Роҳбари давлат Шавкат Мирзиёев аз маркази савдову шуғлҳои шавқовар Tashkent City Mall боздид ба амал овард.
Маҷмӯи бисёрфунксионалӣ хидмати замонавии савдо ва дигар намудҳои онро пешниҳод мекунад. Дар бинои панҷошёнаи марказ мағозаву тарабхона ва қаҳвахона, гӯшаҳои шуғлҳои шавқовар ва майдончаҳои варзишӣ ҷойгир шудаанд. Дар қисми зеризаминӣ паркинги дуошёна ташкил гаштааст.
Дар марказаш мағозаҳои хурди брендҳои машҳури ҷаҳон ҷой гирфтааст. Дар байни онҳо ширкатҳое бисёранд, ки бори аввал ба бозори Ӯзбекистон дохил гаштаанд.
Майдони зиёдро дар маҷмӯа қитъаҳои бозӣ барои бачаҳо ва калонсолон, 14 кинотеатр ишғол намудааст. Хуллас, дар ин ҷо тамоми шароит ба вуҷуд оварда шудааст, ки одамон харид намоянд, истироҳат кунанд, бо варзиш машғул гарданд.
Маҷмуа имкон дорад, ки рӯзе ба 60 ҳазор одам хидмат расонад. Дар ин ҷо беш аз 3 ҳазор нафар бо кор таъмин хоҳад гардид.
Президент бо боздидкунандагони марказ суҳбат намуд.
Роҳбари давлат инчунин бо шароите, ки дар меҳмонхонаи панҷситора ба вуҷуд оварда шуда, шомили маҷмӯаи мазкур мебошад, шинос гардид.
Меҳмонхонаи 31-ошёна қодир аст, ки дар як вақт ба 500 нафар хидмат расонад. Дар он 273 утоқи стандартӣ ва инчунин утоқҳо барои меҳмонони олирутба вуҷуд дорад.
Дар меҳмонхона инчунин маҷлисгоҳҳои бузург ва хурд, ҳавзҳои кушод ва пӯшида, тарабхона ва қаҳвахона фаъолият менамояд. Дар бино системаи «Иморати оқил» ва лифтҳои балансуръат устувор карда шудаанд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки меҳмонхона моҳи май ба кор дарояд. Дар ин ҷо 500 ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда мешавад.
Аҳамияти сохтмони чунин марказҳои замонавӣ, ки ба аҳолӣ хидмати сифатнок мерасонад, дар дигар шаҳрҳои мамлакат низ таъкид гардид.