БА ФАРЗАНД НОМИ МУНОСИБ МОНЕМ

Дар ҳошияи мақолаи «Тақлиди кӯр-кӯрона»-и Ӯ. Ҷӯрабоева аз шумораи 6 апрели соли равони «Овози тоҷик», №28 мехоҳам мулоҳизаҳои худро бо хонандагони рӯзнома бо ҳам бинам.

Дар мо зиёда аз 70 фоиз номҳо арабӣ ё арабиасосанд. Аммо мебинем, ки бо мурури замон ба калима (ном)-ҳои арабӣ дар навишт, гуфтугӯ ва талаффуз ба сактагӣ, иловакунӣ ё ҳизфу ивазкунии ҳарфҳо роҳ дода мешавад.
Дар асрҳои пеш на ҳамаи мардум саводнок буданду ба маънои калимаҳо эътибори ҷиддӣ медоданд. Дар замони шӯравӣ бошад, иллати бо лаҳни русӣ мувофиқкунонии талаффуз авҷ гирифт ва ин ба аслу маънои ҳақиқии номҳо зарари назаррас расонид.
Дар давраи соҳибихтиёрӣ, ҳарчанд давлатамон давлати дунявист, барои дину урфу одат ва маросимҳои динӣ, худшиносии ҳар як фард шароитҳои хуб фароҳам оварда шудаанд. Адабиёти динӣ чоп мешаванд, нашрияҳои даврӣ ба мардум маърифати исломиро паҳн мекунанд.  
Дар давлатҳои исломӣ номи Муҳаммад (с.а.в) мақоми баланд дорад. Мо низ аз ин дар канор нестем. Китобҳоро варақ занед, зиёда аз 200 хел номи Муҳаммадро мебинед. Номҳоро мебинеду дар хондани баъзеи онҳо гаранг шуда, сари калобаатонро гум мекунед. Инак, якчанд мисол: Муҳаммадқул, Муҳаммадсаид, Муҳаммадхӯҷа, Муҳаммадтӯра, Муҳаммадшо, Шоҳмуҳаммад, Муҳаммадсоқӣ, Муҳаммадсоғар, Муҳаммадшодӣ, Эшмуҳаммад, Муҳаммадшер, Шермуҳаммад, Муҳаммадполвон, Муҳаммадхӯроз (астағфирулло!) ва ҳоказо.
Бо ҳар гуна шакл сохтани номҳо дар байни мардум имрӯз ҳам васеъ истифода мешавад. Мо тақозои нест ё ислоҳ кардани онҳоро надорем. Хоҳиши мо он аст, ки бояд ходимони дин, олимон бо ҳамкории Кумитаи номгузорӣ (топонимикӣ) рӯйхати номҳои писарона ва духтаронаро, ки дар байни мардум маъмулӣ шаванд, тартиб диҳанд, то одамон аз номҳои ду ва зиёда калимадор, аз ҷумлаи саид, хӯҷа, хоҷа, бой, хон, шоҳ, бону, бегим, бибӣ, абду, абд, абӯ, қул, оллоҳ, алӣ, ҷон, валӣ, амир, мир, гул, эшон, султон, бек(г), ой, моҳ, эш, эр, тӯра, охунд ва ғайра оқилона истифода баранд.
Дар арабӣ номҳои хос ҳам бо ҳарфи хурд навишта мешаванд. Агар мо номҳои ду ва зиёда калимадори арабиро ба тифламон гузорем, бояд онҳоро алоҳида ва бо ҳарфи калон нависем. Қоидаи имло инро тақозо мекунад. Мисолан: дар арабӣ Муҳаммадисҳоқ бошад, мо бояд Муҳаммад Исҳоқ нависем. Вале оё арабҳо ба фарзандон чунин ном мегузоранд?
Номи Муҳаммадро саҳлангорона кӯтоҳ карда, ҳамроҳи дигар ҳиссаҳои нутқ калимаҳо (номҳо)-и нав месозанд. Маматҷон, Маматқул, Маматчӯлӣ, Мадамин, Мадалӣ, Матмусо, Эрмат ва ғайра. Дар ин ҳолат баъзан маънои калимаҳо коста шуда, аз асл дур мегарданд. Бигирем, номи Маматро ба ибораи «Ё ҳаёт, ё мамот!» муқоиса кунеду хулоса бароред.
Дар бораи номҳои Муҳаммадисо, Муҳаммадисҳоқ, Муҳаммадаюб ва дигар номҳои пайғамбароне, ки дар Қуръон зикр ёфта, бо ҳамроҳ кардани ду ном номи нав сохтаанд, ҳарфе гуфта наметавонам, чунки ба тафсири онҳо ақли каминаи камтарин намерасад. Дуруст, мо ҳамаи пайғамбаронро эътироф мекунем ва ба онҳо имон меоварем, аммо номҳои пайғамбарони ду динро якҷо карда, номи нав сохтанро ақл ҳазм карда наметавонад. Аҷибаш он, ки дар байни чунин номҳо исмҳои Муҳаммадисмоил, Муҳаммадиброҳимро дарёфт намекунед.
Мардуми мусулмон аз азал номи Муҳаммадро (с.а.в) азиз медоранд.
Дар натиҷаи хато навиштан ва нодуруст талаффуз кардан бисёр номҳо маънии дигар мегиранд. Чунончи, Сония маънои лаҳза, секундро дорад. Сонеъа – дуюм, духтари дуюм гуфтан аст. Мо ба тарзи нодуруст Сония мегӯем. Маънии Робия теппа, замини баланд бошад, Робеъа маънии – чор, яъне духтари чаҳорумро дорад. Мо барғалат Робия меномем. Муҳаррам – моҳи ҳаромкардашуда, манъкардашуда, яъне дар ин моҳ ҷанг, сайд мамнӯъ аст. Мо духтарамонро Муҳаррам ном медиҳем. Роҳила саворӣ: асп, маркаб (хоҳ мода бошад, хоҳ нар) гуфтан аст. Мо ба духтарон Роҳила ном мегузорем...
Номҳои зиёде мавҷуданд, ки ба дин ва забони арабӣ дахл надоранд. Ин номҳоро мардуми мо васеъ кор мефармоянд. Бо мақсади аз чашми бад, ҳасуд, офатҳои заминиву самовӣ ҳимоя кардани фарзандони худ номҳои «хоксорона» ё «пурдаҳшат» мегузоранд. Табар, Ӯроқ, Тош, Бӯрӣ, Гург, Хирс, Шер, Шоҳин, Хас, Барг, Борон, Зардак ва ғайра. Ё бо илтиҷо ба Худо, ки ба онҳо фарзандҳои  бенуқс ато фармояд, номҳои: Истад, Турсун, Ортиқ, Зиёд, Ӯғилой мегузоранд. Боре фикр намекунем, ки чун фарзанди мо ба воя расад, соҳиби касбу кор, мартаба гардад,  аз ин номи худ шарм хоҳад дошт.
Мутаассифона, ин гуна мисолҳо зиёданд.
Умедворем, хонандаи азиз нияти неки моро дуруст дарк намуда, оид ба номгузорӣ, хусусан дар замони муосир, фикру андешаҳои хешро ба ҳам мебинад.
Навиштаҳои болоӣ танҳо фикру андешаҳои моянд, на талабу тақозоямон. 
      
Усмоналӣ ТАҒОЕВ,
 деҳаи Чошиёни ноҳияи Узуни
 вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: