматарафа солиму бардам шудани аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон,  аҳамияти калон дорад. Ҳукумати кишвар дар роҳи рушди варзиш ва тарғиби он дар байни аҳолӣ, ба марраҳои баланд ноил шудани варзишгарони мо, аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб ёфтани ҷавонон, ба хусус занону  духтарон, ки  сиҳҳату солим ба дунё омадани кӯдакон ба онҳо вобаста аст, ғамхории зиёд нишон медиҳад. Дар ҳақиқат, мамлакате, ки ҷавононаш ҳаматарафа сиҳҳату бардаманд, ояндаи бузург дорад.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: