ШОДИЁНА БА ДЕҲА ШОДИЁНА ОВАРД

Ҳамон рӯз саҳни мактаби таҳсилоти умумии рақами 28-уми ноҳияи Сӯх намои идона касб менамуд.

Омӯзгорону донишомӯзон ҳамроҳи аъзои кумитаи падару модарони мактаб ва меҳмононе, ки аз шуъбаи таълими халқ ташриф овардаанд, барои сазовор истиқбол гирифтани яке аз ғолибони олимпиадаи марҳилаи ҷумҳуриявии забон ва адабиёти тоҷик Шодиёна гирдиҳам омада буданд. Дар чеҳраи ҳама шодиву тараб ва хурсандӣ гул мекард. Саҳни мактаб ва атрофу акнофро бӯи хуши гулҳои тару тоза таровати хос мебахшид. 
Ин дам мошине омад ва дар шафати роҳи калон, муқобили дарвозаи мактаб қарор гирифт. Аз он омӯзгори мактаб Равшан Амалов ва Шодиёна Собирҷонова фаромаданд. Омӯзгорону донишомӯзони мактаб саф кашида, онҳоро истиқбол гирифтанд. Роҳбари мактаб Дониёр Ҳакимов бо тантана эълон кард, ки шогирди мактаби онҳо Шодиёна Собирҷонова дар олимпиадаи марҳилаи ҷумҳуриявии забон ва адабиёти тоҷик ба гирифтани ҷойи дуюм мушарраф шудааст.
– Ин нахустин ҳодисаи гуворову тарабафзост, ки ҷамоаи мактаби мо тавассути шогирди боақлу ирода ва устоди ӯ ба он ноил гардид. Шогирдони мо дар олимпиадаҳои зиёд ширкат намудаанд, вале имкон даст надода буд, ки сазовори ҷойи ифтихорӣ шаванд. Ин орзуву ормонҳоро Шодиёна рӯи об баровард. Ба вай ғайр аз диплом ба миқдори 2 миллиону 700 ҳазор сӯм мукофотпулӣ ва телевизор насиб гардид, – изҳор намуд Дониёр Ҳакимов.
Мудири мактаб боз афзуд, ки муҳити хонаводагии Шодиёна низ барои ширкаташ дар олимпиада басо мусоидат намудааст. Падари Шодиёна омӯзгори фанни биология мебошад ва солҳост, ки дар мактаб муваффақона фаъолият мекунад.
– Модараш – Рухшона ҳарчанд кадбонуи хона аст, вале мактаби миёнаро бо баҳоҳои аълову хулқи намунавӣ хатм кардааст. Бобову бибии модариаш – Носирҷон Аблаев ва Баррахон Ҳасанова то расидан ба синни нафақа дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 13-уми деҳаи Ҳушёр ба фарзандони мардум сабақ додаанд ва ҳамчун собиқадорони маориф дар байни мардум эътибори баланд пайдо кардаанд, – таъкид варзид Д. Ҳакимов.
– Ҳаргиз гумон намекардам, ки чунин рӯзи накӯ ва фирӯз ба ман низ насиб мекунад. То даври ниҳоӣ ва натиҷагириҳо гумон мекардам, ки ману устодам вақтамонро ройгон сарф карда ба Тирмизшаҳр омадем, вале олимпиада ҳаққонӣ гузашт ва ман барои посухи дурусти суолҳо ва навиштани иншо тамоми донишу маҳоратамро сарф намудам. Аз устодам Равшан Амалов, ки барои иштирок дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ заҳмат кашиданд, басо сипосгузорам. Он кас маро ҳамеша руҳбаланд мекарданд, – гуфт бо ифтихор Шодиёна.
Дар ин маросим намояндагони шуъбаи таълими халқи ноҳия, ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои Ҳушёр, Қақир ва Бодомзор, аъзои кумитаи падару модарони мактаб ба сухан баромада, ин муваффақиятро ба Шодиёна ва ҷамоаи омӯзгорони мактаби рақами 28-ум шодбош гуфтанд. 
Ёдам расид, ки чанде муқаддам ба ин мактаб саре задам. Вориди саҳни ҳавлии он шудам, ки ҷонишини мудири мактаб оид ба маънавият ва маърифат Шаҳзод Султоналиев ба истиқболам омад.
Ҳарду лаҳзае дар бораи рафти таълиму тарбия дар мактаб суҳбат кардем. Андармони тамошову хондани суратҳову лавҳаҳои овезон будам, ки Шаҳзод гуфт:
– Муаллим, шумо бо донишомӯзони синфҳои болоии мактабамон мулоқот мекардед. Барояшон камтар аз кору фаъолияти худ нақл мекунед ва аз онҳо мепурсед, ки дар оянда чӣ нақшаҳо доранд.
– Хеле кори хуб ва айни муддао хоҳад буд, – гуфтам фавран розӣ шуда.
Дар як синфи калону барҳаво маро донишомӯзони зиёд истиқбол гирифтанд. Чанд лаҳза доир ба пешаи журналистӣ маълумот додам ва дар идома перомуни фаъолияти хабарнигориам таваққуф намудам. Баъд суҳбатамон шакли озодро касб намуд ва он аз тариқи саволу ҷавоб давом кард. 
Дар байни донишомӯзон духтараке таваҷҷӯҳамро ҷалб намуд, ки нисбат ба ҳамтоёни худ озодона ҳарф мезад, дар саволу ҷавоб, ташреҳу тавзеҳи ягон мавзӯъ ва масъала, ё қироати шеър фаъолнокии бештар нишон медод. Кунҷковиам боло гирифт ва пурсидам, ки духтари кӣ мешавад.
Духтарак посух дод, ки духтари муаллим Бахтиёр Содиқов. Вақте пурсидам, ки дар оянда соҳиби кадом касб хоҳад шуд, фавран гуфт, ки омӯзгор шуданист. Барои ҳамин шабу рӯз тайёрӣ мебинад, то ки шомили донишгоҳ шавад.
Бахти ӯ хандида будааст, ки ҳоҷат ба супурдани имтиҳонҳои дохилшавӣ намонд. Шодиёна аллакай ба сифати яке аз ғолибони олимпиадаи марҳилаи ҷумҳуриявӣ ба таври автоматик ба факултаи филологияи донишгоҳи дилхоҳаш дохил хоҳад шуд. 
Дарвоқеъ, донишомӯзони мактаби таҳсилоти умумии рақами 28-уми ноҳия дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ мунтазам ширкат мекунанд ва ғолиб мебароянд. Ду сол қабл Фархунда Мандонова аз ин мактаб дар олимпиадаи вилоятӣ ғолиб баромадааст ва дар марҳилаи ҷумҳуриявии он сазовори ҷои чорум гаштааст. Фариштамоҳ Ҳасанҷонова (синфи 9) ва Зиёратхон Қодирҷонова (синфи 10) дар олимпиадаи вилоятӣ ғолиб баромада, сазовори диплом ва 1 миллиону 980 ҳазор сӯмӣ подоши пулӣ низ гардидаанд.  
Ҳоло дар мактаб 243 нафар фарзандон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо 31 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд, ки 21 нафарашон соҳиби маълумоти олӣ ва 10 нафар соҳиби маълумоти олии нопурра мебошанд. Омӯзгорони тоифаи олӣ Илёсҷон Олимов (ҷуғрофия), Илёсҷон Мутиллоев (риёзиёт), Латофат Нурматова (англисӣ) ва Нилуфар Тешабоева дар байни дигарон таҷрибаи бештар ҳосил намудаанд ва барои дигарон намунаи ибрат мебошанд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: