РӮЗҲОИ ФАРОМӮШНОПАЗИР ДАР ЗОДГОҲИ ШАЙХ КАМОЛ

Ба наздикӣ 70-солагии шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҷлил гашт.

Бо ҳидояти сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон чанд тан адибону журналистони ӯзбекистонӣ барои  иштирок дар ин чорабинии фарҳангӣ ба вилояти Суғд рафта буданд. 
Дар тантанаҳо аз шаҳри Тошканд,  вилоятҳои Фарғона ва Самарқанд низ намояндагон иштирок карданд. 
Тошканд ва Хуҷанд, ки дар «ҳамсоягӣ» ҷойгиранд, аз қадим бародаршаҳранд. Нармшавии муносибатҳо байни ду давлат, ки бар муроди дили мост, равуоҳоро барқарор намуд. Бо ташаббуси Ҳукумати мо дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд муассисаи таълими умумӣ барои 630 нафар донишандӯз барпо карда шуд. Самарқанд, айни замон, бо Хуҷанд ҳамкориҳои бисёрҷониба ба роҳ гузоштааст. Дар дабистоне, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд бунёд намудааст, 640 нафар хонандагон таҳсил менамоянд. Назар ба маълумотҳо, ҳоло дар муассисаҳои таълими олии Тоҷикистон 4609 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон таҳсил менамоянд. Чанде пеш чанд нафар устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба Фарғона рафта, дар шуъбаи забон ва  адабиёти тоҷики донишгоҳ лексияҳо хонданд. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бошад, даҳҳо ӯзбекистониён, дар мактабҳои олии Ӯзбекистон, аз ҷумла, аз вилояти Суғд таҳсил менамоянд. 
Имрӯзҳо равобит байни иттифоқҳои нависандагону журналистони Ӯзбекистону Тоҷикистон низ мазмуни тоза касб кардааст. Дар Суғд, ки аз калонтарин вилоятҳои ҷумҳурии ҳамсоя аст, ташкилоти калони адабие мавҷуд, ки 70-солагии худро ҷашн гирифт.
Дар ҳамоише, ки ба ин муносибат дар театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ доир гардид, раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси миллии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, аҳли илму адаб, донишҷӯён ва устодону профессорони ДДОХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд. 
Чорабиниро раиси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод кушод. Шоиру нависандагони маъруфи тоҷикро, ки аз шаҳрҳои Душанбеву Кулоб омадаанд, хайрамақдам гуфта, ба намояндагӣ аз Ӯзбекистон, ки байнашон нависандагон Нуралӣ Қобул ва Шойим Бӯтаев буданд, арзи эҳтиром намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода ҷамъомадагонро, ки алоқаманди адабу эҷод буданд, ба муносибати 70-солагии шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагон муборакбод намуд. Вай, аз ҷумла, қайд кард, ки вақте 70 сол қабл аз ин шуъба ташкил шуд, ҳамагӣ 5 аъзо дошту халос. Нависандаи номии тоҷик Раҳим Ҷалил барои муттаҳидсозии қувваҳои адабӣ дар вилоят фидокорӣ намуд. Қариб ҳамаи эҷодкороне, ки гирдаш ҷамъ омадаву аз ӯ таълим гирифтаанд, тавфиқ ёфтаанд, шоиру нависандагони машҳур шуданд. Ҳоло аъзои бахши суғдии он ба 70 нафар расидааст. Дар давоми 70 соли мавҷудияти хеш ин шуъба як идда аҳли қаламу эҷод ва суханвару суханшиносонеро дар канори хеш парварид ва камол бахшид, ки имрӯз чун устод дар роҳи равнақу ривоҷи адабиёти муосири тоҷик ҳиссаи худро мегузоранд, гуфт Р. Аҳмадзода ва илова намуд, ки аҳли сухани кишвар аз суханони ҳидоятгаронаи роҳбари давлат дар ҷодаи муқаррар намудани рисолати аҳли адаб баҳраҳои фаровоне бардошта, дар шинохти мақоми кунунӣ ва ҳадафҳои ояндаи адабиёт чун воситаи асосии тарбияи маънавии насли наврас дар замони ҷаҳонишавӣ ва мураккаби дунёи муосир ташаббусҳои нек зоҳир менамоянд.
Раиси вилоят айни ҳол номи бузургмардони олами адабро бо эҳтиром зикр кард ва гуфт, ки бузургтарин шоиру нависандагони оламшумулро модари ин миллат тарбия намуда, ба арсаи ҷаҳон баровардааст. Аз устод Рӯдакиву Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Балхиву Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофизу Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Ҷомию Мирзо Бедил то ба устод Лоиқ Шералӣ, Мӯъмин Қаноат, Гулрухсору Фарзона ба хазинаи адабиёти ҷаҳон дурру гавҳарҳои бебаҳо ҳадя кардаанд. 
Дар баробари саъю ҳаракати Нависандаи мардумии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил боз як фарзанди фарзонаи халқи мо, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар таъсис ва фаъолияти шуъбаи суғдӣ хидмати шоиста кардааст. Дар солҳои аввали таъсисёбии шуъба адибони номвар Муҳиддин Аминзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муҳиддин Фарҳат ва Абдумалик Баҳорӣ, ки зода ва парвардаи Хуҷанданд, дар навбати худ, самаранок эҷод ва қаламкашони нисбатан ҷавонтарро гирди худ ғун карданд. Дере нагузашта Ҳоҷӣ Содиқ, Абдуҷалил Воситзода, Аъзам Сидқӣ, Пӯлод Толис барин истеъдодҳои тоза ба сафи онҳо ҳамроҳ шуданд.
Муҳити адабии Хуҷанд, ҳамчунон, Озод Аминзода, Қурбон Алӣ, Ғуфронҷон Рустамов, Маҳкам Пӯлод барин истеъдодҳоро тарбия намуд ва онҳо самаранок эҷод карданд.
Тавре дар ҷамъомад қайд гашт, дар чанд соли охир бо эҳтимоми бахши суғдии ИНТ даҳҳо маҷмӯаҳои назмию насрии эҷодкорони вилоят, аз қабили Муқим Воҳид, Давлатшоҳи Тоҳирӣ, Ӯрунбой Усмон, Адибаи Хуҷандӣ, Гулноз Тоҳириён, Баҳром Мирсаид, Эгамназар Соҳибназар, Анварбек Абӯнаср, Баҳроми Раҳматзод аз чоп баромад. Айни замон китобҳои илмии Неъматҷон Файзуллоев, Матлубаи Мирзоюнус, З. Улмасова ва дигарон рӯйи нашр дид. 
Маҷмӯаҳои дастҷамъии адибони ҷавони ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истаравшан ва Панҷакент ҷомаи табъ ба бар карданд. 
Назар ба маълумотҳо, танҳо дар давоми даҳ соли охир бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд зиёда аз 150 номгӯй асарҳои адибон ба дасти ҳаводорони каломи бадеъ расидааст. 
Адибони хуҷандӣ зуд-зуд вохӯриҳо ташкил менамоянд, таҳкими сулҳу субот ва арзишҳои фарҳанги миллиро фаъолона тарғиб мекунанд.
Дар навбати худ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири мардумии Тоҷикистон  Низом Қосим аҳли эҷоди вилоятро таҳният гуфт, ба корҳои минбаъдаашон барорҳо хост. Ва ӯ зимнан мужда расонд, ки соли оянда Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 90-сола мегардад.
Хушоянд боз он, ки эҷодкорон дар Суғдзамин муносиб рағбатонида мешаванд. Ба ҳар як узви Иттифоқи нависандагон ҳар моҳ 200 сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад.
Дар доираи чорабинӣ, зимнан, тақдирнамоии аҳли эҷод ба иштирокдорон рӯҳбаландии дигар бахшид. Эҷодкороне, ки дар тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ, рушди адабиёти муосир ва фарҳанги миллӣ, тараннуми дастовардҳои даврони истиқлол саҳм гузоштаанд, бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз шуданд. 
Ҳамчунин ба гурӯҳи калони адибон «Нишони сухан», Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил, Ҷоизаи махсуси ба номи Маҳастии Хуҷандӣ ифтихорномаҳои ИНТ ва шуъбаи суғдии он супурда шуд. 
Дар байни мукофотгирифтагон Озарахш, Ғайрат Ҳакимов, Муҳсин Аминзода, Маъруф Бобоҷон, Додохон Эгамзод, Адибаи Хуҷандӣ ва дигар адибон буданд, ки номи онҳо аз дер бароямон ошност. 
Дар доираи чорабинӣ вохӯриву суҳбатҳои намояндагон аз Ӯзбекистон бо адибони шинохтаи тоҷик Ҳақназар Ғоиб, Абдулҳамид Самадов, Камол Насрулло, Аҳмадҷон Раҳматзод, Равшани Махсумзод, Сироҷиддин Икромӣ, Алиакбар Абдулло ва дигарон хотирмон сурат гирифт. Рӯзи дувуми сафар бо донишҷӯёни риштаи филологияи тоҷики ДДОХ мулоқот оростем. Хусусан, пазироии гарми устодони донишгоҳ Саидимрон Саидов ва Матлубаи Мирзоюнус таассуроти хуб гузошт. Вохӯрӣ бо донишҷӯёни шуъбаи филологияи ӯзбеки ҳамин донишгоҳ бо иштироки Н. Қобул ва Ш. Бӯтаев дар рӯзи дигари сафар ба вуқӯъ пайваст. Дидан кардан аз осорхонаи Хоҷа Камол, дар як вазъи ҳаяҷонбахш гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи муҳташами Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар назди кохи фарҳанг (дар сурат) дар дилу хотири мо нақши равшан гузошт.  
Шоистаи зикр аст, ки дастпарварони ин минтақа дар нахустин солҳои нашри рӯзномаи «Овози тоҷик» тақдири худро бо ин нашрияи овозадор пайвастаанд ва рӯзномаву хонандагони он аз хидмату осори илмиву адабӣ ва иҷтимоии Бобоҷон Ғафуров, Аъзам Сидқӣ, Разиюлло Абдуллозода, Суҳайли Ҷавҳаризода, Шавкат Ниёзов баҳраҳо бурдаанд. Аз ҷумла Аҳмадҷон Раҳматзод, ки вазифаи раиси Иттифоқи нависандагонро дар вилояти Суғд ба ӯҳда дорад, аз даврони ҳамкориҳояш бо «Овози тоҷик» чунин ёдоварӣ менамояд:
– Соли 1975 буд, ки ман пас аз хатми донишкада дар ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон дар мактабе аз забону адабиёти тоҷик дарс мегуфтам ва ба муносибати Рӯзи Ғалаба – 9 Май дар «Ҳақиқати Ӯзбекистон» озмун эълон гардид, ки бо чанд шеърам ман аз ғолибони озмун гардида, бо ҷоиза сарфароз шудам.
Мисли ҳамин чунин ҳамкорӣ байни «Овози тоҷик» ва қаламкашони ин минтақаи шимоли Тоҷикистон ҳамеша зиёд буд ва орзуҳое низ иброз гардиданд, ки ҳамин гуна ҳамрешагӣ дубора ба роҳ гузошта шавад, зеро барои ин алҳол тамоми шароит – аз иродаи сиёсии роҳбарони ҷумҳуриҳо то хоҳишу изни аҳли қалам мавҷуд аст.

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ,
Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигорони «Овози тоҷик».

ТОШКАНД – ХУҶАНД – ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: