Президенти Ӯзбекистон аз намоишгоҳи иқтидори саноатии Тотористон дидан кард

  • Президенти Ӯзбекистон аз намоишгоҳи иқтидори саноатии Тотористон дидан кард

Дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба намоишгоҳи иктидори саноатии Тотористон, ки дар маркази “Казан Экспо”-и шаҳри Қазон кушода шуд, ташриф овард.

Сарвари давлати моро дар ин сафар муовини Раиси Ҳукумат – вазири саноат ва савдои Русия Денис Мантуров ва Раиси Татористон Рустам Миннихонов ҳамроҳӣ карданд.

Дирӯз дар ин ҷо Анҷумани сеюми ҳамкориҳои байниминтақавии Ӯзбекистон ва Русия баргузор шуд. Дар бораи натиҷаи ин чорабинӣ ба Президенти кишварамон муфассал маълумот дода шуд.

Роҳбари Ӯзбекистон бо молҳои саноатӣ ва технологияҳои корхонаҳои пешқадами Тотористон шинос шуд.

Дар доираи боздид аз намоишгоҳ ҳамчунин бо муовини Раиси Ҳукумати Русия – вазири саноат ва савдо Денис Мантуров низ мулоқот баргузор гардид. Масъалаҳои татбиқи амалии созишномаҳои дар доираи Форуми навбатии минтақаҳои Ӯзбекистон ва Русия ҳосилшуда, пеш аз ҳама лоиҳаҳои кооператсияи саноатӣ баррасӣ шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: