МАКТАБҲО БО ҶИҲОЗҲОИ ВАРЗИШИВУ МУСИҚӢ ТАЪМИН ГАРДИДАНД

Ҷавонони кишвари мо баробари соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ дар рушду нумӯи варзишу мусиқӣ фаъол иштирок менамоянд.

Қарори роҳбари давлат «Дар бораи чорабиниҳои изофавӣ оид ба боз ҳам рушд додани соҳ аи маданият ва санъат» дар ин бобат дастурамали муҳим гардид. 

Аз тарафи Вазорати таълими томактабӣ ва мактабии ҷумҳурӣ соли хониши ҷорӣ ба 948 мактаби вилояти Сурхондарё 7 намуд таҷҳизоти мусиқӣ ва 5 намуд таҷҳизоти варзишӣ супорида шуд. 
Аз ҷумла, ҳамаи мактабҳои ноҳияи Сариосиё бо чунин ҷиҳозҳо таъмин гардидаанд, ки хонандагон дер боз инро орзу мекарданд. Фароҳам оварда шудани чунин шароит ба сифатнокии таълим ва рушди намудҳои варзиш саҳми зиёд хоҳад гзошт. 

(Мухбири худамон).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: