ЗУҲУРОТИ БАЛАНДИ ИНСОНПАРВАРӢ

Дар арафаи ҷашни умумихалқии Наврӯз ба сифати зуҳуроти равшани чунин сифатҳои олиҷаноби халқи мо: меҳрубонӣ, олиҳимматӣ, инсонпарварӣ ва раҳму шафқат Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Фармон «Дар бораи авф намудани як гурӯҳ шахсоне, ки муддати ҷазои аз озодӣ маҳрум карданро пушти сар мегузоранд, аз кирдорашон самимона пушаймон шуда, қатъан ба роҳи ислоҳ гузаштаанд» имзо кард.

Бо фармон мувофиқи банди 23 моддаи 93-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 75 нафар шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноят муддати ҷазоро пушти сари гузошта, аз кирдорашон самимона пушаймон шуда,  қатъан ба роҳи ислоҳ гузаштаанд, авф карда шуданд.
Аз авфшудагон 4 нафар аз муҳлати иҷрои ҷазои асосӣ пурра, 53 нафар шартан аз адои ҷазо озод карда шуданд, ҷазои ба 2 нафар таъиншуда ба ҷазои сабуктар иваз карда шуд. Ба ғайр аз ин, муҳлати ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати 16 нафар кам карда шуд.
Дар байни авфшудагон 18 нафар шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, 17 нафар занон, 15 нафар мардони синнашон аз 60 боло, 6 нафар маъюбон, 9 нафар шахсоне, ки дар фаъолияти созмонҳои мамнуъшуда ширкат доштанд, мебошанд.
Дар доираи татбиқи фармон ба вазорату идораҳои масъул оиди ба оғӯши оила ва наздиконашон баргардондани авфшудагон, мусоидат дар мутобиқгардии иҷтимоӣ, ҷалб намудан ба меҳнати фоиданок, интихоби тарзи ҳаёти солим ва ҷойи сазовор ишғол намудан дар ҷомеа супориш дода шуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: