Мактаби таълимоти ҳамагонии рақами 1-уми ноҳияи Сӯх дар шаҳраки Ровон воқеъ гаштааст.
Он 1 ҳазору 80 нафар хонандаро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. Ба бачаҳо 81 нафар омӯзгорон сабақ медиҳанд, аз онҳо 12 нафарашон дорои тоифаи олӣ, 9 нафарашон тоифаи якум мебошанд. Соли равон ин мактабро даҳ нафар донишомӯзон бо медали тилло хатм кардаанд ва аксарият ба муассисаҳои таълими олӣ дохил шудаанд.
– Мактабамон ба соли нави таҳсил пурра омода мебошад. «Шунидан кай бувад монанди дидан» – беҳтараш онро бо чашмони худ бубинед, – гуфт директори ин мактаб Адолат Нишонова ва моро ба даҳлези калону фарохи бинои мактаб роҳбаладӣ намуд.
Ногуфта намонад, ки ду сол муқаддам бинои литсейи академии рақами 1 ба тасарруфи мактаби рақами 1 дода шуд. Барои ҳамин омӯзгорон ва донишомӯзони он соли савум аст, ки аз шароити хеле беҳтар бархурдоранд ва дарсу машғулиятҳо дар синфхонаҳои баланду барҳаво ва зебои он мегузаранд. Даҳлезро маводу катибаҳои зиёд оро додааст, ки бештари онро ашъори панду насиҳатии адибонамон ташкил медиҳанд. Дар як тараф маълумотҳои расмӣ низ ҷой дода шудааст ва шогирдони мактаб тавассути он бо санаҳои ба истиқлолият расидани кишвар, қабули Қонуни Асосӣ, парчам ва рамзи давлатӣ ошно мешаванд.
– Бинои пештараи мактаб 16 синфхона дошт ва дарс дар ду баст мегузашт. Ҳоло 22 синфхонаву кабинетҳои муҷаҳҳаз ба бинои пештара илова гардид. Ин имкон медиҳад, ки дарс дар як баст сурат гирад, – изҳор намуд директор.
Маълум шуд, ки соли таҳсили 2021-2022 мактабро 87 нафар донишомӯзон хатм кардаанд. 26 нафари онҳо ба донишгоҳҳову донишкадаҳои мамлакат ва 6 нафар фориғуттаҳсилон ба мактабҳои олии Тоҷикистон дохил шудаанд.
Ба таъкиди Адолат Нишонова мактаб аз рӯйи рейтинг дар байни мактабҳои ноҳия ҷойи аввалро ишғол мекунад ва ин боиси ифтихори ҷамоаи омӯзгорон мебошад. Дар вилоят радаи 277-ум ва дар ҷумҳурӣ дар ҷои 467-ум қарор дорад.
– Соли гузашта ба ивази 700 миллион сӯм мактабро аз тармим баровардем. Инчунин як гурӯҳ ҳомиён таҳти роҳбарии омӯзгори пешқадами мактабамон – Абдуҳошим Ҷалолов барои дар асоси талаботи замон ҷиҳозонидани синфхонаҳо кумакҳои молӣ намуданд. Ҳамаи он аксҳои адибони адабиёти классикӣ ва муосир ва навиштаву катибаҳоеро, ки ин ҷо овезон мебинед, дар яке аз корхонаҳои интишороти компютерии шаҳри Фарғона тайёр карда овардем, – гуфт директор.
Вай афзуд, ки ҷамоаи омӯзгорон то шурӯъи дарсу машғулиятҳо бештар ба муҷаҳҳаз намудани кабинетҳои фаннӣ, тайёр кардани воситаҳои аёнӣ, афзоиш додани панду андарзҳои бузургон ва амсоли он машғул шуданд. Санобар Раҳмонова, Шерзод Бобокалонов, Мулло Файзиддинов, Диловар Аҳмадҷонова, Искандар Исмоилов, Додобой Тоҷиев, Абултолиб Маҷидов ва дигарон омӯзгорони пешқадами мактаб мебошанд.
Дарвоқеъ, аз тамошои чанд синфхонаи мактаб чунин натиҷа ҳосил шуд, ки ҷамоаи омӯзгорони аксари фанҳо моҳи августро хеле пурмаҳсул истифода кардаанд. Хусусан, кабинетҳои адабиёт, забони англисӣ, таърих, риёзиёт ва як қатор фанҳои дигар хеле бо завқи беандоза оро ёфта буд.
– Мо дар замони мутараққӣ зиндагӣ мекунем. Рӯзмарра дар атрофи мо гапу корҳои нав рух медиҳанд. Ҳоло дарсҳоро низ мувофиқи талаби замон бояд ба роҳ монем. Ман аз усулҳои гуногуни педагогика истифода мекунам, то ки шогирдонам забони давлатиро бахубӣ омӯзанд, бо ин забон равон ҳарф зананд, китобҳоро низ бо ин забон мутолиъа кунанд. Ин усул натиҷаҳои хуб ба бор меоварад,– иброз медорад ҳамсуҳбати мо, муаллимаи мактаб Дилфуза Муллобобоева.
– Шумо зимни гузаронидани дарсҳои кушод ё намунавӣ бештар ба кадом тарзу унсурҳои таълим аҳамият медиҳед?
– Аксари дарсу машғулиятҳоям мисли дарсҳои кушоду намунавӣ мегузаранд. Ҳамеша донишу маҳоратамро такмил дода меравам, китобу адабиётҳои лозимаро мутолиа мекунам, аз маслиҳату машварати устодони кордида фаровон истифода мебарам. Мақолаҳои методиеро мехонам, ки муаллифонаш дар соҳаи омӯзгорӣ таҷрибаи бой ҳосил кардаанд, – қайд намуд Муллобобоева.
– Чӣ шуморо дар ҷараёни дарс азият медиҳад?
– Бо телефон ба мактаб ҳозир шудани донишомӯзон. Ин воситаи алоқа тарафҳои мусбати зиёд дорад. Вале истифодаи бемавриди он ба дониши талабагон латма мезанад. Барои ҳамин кӯшиш мекунам, ки зарари телефонро ба шогирдони худ фаҳмонам.
– Баъзеҳо тарафдори ба ӯзбекӣ табдил додани синфҳои тоҷикӣ ҳастанд. Ин гуна шахсҳо дар миёни омӯзгорони тоҷик низ пайдо мешаванд. Фикри шуморо перомуни ин мавзӯъ донистан мехостам.
– Ба назарам, табдили забони таълим ба ин ё он забон наҳамеша самараи хуб ба бор меорад. Агар айнан сари мавзӯи табдили таълими забони тоҷикӣ ба ӯзбекӣ биёем, беҳтарин кор ҳамин аст, ки тарзи тадрис ва усулҳои таълими забони ӯзбекиро дар мактабҳои тоҷикӣ ба таври бояду шояд ба роҳ монем. Он вақт фарзандони мардуми тоҷиктабор ғайр аз он, ки забони модариашонро хуб ҳифз мекунанд, забони ӯзбекиро низ бахубӣ меомӯзанд. Ин даъвои банда дар мисоли мактаби худамон тасдиқашро ёфтааст ва минбаъд низ ҳамин тавр хоҳад буд!
– Барои шумо, ки гуфтед, дар ҳафта ба тадриси 24 соат дарс машғул хоҳед шуд, ҳам кори хона ва ҳам нигоҳубини набераҳо вазнинӣ намекунад?
– Ҳаргиз. Дар оилаи мо ҳар кас кори худро мекунад. Шароит мусоидат менамояд, ки ману шавҳарам аз корҳои зиёди хона фориғ бошем. Як қатор корҳоро келини хонаамон ба ҷо меорад. Албатта, ман дар вақтҳои холӣ ба корҳои вай кумак мерасонам.
Дилфуза Муллобобоева дар идомаи суҳбат изҳор намуд, ки барои гирифтани тоифаи олӣ талош дорад. Агар ба ин кор муваффақ шавад, маошаш боз боло хоҳад рафт. Дар айни ҳол маошаш бештар аз панҷ миллион сӯмро ташкил мекунад. Муаллима мегӯяд, як ҷо бо маоши шавҳараш барои рӯзгор ва сарфу хароҷоти дигар низ кифоят мекунад. Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо маъмурияти мактаб имсол роҳбарии синфи ҳаштумро ба вай супурдааст. Вай дар ин синф ҳам аз забони давлатӣ дарс мегӯяд ва ҳам бо донишомӯзони он дарсу суҳбатҳои тарбиявӣ мегузаронад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.