Сума ЧАКРАБАРТИ: ӮЗБЕКИСТОН КИШВАРИ МУҲИМ АСТ

Мувофиқи Фармони Президент Шавкат Мирзиёев аз 9 июли соли 2020 Сума Чакрабарти барои хидматҳои бузургаш бинобар ба роҳ мондани шарикии стратегии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо, васеъ намудани ҳамкориҳои серҷанба, ҳамчунин саҳму кӯмаки шахсиаш бобати таъмин сохтани самарабахшии барномаҳои ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодии дар ҷумҳурӣ бинобар лоиҳаҳои устувори сармоявӣ татбиқшудаистода, бозсозии шабакаҳои инфрасохторӣ, дастгирии фаъолаш баҳри дар мамлакат фароҳам овардан

Мувофиқи Фармони Президент Шавкат Мирзиёев аз 9 июли соли 2020 Сума Чакрабарти барои хидматҳои бузургаш бинобар ба роҳ мондани шарикии стратегии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо, васеъ намудани ҳамкориҳои серҷанба, ҳамчунин саҳму кӯмаки шахсиаш бобати таъмин сохтани самарабахшии барномаҳои ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодии дар ҷумҳурӣ бинобар лоиҳаҳои устувори сармоявӣ татбиқшудаистода, бозсозии шабакаҳои инфрасохторӣ, дастгирии фаъолаш баҳри дар мамлакат фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоявӣ ва соҳибкорӣ бо ордени «Дӯстлик» мукофотонида шуд.
Сума Чакрабарти ходими бузурги давлатии Британияи Кабир ба шумор меравад, ки аз моҳи июли соли 2012 то моҳи июли соли 2020 президенти Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо буд. Агар гӯем, ки вай дар байни мансабдорони мамлакат ходими дорои рейтинги  баландтарин мебошад, хато намекунем.
С. Чакрабарти соли 1959 дар шаҳри Ҷалпайгурии тобеи Бенгалияи Ғарбии Ҳиндустон таваллуд шудааст. Аввал дар  мактаби Лондон-сити, баъдтар дар Коллеҷи нави Оксфорд, сипас дар  донишгоҳи Сассеке таълим гирифтааст.
Баъди хатм дар Раёсати тараққиёти байналхалқии Британияи Кабир корро оғоз намудааст. Солҳои 1980 аз ҷониби ҳукумати Британия ба Бунёди байналхалқии асъор ва Бонки умумиҷаҳонӣ фиристода шуд. Баъди бозгашт ба Лондон дар вазифаи котиби шахсии вазири давлатии рушди алоқаҳои хориҷии назди Вазорати корҳои хориҷӣ ба кор шурӯъ кард. Баъдтар дар ҳукумати Сарвазир Тони Блэр масъули бахши нави марказии масъалаҳои истеҳсол ва инноватсияҳо таъин гардид. Муддате дар Хазинаи шоҳигарӣ низ фаъолият дошт. 
Аз соли 2007 то соли 2012-ум дар Вазорати адлияи Британияи Кабир ҳамчун котиби доимӣ кор кард. Меҳнати ҳалоли сэр Сума Чакрабарти дар кадом вазифае кор накунад, аз ҷониби экспертҳо эътироф гардидааст. 
Президенти Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо (БТТА) Сума Чакрабарти муносибатҳоро бо Ӯзбекистон ҳамеша қадр кардааст. Инро он чиз собит менамояд, ки вай дар вазифаи мазкур ду бор ба Ӯзбекистон ташриф овардааст. 
Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо дар фаъолияти худ ҳамеша ба салоҳияти давлате, ки бо он ҳамкорӣ кардан мехоҳад, садоқати он ба суннатҳои демократӣ  ва муттасилии ислоҳоти татбиқшаванда эътибор медиҳад. Моҳи марти соли 2017-ум ҳайати бонк айнан бо сарварии Чакрабарти, баъди танаффуси 10 сола ба Ӯзбекистон ташриф овард, ки сазои таъкид кардан мебошад. Зеро маҳз охири соли 2016 ва аввали соли 2017 дар Ӯзбекистон «насими ислоҳот» ба вазидан оғоз намуд. 
Дар доираи сафар ҳайати БТТА барои вусъат додани алоқаҳояш бо Ӯзбекистон ва дарёфти роҳҳои он бо роҳбари  мамлакат суҳбат кард. Дуруст аст, ки бонк аз соли 1993-юм боз бо мамлакати мо ҳамкорӣ дошт ва дорои маҷмӯи сармояҳо буд, вале баъд аз соли 2010, бинобар баъзе сабабҳо, амалиётҳои нав гузаронида нашуданд. 
Вале ислоҳоти нави Ӯзбекистони нав эътимодро ба мамлакатамон пойдор кард. «Танаффус»-е, ки муддати кӯтоҳ давом дошт, анҷом ёфт. Муҳокимаҳое, ки солҳои 2017-2018 дар байни роҳбарияти Ӯзбекистон ва БТТА идома доштанд, асосан ба омӯхтани имкониятҳои соҳибкории иқтисодӣ ва рақобатбардории мамлакат, ба ин соҳаҳо ҷалб намудани сармоя ва технологияҳо ва ғайра нигаронида шуданд. Ҳамчунин бо маблағ таъмин кардани лоиҳаҳои вобаста ба хидматҳои маслиҳатӣ, тиҷорати хурд ва миёна, энергияи сабз ва самарабахшии энергия, дар минтақа ёфтан ва кофта гирифтани сарвати конҳо, инкишоф додани савдои наздисарҳадӣ барин самтҳо баррасӣ шуданд, маълум гардид, ки дар ин қабил ҳамкориҳо манфиатнокии тарафайн мавҷуд аст. 
«Ӯзбекистон барои муваффақияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва тараққиёти иқтисодии Осиёи Марказӣ кишвари муҳим ба шумор меравад. Ҳоли ҳозир маҷмӯи сармояҳои бонк дар ин ҷо чандон бузург нест. Вале мо як қатор самтҳои истиқболнокро мушоҳида мекунем. Дар байни онҳо ҳамкории минтақавӣ, хидматҳои маслиҳатӣ, бо маблағ таъмин сохтани корхонаҳои кӯчак, энергияи сабз барин самтҳо мавҷуданд», – гуфта буд Сума Чакрабарти соли 2018-ум пеш аз ташрифаш ба мамлакати мо.
Моҳи марти соли 2017 баъд аз вохӯрии воқеъ дар Тошканд ҷонибҳо якҷоя бисёр корҳои васеъмиқёсро амалӣ намуданд ва ба натиҷаҳои аниқи ибтидоӣ расиданд. Сума Чакрабарти ба ҷараёнҳои давраи нави ба амал татбиқшавии ислоҳот, таъмин гардидани пешрафти устувори мамлакат, афзудани дараҷаи ҳаёти аҳолӣ ва сифати он, ислоҳот ва дигаргуниҳое, ки нуфузи Ӯзбекистонро дар арсаи байналхалқӣ баланд мебардоранд, ҳамчунин корҳои озодкунии иқтисодиёти мамлакат баҳои баланд дод. Роҳбари БТТА таҳкими ҳамкории самарабахши минтақавӣ ва тарафайнро бо Президнти Шавкат Мирзиёев, дорои аҳамияти муҳим будани ташаббусҳои ӯро барои дар Осиёи Марказӣ таъмин сохтани сулҳу истиқрор таъкид намуда, зикр сохт, ки онҳоро қатъиян дастгирӣ мекунад. 
Сармояҳои молиявӣ, хидматҳои тиҷоратӣ ва маслиҳатҳои БТТА барои дар мамлакатамон татбиқ гардидани ислоҳоти мунтазам, беҳтар шудани ҳаёти халқамон хидмат мекунанд. Туфайли саҳми президенти БТТА Сума Чакрабарти ҳамкориҳои самарабахш ба роҳ монда шуданд. Маҳз дар замони фаъолияти ӯ дар байни Ӯзбекистон ва БТТА ҳамкориҳои самарабахш оғоз ёфтанд, робитаҳои манфиатдории тарафайн ба зинаи нав бардошта шуданд. Тӯли солҳои ҳамкорӣ аз ҷониби бонк бо маблағ таъмин сохтани 78 лоиҳа дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакати мо пазируфта шуд, миқдори умумии сармояҳо ва вомҳо 1,85 миллиард евроро ташкил дод. 
Хидматҳои Сума Чакрабарти дар назди давлатҳои рушдёфтаистодаи аъзои БТТА хеле бузарг мебошанд. Вай ташаббусҳои Ӯзбекистонро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, иқтисодиёт, саноат, сиёсати иҷтимоӣ фаъолона дастгирӣ кард. Рақамҳо самаранокии ин ҳамкориҳоро падидор мекунанд.  Ба хусус, ҳоли ҳозир бонк барои дар кишвари мо ба амал татбиқ гардидани 36 лоиҳаи арзиши умумиашон баробари 1,18 миллиард евро бевосита иштирок менамояд. Ин лоиҳаҳо асосан соҳаҳои энергетика, ҷою манзил, хидматрасони коммуналӣ, сектори бонк ва рушди соҳибкориро дарбар мегиранд. Дар доираи ташаббусҳои мазкур дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм бозсохтан ва ташкил кардани майдонҳои партовҳои сахти маишӣ, сохтмони манзилҳои арзону камасрафи энергетикӣ дар Самарқанд, беҳтар кардани таъминоти об дар вилоятҳои Сурхондарё ва Намангон, беҳбуди роҳҳои минтақавӣ дар вилояти Хоразм, навсозии стансияҳои ҳам ҷисмонан ва ҳам маънан кӯҳнашудаи насосӣ ва иваз кардани онҳо, ҳамчунин дар вилояти Тошканд ба амал татбиқ намудани лоиҳаҳои гидроэлектрӣ пешбинӣ шудаанд. 
Ҳоли ҳозир стратегияи фаъолияти БТТА тӯли солҳои 2018-2023 дар Ӯзбекистон, ки соли 2018-ум қабул шудааст,  ба ҳаёт татбиқ мегардад. 
Сума Чакрабарти амиқсозии ҳамкориҳои муфиди тарафайн ва самарабахшеро, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мегарданд, ислоҳотеро, ки ба таъмин сохтани сулҳ, истиқрор ва пешрафти  Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд, борҳо таъкид кардааст ва зикр намудааст, ки бонк ба мақсади дастгирӣ намудани дигаргуниҳои бузург ба вусъат додани ҳамкориҳо омода мебошад. Саҳми ҷаноби Чакрабарти ба ҳамкориҳои дар кишварамон инкишоф додани соҳибкорӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, зиёд кардани самаранокии истифода аз захираҳои обу энергия, вусъат додани сохтмони роҳҳо ва манзилҳои истиқоматӣ, умуман, ба пешрафти кишварамон бузург мебошад.
Абдувалӣ 
СОЙИБНАЗАРОВ, 
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: