18 сентябр дар чаҳорчӯбаи барномаи сафари корӣ ба ИМА Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо раиси Палатаи савдои Амрико-Ӯзбекистон Кэролин Лэмм вохӯрд.
Дар вохӯрӣ инчунин роҳбарони корпоратсияи GE Healthcare, Oppenheimer, Cerberus, CNH ва Cintana иштирок доштанд.
Раҳбари Ӯзбекистон ширкаткунандагони мулоқотро ба 30-солагии таъсисёбии Палатаи савдои Амрикову Ӯзбекистон табрик гуфта, бахусус нақши калидии ин сохторро дар густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ қайд кард.
Натиҷаҳои пурсамари форуми муштараки тиҷоратӣ, ки 15 сентябри соли равон дар Вашингтон бо иштироки намояндагони беш аз 250 ширкату бонкҳои ИМА баргузор шуд, бо қаноатмандии зиёд қайд карда шуд.
Раиси палата Кэролин Лэмм ба сарвари давлати мо барои роҳбарии сиёсӣ дар татбиқи барномаи ислоҳоти бебозгашт дар Ӯзбекистон мннатдории самимӣ изҳор кард, ки ба афзоиши таваҷҷуҳ ва эътимоди соҳибкорони амрикоӣ ба кишвар мусоидат мекунад. Гуфта шуд, ки дар давоми чанд соли охир ба ҳайати палата ширкатҳои калонтарини ИМА шомил гардида, шумораи умумии онҳо ба 50 адад расидааст.
Дар рафти вохӯрӣ нақшаҳои мушаххаси тиҷорати амрикоӣ оид ба густариши фаъолият дар кишвари мо баррасӣ шуданд.
Дар ҷамъбасти мулоқот оид ба қабули «харитаҳои роҳ» ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак тавофуқ ҳосил шуд.