АВТОМОБИЛИ «СПАРК», ТУҲФАИ ПРЕЗИДЕНТ БА СОҲИБАШ СУПУРДА ШУД

Ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов туҳфаи Президент – автомобили сабукрави «Спарк»-ро ба толибаи синфи 10-уми мактаб-интернати физикҳо ва математикҳои ҷавони рақами 1-уми ба номи Ал-Ҳаким ат-Тирмизии шаҳри Тирмиз, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия Рухшона Абдураззоқова супурд.

Ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов туҳфаи Президент – автомобили сабукрави «Спарк»-ро ба толибаи синфи 10-уми мактаб-интернати физикҳо ва математикҳои ҷавони рақами 1-уми ба номи Ал-Ҳаким ат-Тирмизии шаҳри Тирмиз, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия Рухшона Абдураззоқова супурд.
Роҳбари давлат ҳангоми сафари худ дар вилояти Сурхондарё, ки 1-2 июни соли равон ба амал омад, хонаҳои нави нӯҳошёнаи маҳаллаи «Боғишамол»-и шаҳри Тирмизро тамошо кард ва дар хонаводаи ду оила – Наргиза Раҳимова ва Фаррух Эгамов меҳмон шуд.
Президент бо шароит дар ҳуҷраҳои нав ошно гардид ва бо  соҳибони онҳо самимона суҳбат кард. Духтари Н.Раҳимова, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия Рухшона Абдураззоқова дар бораи ҳаёти худ, дастовардҳояш дар хониш, ҷустуҷӯҳояш дар соҳаи адабиёт нақл кард. Ӯ бо ифтихор изҳор дошт, ки варо ба наздикӣ пешоҳанги созмони ибтидоии Иттифоқи ҷавонон интихоб кардаанд. Шоираи ҷавони соҳибистеъдод ба Президент китоби худро туҳфа кард.
Р.Абдураззоқова дар синфи 10-уми мактаб-интернати физикҳо ва математикҳои ҷавони рақами 1-уми ба номи Ал-Ҳаким ат-Тирмизии шаҳри Тирмиз мехонад. Соли гузашта ӯ барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия гардид. Тӯли солҳои гузашта се китоби шеърҳои вай ба чоп расиданд. Рухшона дар давраи ҷумҳуриявии озмуни «Ёш китобхон» фаъолона иштирок дошт.
Дар анҷоми суҳбат Президент ба модари ӯ Наргиза Раҳимова барои тарбияи ин духтари ҷӯёву соҳибистеъдод миннатдорӣ баён карда, автомобили сабукрави «Спарк» ҳадя намуд.
Дар чорабинии тантанавӣ, ки бинобар супурдани туҳфа баргузор шуд, намояндагони созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ, собиқадорон, аҳолии маҳалла, ҷавонон, ҷомеаи мактаб-интернат ва ходимони расонаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.
– Ташрифи ногаҳонии Президент маро хеле ба ҳаяҷон овард, ман аз суҳбати самимӣ бо он кас бағоят хурсанд шудам – мегӯяд Рухшона Абдураззоқова. – Президент маро бодиққат шуниданд. Чун гуфтанд, ки ба ман автомобили сабукрави «Спарк»-ро туҳфа мекунанд, ман ба гӯшҳои худ бовар накардам. Ғайриихтиёр ҳам ман ва ҳам модарам гиря кардем. Ин туҳфа маро барои забти қуллаҳои нави дониш ҳавасманд мекунад. Ман эътимоди олии Президентамонро, ҳатман сафед мекунам.

Холмӯъмин 
МАМАДРАИМОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: