ДАР ОЛАМИ ВОЖАҲОИ ЯК ЗАБОНИ МУҚТАДИР

Забони форсӣ аз забонҳои бисёр қадима ва муқтадири дунёст, ки дар тӯли таърихи дароз таҳаввулоти зиёдеро аз сар гузарондааст.

Иқтидори ин забони шевову зеборо ҳамосаи безаволи Фирдавсӣ — «Шоҳнома», «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддин Балхии Румӣ, «Хамса»-ҳои Низомии Ганҷавӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, «Ҳафт авранг»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, насри ривоятӣ ва садҳо девони шоирони рангинхаёл ба маъраз гузоштаанд.
Имрӯз бо ин забони муқтадир, асосан, дар чаҳор кишвари дунё: Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва қисман дар Ҳиндустону Покистон табодули афкор менамоянд, китоб менависанд ва рӯзномаву маҷалла чоп мекунанд.
Соҳибони ин забон дар кишварҳои ҳамсоя ва дигар минтақаҳои ҷаҳон низ буду бош доранд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳамаи забонҳои дунё, аз он ҷумла забони форсии мо, поккории муттасилро тақозо дорад. Ин поккориро забоншиносон, ҳангоми тартиб додани фарҳангҳои гуногун (имло, тафсирӣ, соҳавӣ) ва шоиру нависандагон дар ҷараёни таълифи осори бадеӣ ба амал татбиқ менамоянд.
Форсии дарӣ, форсии тоҷикӣ ва форсии эронӣ ба масал се шохи тануманди як дарахт ё се шохоби як дарёи азиманд. Фикр мекунам, гарчи ин шох ё шохобҳо аз ҳам ҷудоянд, набояд баргу борашон рангу тамъи дигар дошта бошад...
Аз ин дидгоҳ, барои инҷониб хушоянд нест, ки вожаву калимаҳои дар се шох ё шохоб мустаъмал шаклу талаффузи мутафовит дошта бошанд. Бигирем, вожаҳои «меҳрбон», «Парвардгор», «парвардан», «парварда»-ро. Дар форсии тоҷикӣ ин вожаҳо дар шакли «меҳрубон», «Парвардигор», «парваридан», «парварида» истифода мешавад. Вале эрониёну афғонистониён вожаҳои мазкурро дар шакли «меҳрбон», «Парвардгор», «парвардан», «парварида» менависанд ва талаффуз мекунанд. Бисёр мехостам шакли форсии тоҷикии ин вожаҳо мутобиқ ба тарзи талаффуз ва навишти форсии эронӣ ва дарӣ бошанд. Калимаи «меҳрбон» аз ду реша: «меҳр» ва «бон», ки маънои парварандаи меҳр, меҳрварзро дорад, сохта шудааст. Суоле пайдо мешавад, ки дар байн пайвандаки «у» аз куҷо омадааст,  магар он ягон вазифаро иҷро мекунад? Вожаи «Парвардгор» аз решаи «парвард» ва пасванди «гор», ки ифодакунандаи амал мебошад, таркиб ёфтааст. Суоле ба миён меояд, ки дар байн бандаки изофии «и» чӣ вазифаро иҷро мекунад? Чунин ба назар мерасад, ки дар вожаҳои «парвар(и)дан» ва «парвар(и)да» низ бандаки изофии «и» мавқеашро пайдо накардааст. Дар форсии эронӣ низ вожаҳое, ба мисли «пурса» (суол), «ҷилӯ» дучор меоянд, ки собиқаи таърихӣ надоранд, дар дигар шеваҳои форсӣ мустаъмал нестанд.
Имрӯз мо тоҷикони Осиёи Марказӣ вожаи «авқот»-ро ба маънои хӯрок, таом, ғизо истифода мебарем. Бародарони қазоқ ва ӯзбек ин вожаро дар шакли «овқат» ба кор мебаранд. То ба наздикиҳо меандешидам: «авқот»-ро, ки шакли ҷамъи «вақт» аст, чӣ хел метавон истеъмол кард? Чанде қабл дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (қисми 2) ба вожаи «ақвот» рӯ ба рӯ омадам, ки ба маънои «қут» ва «ғизо» омадааст. Пас, «авқот» шакли вайроншудаи «ақвот» аст. Натиҷагирӣ ин аст, ки агар мо «авқот»-ро ба маънои «вақтҳо» истифода барем, дуруст аст, вале  «авқот» ба маънои «қут» ва«хӯрок» саҳеҳ набошад.
Ин гуногуннависӣ ва талаффузҳои мутафовит ба забони ҳол мегӯянд, ки омма вожаҳоро на ҳамеша дуруст талаффуз мекунад. Ҷойи шубҳа нест, ки эҷодкори забон халқ аст. Вале бе таҳлилу санҷиш, дар пайравии омма, ба таркиби луғавии забони меъёр ё адабӣ ворид намудани вожаҳо саҳлангорие беш нест. Кору амал хуб аст, ё бад, бар асари такрорёбӣ, ба одат табдил меёбад. Мисолан, маълум нест, ки гузаштагони мо кай вожаи «ақвот»-ро дар шакли «авқот» қабул кардаанд. Бо мурури вақт он дар шакли «авқот» кор хӯрд, дар зеҳнҳо нишаст. Ҳоло ба имрӯзиён гӯед, ки «авқот»-ро дар шакли «ақвот» (мисолан, «ақвот хӯрдам») бинависед ва талаффуз кунед, мутаҳаййир мешаванд. Ва ба гумон аст, ки хоҳиши шуморо бипазиранд...
Фикр мекунам, ки вақти таҷдиди назар намудан ба вожа ва ибораҳои мавриди истифода дар се шохаи забони форсӣ фаро расидааст. Чӣ хубӣ дошт, агар дар ин кори хайр ҳамзабонони хориҷии мо низ камари ҳиммат мебастанд. Зеро форсии тоҷикӣ, форсии афғонистонӣ ва форсии эронӣ як забонанд, на се забон.

А. СУБҲОНОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: