ВАРЗИШ – САФИРИ ДӮСТӢ

Солҳои ҳокимияти шӯроҳо шиори «Варзиш – сафири сулҳ» хеле маъмул буд.

 Ин шиор дар даромадгоҳи аксар деҳоти кӯҳпояи Нурато дар ҷойи ба ҳама намоёни нимаи кӯҳҳо ва ё теппагиҳо бо калонсангҳо навишта мешуд. Пас рӯйи сангҳо бо оҳакоб ва хокаи он сафед карда мешуд. Мегуфтанд, ки варзиш, одамонро ба ҳамдигар наздик ва ҳамдилии онҳоро таъмин мекунад. Ин ҳақиқати воқеӣ кунун хуб ба мушоҳида мерасад.
Имрӯз дар ҳама ҷо сухан аз футбол ва ғалабаи футболбозони дастаи миллии Тоҷикистон меравад, ки бори аввал дар мусобиқоти Ҷоми Осиё иштирок намуда, ба даври чорякфиналӣ баромаданд, як дастоварди хеле бузургу хурсандибахш аст. Бозии дастаи миллии Тоҷикистонро бо тими миллии Аморати Муттаҳидаи Араб дар Ӯзбекистон ва бевосита дар майдони бозӣ ҳазорҳо нафар мухлисон бо як ҳиссиёти баланд тамошо карданд. Мухлисони ӯзбекистонӣ бародарони тоҷики худро бо пирӯзии таърихсоз дар футболи тоҷик тариқи шабакаҳои интернет ва расонаҳои ахбори оммавӣ мубораку шодбошиҳои худро изҳор доштанд.
Бозии футбол бори дигар собит намуд, ки ӯзбекону тоҷикон бо якдигар ҳамнишину ҳамқисматанд. Ҳамдамиву ҳамдилӣ буд, ки дар варзишгоҳ низ даҳҳо нафар ӯзбекистониҳоро  бо Парчами давлатии Тоҷикистон дидем. Онҳо ба тими миллии Тоҷикистон мухлисӣ мекарданд. Футбол рамзи иттиҳоду ваҳдат аст. Вожаи ваҳдат чун сулҳ, ростагорӣ, дӯстӣ, садоқат, ҳамдамӣ маънидод шудааст.
Бешубҳа, варзиш таҷассумгари дӯстии халқҳо будааст, ба вижа таҷассумгари дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек. Вақте ки футболбозони тоҷик ғолиб шуданд, мухлисони ӯзбекистонӣ аз ҳама бештар дастгирӣ карданд. Ҷавобан ба ин футболбози тоҷик Парчами давлатии Ӯзбекистонро низ дар майдон бардошт. Пирӯзии тими футболи Ӯзбекистонро мардуми Тоҷикистон низ гарм истиқбол гирифта, тариқи расонаҳои ахбори оммавӣ ва сомонаҳои интернет табрикоти хешро изҳор намуданд.
Варзиш муаррифгари миллату кишвар будааст. Футбол, ки бозии миллионҳо одамон мебошад, номи кишвару миллатро зуд ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Далели боэътимоди ин нукта табрикоти бародарони эрониву Афғонистон, аврупоиёну дигар мардум мебошад. 
Варзиш рамзи сулҳ, садоқату дӯстӣ ва ҳамдамиву ҳамдилӣ буд, ки 6 апрел аз ҷониби СММ «Рӯзи ҷаҳонии варзиш барои сулҳ ва тавсеа» номгузорӣ шудааст. Ин рӯз дар воқеъ оғозгари нахустин давраи Бозиҳои олимпии тобистонӣ дар соли 1896 бо мизбонии Юнон буд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: