Аз моҳи сентябр хонандагони синфҳои 10-11 метавонанд барои таҳсил ду фанни ихтиёриро интихоб кунанд

Тибқи барномаи нави таълим, аз моҳи сентябри соли ҷорӣ хонандагони синфҳои 10-11 метавонанд ду фанни интихобиеро, ки мехоҳанд омӯзанд, интихоб кунанд. Ғайр аз ин шумораи фанҳои ҳатмӣ ду баробар кам карда мешавад.

Аз соли таҳсили 2023/2024 сар карда дар муассисаҳои таълими умумӣ зина ба зина барномаҳои нави таълимӣ ҷорӣ  карда мешаванд, гуфта мешавад дар Фармони Президент "Дар бораи Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав дар солҳои 2022-2026 дар Соли ғамхорӣ ба инсон ва таълими босифат" аз 28 феврали соли 2023.

Тибқи ин санад, барномаҳои таълимӣ ба тарбияи хонандагон дар рӯҳи арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ, ватандӯстӣ, инчунин ташаккули малакаҳои муошират, тафаккури танқидӣ ва эҷодӣ, дар даста кор карда тавонистан ва малакаҳои тадқиқотии онҳо равона карда мешаванд.

Дар баробари ин дар синфҳои 10-11 амалияи таълими дониш дар асоси барномаҳои махсус, ки ба шавқу ҳавас ва қобилияти талабагон мувофиқ аст, ҷорӣ карда мешавад.

Бар асоси барномаи нави такмилёфта ба хонандагони синфҳои 10-11 8 фанни ҳатмӣ (ҳоло - 14), инчунин ду фанни ихтиёрӣ (химия-биология, математика-физика, таърих-ҳуқуқшиносӣ ё забони модарӣ ва адабиёт - забони хориҷӣ) пешниҳод карда мешавад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: