(Тақриз ба китобчаи Ӯзбакбой Раҳмонов “Таърихномаи “Бухорои шариф”)1
1 Ӯзбакбойи Раҳмон: Таърихномаи “Бухорои шариф”: - Самарқанд: «Тӯрон - нашр», 2022. - 47 саҳ.
Ба наздикӣ дар нашриёти «Тӯрон нашр»-и шаҳри Самарқанд китобчаи Ӯзбакбойи Раҳмон бо номи “Таърихномаи “Бухорои шариф” аз чоп баромад, ки дар он муҳаққиқ дар бораи аввалин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” ва замони пайдоишу қатъ гардидани он маълумот додааст. Ба андешаи пажӯҳишгар пайдо шудани рӯзномаи мазкур дар ҳаёти Бухорои аввали садаи бист аҳамияти ниҳоят муҳим дошта, нахустин рӯзномаи тоҷикӣ дар Аморати Бухоро ва Туркистон ба шумор меравад.
Равшанфикрон, ислоҳотхоҳон ва ҷадидон, ки барои бедории фикрии мардуми минтақа, аз ҷумла тоҷикону ӯзбекон, талош мекарданд, баъди пайдо шудани рӯзномаву маҷаллаҳо дар кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Афғонистон, Туркия, Россия дар фикри таъсиси рӯзномаи тоҷикӣ афтода, борҳо масъалаи мазкурро баррасӣ карданд ва дар охир барои таъсиси он имконият пайдо намуда, ба мақсади хеш расиданд.
Муҳаққиқ масъалаҳои вобаста ба таъсиси рӯзномаро дар китобчааш шарҳ дода, заминаҳои пайдоиши онро таҳқиқ кардааст ва доир ба шахсоне, ки барои пайдо шудани ин рӯзномаи тоҷикӣ талош кардаанд, маълумот додааст. Вай менависад, ки “Мирзо Сироҷ ва Мирзо Муҳиддин Мансуров барои таъсиси рӯзнома саъю кӯшиши зиёд карданд”. Дар ҳақиқат, ин ду шахсияти ватандӯст ба хотири амалӣ кардани ақидаҳои равшанфикрони тоҷик заҳмати зиёд кашиданд. Дар ҳамон давра Муҳиддин Мансуров ба сардори матбаа Г. Л. Левин, ки аз яҳудиёни Бухоро буд, муроҷиат карда, аз ӯ хоҳиш менамояд, ки дар таъсиси рӯзномаи тоҷикӣ ба ӯ кумак намояд. Дар асоси пешниҳоди дӯсташ Левин ба гумоштагони Россия дар Бухоро муроҷиат карда, барои таъсиси рӯзномаи ҳаррӯза иҷозат мегирад. Ба ақидаи муҳаққиқ Левин аз уҳдаи ин хоҳиши дӯсташ баромада, рӯзи 9 марти соли 1912 ба сафорати Россия дар Бухоро муроҷиат мекунад ва барои таъсиси рӯзномаи ҳаррӯзаи тиҷоратӣ ва саноатӣ, ки манфиатҳои аморати Бухороро ҳимоя карда, дар рӯҳияи шариат нашр мегардад, розигӣ мегирад. Бо ҳамин ба ақидаи Ӯ. Раҳмон “Рӯзи якшанбеи 4 уми рабиуссонии соли 1330 ҳиҷрӣ (11 марти соли 1912) нахустин шумораи рӯзномаи “Бухорои шариф” нашр мегардад.
Бо таъкиди муҳаққиқ сармуҳаррири рӯзномаро дар аввал ду нафар – Мирҳайдар писари Хоҷа Қосим Мирбадалуф ва Мирзо Ҷалол Юсуфзода бар дӯш доштанд ва аз 20 апрели соли 1912 масъулияти рӯзнома бар дӯши Мирзо Ҷалол Юсуфзода меафтад. Ин ду нафар аз ҷумлаи шахсиятҳои шинохтаи шаҳр буданд. Аввалӣ ба сифати тарҷумон дар сафоратхонаи Россия дар Бухоро кор мекард ва дуюмӣ, озаритабор буда, забони форсӣ-тоҷикиро ниҳоят хуб медонистааст ва ба кори рӯзноманигорӣ низ ошноӣ доштааст. Аз ин рӯ, равшанфикрон ва муассисони рӯзнома ба ин ду нафар бовар карда, рӯзномаро бар дӯши онҳо мегузоранд. Бо ҳамин нашри рӯзнома ба роҳ монда мешавад ва мардуми Бухоро ва дигар шаҳру навоҳии атрофи Туркистон бо шавқ онро мутолиа карда, аз хабарҳои Аморати Бухоро, Туркистон ва дигар кишварҳо ошноӣ пайдо карда, матолиби ҷолибро, ки дар ҳар шумора чоп мешуданд, мутолиа карда, аз рӯйдодҳои замони нав огаҳӣ пайдо менамуданд. Ҷолиб он аст, ки дар рӯзнома баробари воқеаву ҳодисаҳои замони нав рекламаҳои зиёд чоп шуда, дар бораи тиҷорат, рушди саноат ва дигар рӯйдодҳои фарҳангиву маданӣ маълумот интишор мешуд, ки муштариёни рӯзнома бо ин восита аз пешрафтҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва адабӣ огаҳӣ пайдо менамуданд.
Барои ҷамъ овардани маводи таърихӣ Ӯзбакбой Раҳмон аз сарчашмаҳое, ки дар бойгониҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ ва Китобхонаи вилоятии Бухоро маҳфузанд, истифода карда, маъхазҳои илмиеро, ки дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ин мавзӯъ таълиф шудаанд, фаровон истифода намудааст. Му-ҳаққиқ бо эҳтиром аз хидмати донишмандони тоҷику ӯзбек ва олимони дигар кишварҳо ёд карда, бо як қисми онҳо ба баҳс даромада, хулосаҳои хешро доир ба аҳамияти ин рӯзнома ва саҳми он дар бедории фикри мардуми тоҷик воқеъбинона баён кардааст.
Вай бо ақидаи шарқшинос ва донишманди шинохта И. С. Брагинский, ки мегӯяд: “рӯзнома характери пантуркистӣ дорад” розӣ нашуда, доир ба аҳамият ва саҳми рӯзнома дар бедории фикрии тоҷикон, тарғиби ақидаҳои нав, рушди забони тоҷикӣ ва амсоли инҳо мисолҳои зиёд оварда, хидмати беназир доштани рӯзномаро дар арзи ҳастӣ кардани матбуоти тоҷикӣ ва ӯзбекӣ батафсил шарҳ медиҳад.
Бояд гуфт, ки Ӯ. Раҳмон дар бораи нақши ин рӯзнома беш аз понздаҳ мақола дар рӯзномаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон чоп карда, доир ба паҳлуҳои мухталифи фаъолияти рӯзномаи мазкур изҳори назар кардааст. Вай баъзе мақолаҳои ин рӯзномаро ҳам ба хати сирилик гардонида, дар бораи қимати хабару мақолаҳое, ки дар рӯзнома интишор мешуд, фикрҳои ҷолиб баён намудааст. Ӯ, махсусан хидмати муаллифони фаъоли рӯзнома Мирзо Ҷалол Юсуфзода, Мирҳайдар Мирбадалов, Мирзо Сироҷ, Абдурауфи Фитрат, Бақохоҷа бинни Ҳодихоҷаи Самарқандӣ, Садриддин Айнӣ ва дигаронро махсус таъкид менамояд.
Дар рӯзномаи “Бухорои шариф” мақолаҳои мубоҳисавӣ низ чоп мешудааст. Бо интишори мақолаи “Муҷмалӣ дар хусуси забон” ва “Фелетун дар хусуси забон” як зумра равшанфикрон дар бораи забони тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ баҳс карда, Моворуннаҳрро макони забони тоҷикӣ донистаанд. Дар ин бора Ӯ.Раҳмон доираи баҳсро идома дода, аз олимони барҷаста ёд мекунад ва баҳсро ба замони муосир оварда, ишораҳои Саид Нафисиро, ки «забони тоҷикӣ аз навоҳии Осиёи Миёна, ки қисми умдаи он имрӯз Тоҷикистон аст” ёд мекунад. Яъне, дар ҳамон давра барои равшанфикрон ҳастии забони тоҷикӣ, ҳифзу ҳимояи он, тозагии забон ва ворид шудани калимаву ибораҳои нав дар забони тоҷикӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор мерафтааст.
Масъалаи дигаре, ки пажӯҳишгар бештар ба он таваҷҷуҳ кардааст, нақши рӯзнома дар бедории фикрӣ ва тарғиби илму дониш ва ҷалби наврасону ҷавонон ба таълиму тарбия будааст. Дар ин бора рӯзномаи “Бухорои шариф” мақолаҳои зиёд чоп карда, аҳамияти илму донишро ба омма шарҳ медодааст. Масалан, дар шумораи чаҳоруми рӯзнома, ки 15 марти соли 1912 чоп шудааст, мақолаи “Дигарон чӣ карданд?” интишор мешавад, ки дар он омадааст: “Аз баҳри ҳар коре мадрасаи махсус гузошта, авлод ва атфоли худро ба таҳсили илм ва касб машғул созанд. Ихтироот ва саноатро омӯзанд. Илми киштукор, бофандагӣ ва ғайра дар мадрасаҳои алоҳида омӯхта шавад”, (Таърихнома...., саҳ 22).
Ин ишора имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст. Баъди 110 сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мазмуни ин мақола такя карда, бо таваҷҷуҳ “Солҳои 2022-2026-ро солҳои рушди саноат” эълон карданд ва ҳамчунин масъалаҳои ихтироот, технологияи нав ва саноат мубрам ва муҳим арзёбӣ мегардад. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар пайи амалӣ гардидани пешниҳоди Сарвари давлат талош карда, ба ислоҳоти соҳаи саноат ва бунёди корхонаҳои хурду бузург иқдом гирифтааст. Ин биниши дурбинонаи равшанфикрони тоҷик имрӯз ҳам аҳаммияти худро гум накарда, ҳамчун манбаи рушди кишвар истифода мешавад.
Баҳси илму таълим, дар ҳақиқат дар рӯзномаи “Бухорои шариф” хело доманадор буда, бисёрӣ аз ислоҳотгарон усулҳои нави таълимро тарғиб карда, барои босавод кардани мардум таклифҳои мушаххас пешниҳод мекарданд ва назару андешаҳои худро ошкоро тавассути ин рӯзнома ифода менамуданд.
Дар рӯзномаи “Бухорои шариф” ба рушди адабиёт низ аҳамияти хосса дода мешудааст. Дар шумораҳои ҳаррӯзаи он асарҳои насрӣ, назмӣ ва тарҷумаҳои бадеӣ чоп шуда, шеърҳои А. Фитрат, Мирзо Сироҷ ва дигарон, ки бештар ҷанбаи маърифатӣ ва ташвиқотӣ доштанд, чоп мегардиданд. Барои намуна Ӯ. Раҳмон аз шеъри А. Фитрат “Фарёд” ва “Ҷавоби мутоиба”-и Мирзо Сироҷ ёд карда, таъкид месозад, ки бо чунин шеърҳои интиқодӣ ва иҷтимоӣ шоирон камбудиҳои ҷомеаро фош менамуданд ва мардумро барои босавод шудан, илм омӯхтан ва ҳунарманд гардидан даъват мекарданд. Барои намуна чанд байт аз Мирзо Сироҷ пешниҳод мешавад:
Ободии ин Ватан ба мо фарз,
Бошад, ки адо кунем, ин қарз.
Кошонаи худ кунем обод,
Рӯҳи падарони хештан шод.
Аз ишқи маҷоз чашм пӯшем,
Дар ишқи ҳақиқате бикӯшем....
Аз завқ зи гӯшаи гулистон,
Гӯим-ш ба ҳазор достон:
Хезед, ки вақти ишқбозист,
“Вақти ҳунар асту сарфарозист”
Шеъри мазкур дар шумораи 52-юми рӯзномаи “Бухорои шариф” чоп шуда, дар ҳамон замон тарафдорони зиёд пайдо кардаа буд. Шоир ба мардум муроҷиат намуда, ҳунаромӯзиро ниҳоят амали нек ва ишқи воқеӣ медонад ва бо ҷиддият дигаронро низ ба касбомӯзӣ даъват мекунад.
Мавзӯи ашъори аксари шоирони равшанфикр ва ислоҳотхоҳ аз чунин масъалаҳо иборат буданд ва ин андешаҳоро дигарон низ дастгирӣ мекарданд. Дар рӯзнома воқеан касбомӯзӣ ниҳоят зиёд тарғиб шуда, дар аксари мақолаҳо масъалаи мазкур баррасӣ шудааст.
Ӯ. Раҳмон инчунин саҳми Мирзо Сироҷи Ҳакимро дар тарғиби илм ва рангин кардани саҳифаҳои рӯзнома муҳим арзёбӣ меномояд. Ин шоиру нависандаи ватандӯст дар мақолаҳои худ дар бораи рушди илм дар Аврупо ва Россия маълумот дода, хонандагонро ба пешрафти илмҳои табиатшиносӣ ва табиӣ шинос мекардааст. Дар ҳар саҳифаи рӯзнома ин олиму нависандаи тоҷик мақола ва хабарҳо чоп карда, дӯстдорони рӯзномаро аз дастовардҳои илм огоҳ мекардааст. Вай ҳатто дар бораи аҳамияти ҳаммом барои саломатии инсон мақола навишта, пешниҳод кардаааст, ки дар Бухоро ҳаммомҳои замонавӣ бунёд намоянд, то мардум ба тозагии бадан машғул шаванд.
Дар рӯзномаи мазкур таҷумаи бадеӣ нақши фаъол доштааст ва дар ҳамон давра ҳикояҳои Л. Толстой, И. Довид, Анри де Рине ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудааст, ки ба онҳо аксари адибони равшанфикр ошно шудаанд.
Муаллифи китобча аз баста шудани рӯзномаи “Бухорои шариф” низ хабар дода, дар асараш менависад: “Ва 2 январи соли 1913 “ ин ду ниҳол, ки акнун ба мева додан даромада буданд, бо табири зулм ва истибдод аз боғчаи халқ бурида партофта шуд”
“Ин ду ниҳол” ишораи пуралами устод Садриддин Айнӣ мебошад, ки дар бораи баста шудани рӯзномаи “Бухорои шариф” ва замимаи он “Тӯрон” гуфтааст. Дар воқеъ, ин ду рӯзнома, бахусус рӯзномаи “Бухорои шариф” дар бедории халқи тоҷик ва ӯзбек нақши бузург бозида, барои пешрафту тараққиёти Туркистон ва Осиёи Миёна саҳми шоиста гузоштааст. Маҳз ҳамин рӯзнома мардумро барои ба даст овардани савод, илму дониш даъват карда, беҳтарин дастовардҳои замони навро тарғиб намудаст.
Китобчаи Ӯ. Раҳмон дар арафаи 110-солагии нахустин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” туҳфаи арзанда ба шумор рафта, барои илми журналистика ва омӯзиши таърихи рушди матбуоти тоҷик ва ӯзбек нақши арзанда мебозад. Муаллиф, дар ҳақиқат кӯшиши зиёд ба харҷ дода, маводи фаровонро мутолиа ва ҷамъоварӣ намуда, барги сабзеро дар арафаи Рӯзи матбуот дар Тоҷикистон омода кардааст. Ин китобча аз тарафи адиби шинохтаи Самарқанд Асадулло Шукур дастгирӣ ва чоп шудааст, ки ҳам муаллиф ва ҳам ноширро бо ин кори хайрашон табрик менамоем.
P.S. Хоҳишмандон ва муҳаққиқон метавонанд ба шумораҳои рӯзномаи “Бухорои шариф” дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ шинос шаванд ва онро мутолиа намоянд.
Абдуҷаббор
РАҲМОНЗОДА,
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон.