Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон 21-22 ноябр ба ин мамлакат ташрифи расмӣ ба амал овард.
Рӯйдодҳои асосии ташриф 22 ноябр баргузор гардиданд.
Ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар қасри Бурбон дар Париж бо Раиси Маҷлиси миллии Фаронса Яэл Браун-Пиве мулоқот намуд.
Дар бобати минбаъд амиқсозии ҳамкории байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи иҷрои ислоҳот дар бобати минбаъд демократисозии ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ табодули афкор ба амал омад.
Роҳбари Маҷлиси миллии Фаронса ба ҷараёни бозсозиҳои вусъатноки демократӣ дар Ӯзбекистон, аз он ҷумла дар соҳаҳои рушди парламентаризм, таъмин ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодии инсон, пеш бурдани баробарии ҷинсӣ баҳои баланд дод.
Ба ҷанбаҳои таъмини баробарии ҷинсӣ эътибори алоҳида дода шуд. Даст ёфтани Ӯзбекистон ба тараққиёти бузург таъкид гардид, ки дар он занон дар мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия, тиҷорат ва соҳаи иҷтимоӣ мақоми муносибро ишғол менамоянд.
Моҳи сентябри соли 2022 дар мамлакат бори аввал Ҳамоиши 14-уми роҳбарони парлумонҳои мамлакатҳои ҷаҳон аз ҷумлаи занон баргузор гардид. Декларатсияи Тошканд дар бораи баланд бардоштани мақоми занони пешво қабул гардид.
Инчунин бархурдҳои калидӣ ба омодагии баргузор намудани ислоҳоти конститутсионӣ, ки дар доираи он ҷойгир намудани меъёрҳо дар бораи бекор кардани ҳукми куш, пурзӯрсозии кафолати ҳуқуқи инсон, ҳалли мушкилоти экологӣ ва дигар нуктаҳои муҳим ба нақша гирифта шудааст.
Дар бораи баргузор намудани мулоқоти гурӯҳи дӯстии парлумонӣ, пурзӯр намудани ҳамкорӣ дар майдонҳои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Аврупарламент, Иттиҳоди байнипарлумонӣ, Ассамблеяи парлумонии САҲА аҳду паймон ба вуҷуд омад.
Дар поёни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Китоби меҳмонони фахрӣ навиштаҷот гузошт ва раиси Маҷлиси миллии Фаронсаро даъват кард, ки ба мамлакатамон дар вақти барояш муносиб ташриф фармояд.
Дар Хонаи собиқадорони Париж, ки дар он аз рӯйи анъана чорабиниҳои расмӣ баргузор мегарданд, маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор шуд.
Дар майдон ба шарафи меҳмони олирутба хидматчиёни ҳарбии Гвардияи Ҷумҳурии Фаронса саф оростанд. Оркестри ҳарбӣ мадҳияҳои миллии ҳар ду мамлакатро навохт. Гвардиячиён аз назди роҳбари давлатамон бо қадамзании тантанавӣ гузаштанд.
Президент Шавкат Мирзиёев ва вазир-делегат оид ба масъалаҳои савдои хориҷӣ, ҷолибияти иқтисодӣ ва шаҳрвандони Фаронса дар хориҷ аз кишвар Оливе Бешт аз назди сафи қаравули фахрӣ гузашта, аъзои ҳайати расмиро истиқбол намуданд.
Пас аз маросим ҳайати Ӯзбекистон ба қасри Елисей – қароргоҳи Президенти Фаронса рафт.
Дар қасри Елисей мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Фаронса Эммануэл Макрон баргузор гардид.
Роҳбарони давлатҳо масъалаҳои минбаъд вусъат додани ҳамкории муфиди мутақобили Ӯзбекистону Фаронсаро муҳокима намуда, дар бораи рушди муносибати фарогири шарикии дараҷаи олӣ қарордод намуданд.
Пешвоён бо қаноатмандӣ рушди муттасили алоқаҳои дуҷониба, амиқсозии гуфтугӯи васеи сиёсӣ, дастгирии ҳамдигар дар доираи ташкилотҳои байналхалқӣ, пеш бурдани гуфтугӯи байнипорлумониро дар санаи 30-солагии барқарор намудани муносибати дипломатии байни Ӯзбекистону Фаронса таъкид карданд.
Дар солҳои охир миқдори корхона ва лоиҳаҳои муштарак бо иштироки ширкатҳои фаронсавӣ се баробар афзуд. Бастаи ҷории лоиҳаҳои муштараки фаъол дар Ӯзбекистон аз 5 миллиард евро зиёд гардид.
Фаъолияти муфиди тарафайни чунин ширкатҳои дараҷаи ҷаҳонӣ, мисли «Total Eren», «Veolia», «EDF», «Orano», «Lactalis», «Carrefour» ва «Shiever» дар соҳаҳои энергетика, кашшофии геологӣ, саноати хӯрокворӣ, савдо таъкид гардид.
Ҳамкорӣ бо Агентии рушди Фаронса сифати нав касб намуд, ки дар лоиҳаҳои соҳаи рушди инфрасохтори шаҳр, иқтисодиёти «сабз», санитария, гидроэнергетика, хоҷагии қишлоқ ва ғайра ширкат дорад.
Ҷамъбасти чорабиниҳои корчаллонии Ӯзбекистону Фаронса, ки дар арафаи ташриф баргузор гардид, олӣ арзёбӣ гардида, дар доираи он муоҳидаҳо ва қарордодҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба миқдори беш аз 6 миллиард евро ба имзо расиданд. Манфиатдорӣ аз минбаъд мустаҳкам намудани ҳамкории дуҷониба дар соҳаи бехатарӣ, муқовимати босамар бар зидди таҳдид ва хатарҳои бавуҷудоянда зикр гардид.
Аҳамияти рушди алоқаҳои маданиву гуманитарӣ таъкид шуд. Ҷонибҳо кушода шудани бахши Алянси фаронсавиро дар Самарқанд дастгирӣ намуданд ва ҳамчунин баргузор гардидани анҷумани дуюми таълимии Ӯзбекистону Фаронсаро 27-28 ноябри соли ҷорӣ дар Париж истиқбол намуданд. Дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи муаллимони забони фаронсавӣ мувофиқа ба амал омад.
Роҳбарон бо қаноатмандӣ дар Париж кушода шудани намоишгоҳҳои экспонатҳои мероси маданиву таърихии Ӯзбекистон «Хазинаи воҳаҳои Ӯзбекистон. Дар чорроҳаҳои ҷодаҳои корвон»-ро дар музейи Лувр ва «Роҳи Самарқанд. Мӯъҷизаи шоҳӣ ва тилло» дар Институти ҷаҳони араб дар Парижро таъкид карданд.
Роҳбарони давлатҳо инчунин дар заминаи мушкилоти муҳими байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Мулоқот дар фазои кушод, гарм ва дӯстона баргузор шуд. Дар поёни вохӯрӣ Шавкат Мирзиёев Эммануэл Макронро даъват намуд, ки дар вақти барояш мусоид ба мамлакатамон ташриф оварад.
Пас аз мулоқот дар дараҷаи олӣ дар қасри Елисей Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон бо ҳамсаронашон аз музейи Луври Париж боздид намуданд.
Лувр яке аз музейҳои калон ва оммавии ҷаҳон ба шумор рафта, соҳиби коллексияи бадеии хеле бой ва бузург мебошад. Ҳар сол аз он қариб 10 миллион нафар сайёҳ боздид менамояд.
Намоишгоҳи «Хазинаи воҳаҳои Ӯзбекистон. Дар чорроҳаҳои ҷодаҳои корвон», ки ба мероси бойи мадании халқамон бахшида шудааст, бинобар муоҳидаҳое ташкил гардиданд, ки зимни ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Фаронса моҳи октябри соли 2018 ба тавфиқ расидааст. Роҳбари давлатамон ногузирии ташкили намоиши муштараки музейҳои Ӯзбекистон ва Фаронса, васеъ намудани робитаҳои илмӣ ва мадании байни мамлакатҳоямонро таъкид кард. Байни Фонди рушди маданият ва санъати Ӯзбекистон ва музейи Лувр меморандуми марбут ба имзо расид.
Дар тӯли се соли охир барои намоишгоҳ кори ҷиддии омодагӣ бурда шуда буд. Якчанд экспедитсияи муштараки Ӯзбекистону Фаронса баргузор гардида, дар ҷараёни онҳо бисёр кашфҳои ҳафриётӣ ба вуқӯъ пайваст. Ғайр аз ин реставраторони Лувр ва мутахассисони мамлакатамон корҳои вусъатноки тармимиро дар якчанд марҳила ба амал оварданд.
Дар толори Ришеле ва Шуъбаи исломии Лувр ба вуҷуд овардани фазои васеи намоишӣ самараи ин кор гардид, ки он аз 5 навъи хронологӣ иборат аст: «Замони давлатҳо ва шоҳигариҳои воҳавӣ: диффузияи маданият аз тариқи Роҳи абрешим», «Асрҳои миёна ва гул-гулшукуфии санъат», «Паҳн гардидани ислом дар Осиёи Марказӣ, давраи эҳё дар фарҳанг ва илм», «Аз Абӯалӣ Сино то Чингизхон», «Замони империяҳои бузург: давраи Темуриён ва Шайбониён».
Экспозитсияе, ки беш аз қитъаи 1500-солаи таърихи Ӯзбекистонро фаро мегирад, аз 138 ашёи нодири 16 музейи мамлакатамон, аз он ҷумла 70 экспонате, ки якҷоя махсус ба намоишгоҳ тармим гаштааст, иборат аст. Инчунин ба коллексия 31 экспонат аз бузургтарин музейҳои Фаронса, Британияи Кабир ва ИМА дохил гаштааст.
Роҳбарони Ӯзбекистон ва Фаронса, ки аз аввалин боздидкунандагони намоишгоҳ буданд, бо ҳамроҳии кураторони он бо ашёҳои санъати таърихӣ аз куҳаншаҳрҳои Далварзинтеппа ва Халчаёна, нигораҳои девории толори сурхи Варахша, девораи наҷҷории Кофирқалъа, саҳифаҳои Қуръони Катталангар, дарвозаи дутабақаи мақбараи Амир Темур, навиштаҷоти тасвирҳои сафирон дар Афросиёб ва дигар экспонатҳо шинос гардиданд. Дар бораи ба вуҷуд овардан ва дарёфт намудани онҳо вобаста ба таърихи замон ва шахсиятҳои онҳо маълумоти муфассал ироа гардид.
Роҳбарони давлатҳо дараҷаи баланди ташкили намоишгоҳ ва муҳити махсуси онро таъкид намуда, барои ҳамаи онҳое, ки ба тайёрии ин рӯйдоди дар ҳаёти мадании ҳар ду мамлакат муҳим саҳм гузоштаанд, арзи сипос намуданд.
Таъкид шуд, ки намоишгоҳи Лувр барои минбаъд мустаҳкам намудани робитаҳои таърихии қадима, дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми натанҳо байни халқҳои Фаронса ва Ӯзбекистон, балки байни Аврупо ва Осиёи Марказӣ хидмат менамояд.
Намоишгоҳ то 6 марти соли 2023 идома хоҳад ёфт.
Пас аз он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон якҷоя бо ҳамсарони худ аз Институти дунёи араб дар Париж боздид намуданд.
Ҳоло ҳозир аз ҷониби институт ва Фонди рушди маданият ва санъати назди Девони Вазирони Ӯзбекистон якҷоя намоиш зери унвони «Роҳи Самарқанд. Мӯъҷизаи шоҳӣ ва тилло» ташкил гаштааст, ки дар он мероси бойи моддии Ӯзбекистони ҳудуди асрҳои XIX-XX намоиш дода шудааст.
Бори аввал дар Фаронса аз 23 ноябри соли ҷорӣ то 4 июни соли 2023 беш аз 300 экспонат аз 9 музейи калони Ӯзбекистон ба ҷамъияти васеи байналхалқӣ намоиш дода мешавад.
Ба экспозитсия коллексияи бофандагӣ, ашёҳои пӯшок ва пойафзор, кулоҳҳо, ороишоти ҷавоҳирӣ ва ҳамчунин 24 осори наққошии авангарди туркистонӣ аз музейҳои Нуқус, Самарқанд, Бухоро ва Тошканд дохил гаштаанд. Дар доираи омодагӣ 89 ороишоти ҷавоҳирӣ таъмир гаштаанд.
Барои президентҳо дар намоишгоҳ экскурсия ташкил гардида, дар бораи экспонатҳо маълумоти муфассал дода шуд.
Ҷониби Фаронса аз зебоӣ ва нафосати ашёҳо изҳори тааҷҷуб намуд, ки онҳо аз даҳои эҷодӣ ва ҳунармандии ниёгон-ҳунармандонамон далолат менамуданд.
Ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Фаронса босамар буд.
Дар поёни ташриф роҳбарони давлатҳо Изҳороти муштаракро бо мақсади рушди муносиботи фарогири шарикии дараҷаи олӣ қабул намуданд.
14 шартнома имзо гардид, ки ба минбаъд васеъ намудани муносибати Ӯзбекистону Фаронса нигаронда шудааст. Дар байни онҳо Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ бо Агентии рушди Фаронса оид ба татбиқи Барномаи ҳамкорӣ дар солҳои 2023-2025 ва Барномаи ҳамкории байни идораҳои сиёсати хориҷӣ дар солҳои 2023-2024 мавҷуд.
Инчунин декларатсияҳо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мероси маданиву таърихӣ, таълимоти томактабӣ, халқӣ ва олӣ, рушди хидмати давлатӣ ба имзо расиданд.
Ҳуҷҷатҳо дар соҳаҳои авиатсияи шаҳрвандӣ, мубориза бар зидди коррупсия, баланд бардоштани малакаи судяҳо, таълими забони фаронсавӣ ва аз рӯи дигар самтҳо қабул гардиданд.
Бо ҳамин ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Фаронса ба поён расид.
ӮзА.
Сурати Хидмати матбуоти
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.