Таэквондочиёни Ўзбекистон дар барномаи намоишии дастаҳои омехта дар Олимпиадаи Париж-2024 ширкат хоҳанд кард

Самти дастаҳои омехта оид ба таэквондо WT ба барномаи мусобиқаҳои асосии комплексӣ дохил карда шудааст.

Дар Олимпиадаи Париж-2024 ин самт ҳамчун як барномаи намоишӣ муаррифӣ мешавад ва дар Бозиҳои минбаъда дар Лос-Анҷелес интизор меравад, ки бозиҳо барои медалҳо дар ҳисоби дастаҳои омехта ташкил карда мешаванд.

Медали нуқраи мунтахаби Ӯзбекистон дар чемпионати ҷаҳон дар Чин аҳамияти бузург дорад. Ин дафъа ба ҳайати команда Улуғбек Рашитов, Светлана Осипова барин пешқадамон дохил нашуданд. Аммо, сарфи назар аз ин, дар ҷараёни мусобиқот тими мо ба Кореяи Ҷанубӣ, ки зодгоҳи таэквондо WT маҳсуб мешавад, пирӯз шуд. Варзишгарони мо ба намояндагони Чин ҳам муқобилати сазовор нишон доданд.

Муваффақият дар чемпионати ҷаҳон ба дастаи Ӯзбекистон имкон дод, ки дар барномаи намоишӣ дар Бозиҳои олимпии Париж ширкат варзад.

Бояд гуфт, ки дар Париж-2024 дар ин самт ба ҷуз аз тими мо Фаронса, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ низ ширкат мекунанд.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: