Бо мақсади беҳтар шудани қоидаи имло ва ислоҳи ғалатҳои воридшуда дар навишту гуфтор бо гузашти замон ва зарурат дар фарҳанги имло ва аломати китобат тағйироту иловаҳо ворид карда мешаванд.
Чунин тағйироту иловаҳо аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон соли 2011 ва 2021 ҷорӣ карда шуд.
Ислоҳоту тағйироти воридшуда аз нигоҳи илмӣ ва қоидаҳои меъёри забон хеле муҳиманд ва чанде аз камбудиҳои пешинаро ислоҳ кардаанд. Бо таассуф, бо гузашти чанд сол дар навишту гуфтори дастандаркорони кишвар: донишмандон, масъулони матбуот ва хабарнигорон, кормандони воситаҳои ахбор бештари ғалатҳои ислоҳшуда ба гунаи пешин такрор мешаванд.
Барои шиносоии бештари шумо мо тағйироту ислоҳоти асосии соли 2011 «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» (Душанбе, 2013), «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобатии забони тоҷикӣ» (Душанбе, 2021)-ро пешкаш карда, хоҳишмандем барои эҳтироми забони модарӣ ин қоидаҳоро риоят кунед:
Калимаҳои зерин бар пояи меъёри забони форсӣ-тоҷикӣ бе ташдид навишта мешаванд: кумак, мукӣ, сода, паша (2013, с. 6);
бо меъёри фарҳангномаҳои куҳан бо ҳарфи «у» навишта мешаванд: муҳтарам, муътабар, муҳр, муъҷиза (2013, с. 5);
– дар калимаҳое, ки дар бунёдашон ҳарфи «й» (йот) доранд, ҳангоми қабули бандаки изофӣ ё ҷузъҳои дигар ҳарфи «й» навишта мешавад: чойи сиёҳ, ҷойи муносиб, лойи ..., пойи ..., рӯйи ..., мӯйи ..., сӯйи ... ҷойи ... ;
– дар калима ва таркибҳои навъи: найистон, оройиш, осойиш, намойиш, чораҷӯйӣ (2013, с. 9);
фаъол (2013, с. 9); таъйин (2013, с. 242); тағйир (2013, с. 233);
– дар калимаҳои иқтибосии арабӣ «у» навишта мешавад: мавзуъ, таваҷҷуҳ, таваққуъ, шуъба, шуро (2021, с.5);
– дар байн ва анҷоми калимаҳои форсии тоҷикӣ «ӯ» навишта мешавад: рӯз, гӯш, зӯр, дӯст, бӯ(й), рӯ(й), мӯ(й);
дар ҳиҷои дуюми калимаҳои форсии тоҷикӣ: андӯҳ, дурӯғ, фурӯғ, гурӯҳ, шукӯҳ (2013, с. 21);
– бо ҳарфи калон: номҳои Худо: Худо, Парвардигор, Яздон, Аллоҳ, Эзид... (2013, с. 13; 2021, с. 19);
– ҳарфи аввали калимаи нахуст ва исми хоси анҷуманҳо, ҷашну идҳо, форумҳо: Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, Ҷашни 1400-солагии Борбад, Ҷашни 30-солагии Истиқлоли...;
– ҳарфи аввали калимаи нахуст ва исми хоси таркиби мукофотҳои давлатӣ, унвонҳо: Қаҳрамони Тоҷикистон, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии..., (ордени) Исмоили Сомонӣ, (ордени) Шараф, (медали) Хизмати шоиста ва ғайра;
– калимаи нахуст ва исми хоси дохили номи таркибии идора, мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ: Вазорати..., Кумитаи..., Агентии..., Хадамоти..., Саридораи..., Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри..., Китобхонаи... Донишгоҳи... (2013, с. 13);
Эзоҳ: номи мансаб, дараҷа ва унвонҳои илмӣ, рутбаҳои (тахассусӣ, давлатӣ ва ҳарбӣ) бо ҳарфи хурд навишта мешаванд: вазир, раис, роҳбар, ректор, директор, муовин, номзади илм, доктори илм, дотсент, профессор, академик, генерал ва ғ. (2013, с. 23);
– китобҳои муқаддаси динӣ: Қуръон, Таврот, Инҷил, Авасто, Забур, Аржанг... (2021, с. 20);
– ҳарфи аввали номи сулолаҳои таърихӣ: Ҳахоманишиён, Ашкониён, Сосониён, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён... (2013, с. 12, 2021, с. 20);
– пеш аз аъзои истисноӣ тире ва баъди он вергул гузошта мешавад: Ман – Фирӯз, ...; Ман ӯро – Фирӯзаро... (2021, с. 47);
ҷинсияти калимаҳои иқтибосӣ истифода намешавад: муҳтарам, муаллим, раис, шоир, котиб, адиб (2021, с.11).
Агар аъзои истисноӣ ҳаҷму андозаи маънои аъзои муқаррариро мушаххасу саҳеҳ кунад, аз ду тараф бо аломати вергул ҷудо карда мешавад: Ҳоло бисёриҳо, махсусан ҷавонон, аз кӯҳистон оҳиста-оҳиста ба водӣ мекӯчанд.
Аломати тире дар исмҳои фосилаи замон: автобуси Душанбе – Бохтар; роҳи Душанбе – Ҳисор), (2021, с. 57);
аломати тире дар миёни баёнияи истисноӣ ва муайяншаванда: Беҳрӯз – донишҷӯйи соли аввал, ...; Олимӣ – устоди донишгоҳ, ...) (2021, с. 47)
ТАРЗИ НАВИШТИ КАЛИМА, ИБОРА ВА ҶУМЛАҲОИ БАҲСАНГЕЗ
– калима, ибора ва ҷумлаҳои туфайлӣ (дар байн – аз ду тараф, дар аввали ҷумла – пас аз он аломати вергул; агар пас аз пайвандаки пайвасткунанда омада бошад, пеш аз он вергул гузошта намешавад):
амалан, хушбахтона, умуман, махсусан, асосан, фарзан ва ҳоказо.
(Аз интернет гирифта шуд).