АЗ ҚАЛАМРАВИ ФАРҲАНГИИ ШОҲНОМА

Аз 3 марти соли 2023 то 12 март замоне аз тақвими рӯзгор аст, ки бо кӯшиши ду эронӣ – оқои Муҳаммадшоҳи Қосимӣ ва хонум Зиннати Дарёӣ аз ҷанубитарин қисмати сарзаминҳои фарҳангии Шоҳнома, Шоҳномае, ки сурудаи сутурги мероси фарҳангии ҷомеаи башарӣ мебошад, шоҳкори Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ аст, гурӯҳе аз Эрон – аз ду шаҳри фарҳангӣ дар вилояти Ҳурмузгон ба марказияти Бандар Аббос: яке аз шаҳри зебо бо мардуми деҳқонпеша бо номи Тирури Миноб ва якеи дигар аз шаҳри камназир бо номи Салахи Кишм б

Ба хушюмнии рӯзгор мусофирати онҳо ҳамзамон шуд бо маросими издивоҷи ду ҷавони раъно ва рашид Сарвиноз ва Ҷовидон.
Оқои Ҷовидон – фарзанди Амина Шарофиддинова аз шахсиятҳои фарҳангии ин шаҳри бостонӣ ва номовару номошнои дирӯз, ки имрӯза ҳам шаҳри дӯстдоштанӣ ва шукӯҳманд аст, мебошад. Онҳоро насиб гашт, ки дар ин маросим ширкат кунанд ва шоҳиди муфтахар ба ҳузур дар фархундаҷашни самимӣ бошанд, ки он ду дилдода дар паймони заношӯии худ ба базм пардохтанд.
Оқои Муҳаммадшоҳи Қосимӣ дар ростои алоқамандиҳои ҳунарӣ ва фарҳангии худ бо баҳрагирӣ аз зуҳри донишвари андешаманд ва пажӯҳандаи фарҳангии муосири ҷанубии кишвари Эрон устод Алии Ризоӣ фестивали арзишмандеро дар шаҳри ҷанубии Тирури Миноб поягузорӣ кардааст, ба номи «Сур, сурно ва зиндагӣ», ки ҳарсола бо ҳамкории ниҳоди шаҳрдории Тирур теъдоде аз мусиқинавозони маҳаллӣ дар устони ҳурмузгон ва теъдоде аз мусиқинавозони суннатӣ аз бақияи сарзаминҳои Эронро гирди ҳам меоварад, то дар чанд рӯзи шодиовар дар айёми наздики баҳор ҳар сол пеш аз Наврӯз қитъаоте аз мусиқиеро, ки ҳосили офаринишҳои мусиқинавозони суннатӣ аз гузашта то ба ҳол будааст, худ бишнаванд ва ҳам ин, ки ҳосили кори худро ба гӯши мардум бирасонанд. Дар ин фестивал ойинҳое, ки аз гузашта то ба ин ҳол роиҷ будааст, намоиш дода мешавад ва ҳамчунин вуҷуде аз мусиқӣ, ки бо зиндагӣ ва маишати мардум иртибот дорад, иҷро мегардад ва ба маърази намоиш гузошта мешавад.
Бону Зиннат Дарёӣ низ бо аҳдоси як сарои фарҳангӣ, ҳунарӣ ва иқомате дар шаҳри Салахи ҷазираи Кишми вилояти Ҳурмузгон бо номи «Боғи ойинҳои Зиннат» дар корномаи худ дорад. Ҷазираи Кишм аз бузургтарин ва зеботарин ҷазоири ҷаҳонӣ дар ҷануби Эрон ва дар минтақаи Осиёи Ҷануби Ғарбӣ аст ва ҳарсола ҷашнвораҳои мутааддиди суннатӣ дар он баргузор мегардад. Аммо дар шаҳри Салахи он ҷазира бо ҳиммати Зиннати Дарёӣ  намоишҳои зиёду зебои ойинӣ назири «Зор», «Ҷабборборон», «Наврӯзи сайёд» ва мусиқиҳои роиҷи ҷанубӣ ва мусиқиҳои хоси дарёнавардони эронӣ дар он баргузор мешавад. Ва ҳоло имсол ин ду ҷусторгар ва дилбастаи фарҳангу ҳунар камина ва Зиннати Дарёӣ илова бар худашон гурӯҳеро аз иёлоти ҷанубии Ҳурмузгон ба сарзаминҳои таърихии водии абрешим – Самарқанду Бухоро оварданд. Дар гирдиҳамоии ин гурӯҳ бо мардуми Самарқанд ва Бухоро, хусусан дар деҳаи Чоршанбе ту гӯӣ, ки фарзандони Ҳофиз, Саъдӣ ва Фирдавсии бузург ба меҳмонии фарзандони Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Самарқандӣ омада буданд ва аз паси солиён ва таърихи гузашта чи базми хушиворе шуд, базме шуд фаромӯшношуданӣ.

Муҳаммадшоҳ ҚОСИМӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: