ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД...

Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Бобоҳоҷӣ»-и ноҳияи Пешкӯ чор деҳа: Боқимиришкор, Шоваре, Бобоҳоҷӣ, Талирӯд ва 4910 нафар аҳолӣ дорад.

Ҳамаи онҳо тоҷиконанд. Мактаби миёнаи рақами 18-уми тоҷикии  ба номи Сергей Лазо буд. Се сол муқаддам соҳиби мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» гардидани шогирди ҳамин мактаб Ҷаҳонгир Норбоевро шунида ин ҷо омада будам. Баъди мулоқот бо роҳбарони таълимгоҳ, падари Ҷаҳонгир – омӯзгори фанни математикаи мактаб Ҷӯрабек Муродов ва худи Ҷаҳонгир, ки донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон аст, мақолаи мо дар бораи онҳо таҳти унвони «Ҷаҳонгир – писари Ҷӯрабек Муродов» дар «Овози тоҷик» чоп шуда буд.
Тобистони соли ҷорӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон – 30 июн бо қарори Президент Ш. Мирзиёев соҳиби Мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» гардидани гурӯҳи ҷавононро аз матбуот дида, хеле хурсанд шудам. Аҷибаш дар он, ки байни тақдирёфтагон боз як шогирди дигари мактаби миёнаи рақами 18-уми деҳа  Анварбек Саъдуллоев низ буд. Оё тасаввур мекунед, бо қарори Сарвари давлат соҳиби  мукофоти давлатӣ шудани ду нафар талабаи як мактаби назарногири деҳаи дурдасти шафати дашт дар се соли охир магар кори саҳл аст?! Муҳимаш ин, ки сабабгори комёбиҳои ғайриодии ин ҳар ду ҷавони соҳибиқтидор, чи хеле ки таъкид ёфт, омӯзгори фанни математикаи мактаби рақами 18 Ҷӯрабек Муродов мебошад.
Орзуи мулоқот бо ин омӯзгори заҳматкаш моро боз сӯйи маҳаллаи «Бобоҳоҷӣ»-и ноҳияи Пешкӯ раҳсипор намуд. Ҳангоме ки мо вориди ҳавлии мактаб шудем, дарси аввал поён ёфта, омӯзгорону бачагон дар ҳавои кушод истироҳат доштанд. Ҷӯрабек Муродов низ дар ҳалқаи ду-се нафар ҳамкасбон саргарми суҳбат буд. Мо бо ҳам самимона вохӯрдем.
Директори  мактаб Умар Ботиров дар мактаб набуд. Мудири қисми илмӣ Нарзулло Нуруллоев баъди каме мулоқот бо кор ба шуъбаи таълими халқи ноҳия рафт. Пас аз оғози дарси навбатӣ суҳбати мо бо Ҷ.Муродов дар ҳавои кушод давом кард. Вай зодаи деҳаи Шоваре буда, дар оилаи корманди соҳаи савдо Норбой Муродов ба дунё омада ба воя расид. Азбаски модараш Ҳакима Ҳоҷиева омӯзгори синфҳои ибтидоӣ буд, ба тарбияи ҳар ду фарзанд: Зулхумор ва Ҷӯрабек эътибори аввалиндараҷа медод. Беҳуда нест, ки онҳо баъди хатми мактаби миёнаи рақами 18 пайрави касби модар шуданд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки Ҷӯрабек ду соли охир таҳсилро дар литсеи фанҳои табиии деҳаи Чибоғонӣ давом дод. Аз омӯзгорони пуртаҷриба Мустафо Бобоев, Бобир Ҳоҷиев, Отақул Наврӯзов, Салом Камолов асрори фанни математикаро омӯхт ва ба ҳамин фан дил баст. Соли 2000 бахти донишҷӯйи факултети физикаю математикаи ДДБ гардидан насибаш гашт. Баъди чор сол ба зодгоҳ баргашт ва фаъолияти меҳнатиашро дар мактабе, ки худ то синфи 9 он ҷо таҳсил гирифта буд, оғоз намуд. Дар таълимгоҳ ба туфайли хидматҳои Ҷ. Муродов хонондани фанҳои математикаю информатика ранги намунавӣ гирифт. Талабагони мактаб нафақат дар озмунҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ, балки дар қувваозмоиҳои байналхалқӣ низ комёб мешаванд. Хусусан шогирдони иқтидорноктаринаш – соҳибони медалҳои нуқрагину биринҷии озмунҳои байналхалқӣ писараш Ҷаҳонгир Норбоев ва Анварбек Саъдуллоев қуллаҳои баландтарини илмро фатҳ намуда, сазовори мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» гардиданд ва ба мояи ифтихори ҷамоаи мактабу ҳамдиёрон табдил ёфтанд.
Ҷаҳонгир Норбоев ҳоло донишҷӯйи курси чоруми Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон,  мехоҳад, ки ҳамчун падараш омӯзгори пуриқтидори фанни математика шавад. Вай аллакай ҳамчун мутахассиси болаёқат ба аъзоёни командаи яккачини мамлакат аз фанни математика сабақ медиҳад. Шогирди дигари Ҷ. Муродов Анварбек Саъдуллоев бошад, имсол дар озмуни ҷаҳонии фанни математика дар шаҳри Чибоии Ҷопон иштирок намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид. Ҳамин тариқа вай соҳиби имтиёз – ҳуқуқи ба таълимгоҳи олии дилхоҳ бе имтиҳон даромада хонданро  соҳиб шуд. Дар арафаи қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба таълимгоҳҳои олӣ соҳиби мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» шудани А.Саъдуллоев бошад, имтиёзи ӯро дутарафа гардонд. Вай монанди ҳамдеҳааш Ҷаҳонгир дар шуъбаи математикаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон давом додани таҳсилро маъқул ёфт.
Шогирдони зиёди Ҷ. Муродов бо худи омӯзгор дар мактаб, таълимгоҳҳои ҳамсоя, мактаби олӣ ва ғайра фаъолият нишон медиҳанд. Номзади илм, дотсенти ДДБ Розиқ Каримов ва Озодбек Ҳодиев аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Солҳои охир сарвари давлат ба ислоҳ намудани соҳаи мактабу маориф, таълиму тарбия, боло бардоштани обрӯю эътибори омӯзгор, мувофиқи самараю сифати кораш ҳавасманд гардондани вай, аз сарборию машғулиятҳои берун аз соҳа озод карда шудани омӯзгор ғамхориҳои мислаш диданашуда зоҳир мекунад, то ки дар таълимгоҳҳо бунёдкорони ҳақиқӣ, муносиб ва ҳаматарафа комили Ӯзбекистони Нав ба воя расанд.
Омӯзгори заҳматкаш Ҷ. Муродов, ки имсол чилсола шудаасту дар мактаби дӯстдоштааш соли бистум фаъолият нишон медиҳад, қаноатманд аст, ки хидматҳои хоксоронааш бесамар намемонад. Омӯзгори тоифаи олӣ Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон, соҳиби медали «Шуҳрат» гардидани вай инро собит мекунад. Имсол баробари шогирдаш А.Саъдуллоев, ки дар озмуни байналмилалии Ҷопон комёб гардида, сазовори 66 млн. сӯм маблағ гаштааст, соҳиби 49 500 ҳазор сӯм мукофоти пулӣ шудани омӯзгор, бешубҳа, боз як намуди қадршиносист.
– Шояд маошатон низ аз дигарон фарқ кунад? – рӯ овардам ба омӯзгор.
– Ҳа, маошам 1,5 баробар (150 фоиз) афзуда, ба 16 миллион сӯм расидааст, – ҷавоб дод вай.
– Имрӯз кадом ҷиҳати фаъолияти омӯзгорӣ ба шумо маъқул аст?
– Кам шудани коғазбозӣ.
Бояд таъкид намуд, ки мактаби миёнаи рақами 18-уми ноҳияи Пешкӯ 770 нафар талаба, 60 нафар омӯзгор дорад. Ин ҷо ҷараёни таълиму тарбия дар як баст сурат мегирад. Бинои мактаб дуошёна буда, 850 нафар талабаро ғунҷонда метавонад.
Дар мактаб Муродулло Файзуллоев (забони хориҷӣ), Эъзоза Насруллоева (биология), Фурқат Наврӯзов (таърих) барин омӯзгорони пуртаҷриба зиёданд.
Муаллим Ҷӯрабек Муродов ба маҳфили фанни математика 30 нафар талабагони баумедро ҷалб намуда, бо онҳо машғулияти берун аз синфӣ мегузаронад. Вай пас аз дарс дар муҳити хонадон низ серкор аст. Бо ҳамсараш Диловар Ҳусенова 2,5 гектар замини чорбоғу алафро ба иҷора гирифта, 17 сар чорворо нигоҳубин мекунанд. Корхонаи таксичиён – «12-64» ба онҳо дахл дорад. Се фарзанди оила – ду писару як духтар дар муҳити илмдӯстӣ ба воя расидаанд. Чи хеле ки гуфтем, Ҷаҳонгир – нахустфарзанди онҳо. Бобур – донишҷӯйи курси дуюми факултети физикаю математикаи ДДБ. Гуласал – толибаи синфи 11-уми мактаби миёна, вай орзуи духтурӣ дорад. Писарон пайравони падаранд. Онҳо мехоҳанд бо касби падар ба халқу Ватан хидмат карда, чун қиблагоҳашон сарбаланд бошанд. Бадриддини Ҳилолӣ беҳуда нагуфтааст:
Илмат ба амал чу ёр 
гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: