МАХТУМҚУЛӢ – САРОЯНДАИ СУЛҲУ ДӮСТӢ

Дар Ӯзбекистон намояндагони беш аз 100 миллат аҳлу тифоқ зиндагонӣ мекунанд.

Беш аз 23 фоизи аҳолии кишварро мардумони ғайри ӯзбек ташкил менамояд. Имрӯзҳо халқҳоямон бо ҳисси ифтихор анъанаҳои гузаштаро идома медиҳанду дӯстию бародарии азалиро пос медоранд. Суханваронамон бошанд, дар асарҳои худ ин эҳсоси гуворои дӯстиро бо шавқ тараннум мекунанд.


Ба нишони эҳтироми дӯстии халқҳо 20 апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз бахшида ба 300-солагии зодрӯзи шоир ва мутафаккири халқии туркман Махтумқулӣ Фироқӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Махтумқулӣ – сарояндаи сулҳу дӯстӣ» баргузор гардид.
Махтумқулӣ шоир ва мутафаккири барҷастаи адабиёти туркман маҳсуб шуда, соли 1724 дар деҳаи Ҳоҷиговшони назди дарёи Артек таваллуд шудааст. Шоир хату саводро аз падари шоираш омӯхта, баъд ба мактаби авул меравад ва дар он ҷо аз мулло Ниёзсолеҳ таҳсил мегирад. Ӯ таҳсилашро дар мадрасаи Идрисбобо давом дода, дар мадрасаи Шерғозихон ба камол мерасонад. Касби заргарӣ низ дошт. Ба шаҳрҳои гуногун сафарҳои илмиву эҷодӣ кардааст. 
Аз Махтумқулӣ ба мо наздики 20 ҳазор мисраъ шеъру эпосҳои лирикӣ ва фалсафиву панду ахлоқӣ мерос мондааст. Ӯ аз осори шоирони маъруфи форсу тоҷик ва ӯзбек Фирдавсӣ, Низомӣ, Фузулӣ, Навоӣ баҳра мебурд. 
Ашъори Махтумқулӣ моли маънавии тамоми халқҳои Осиёи Марказӣ гардидааст. Шеърҳояш ба забони ӯзбекӣ ва тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Дар кишвари мо ҳам эҷодиёти ӯ дар баробари осори Аҳмади Яссавӣ, Сӯфи Аллоҳёр, Бобораҳими Машраб, Муҳаммади Фузулӣ барин шоирон маҳбубияти хос доранд ва писандида мешаванд.   

Раъно РАМАЗОНОВА,
Зулбибӣ ИСКАНДАРОВА,
донишҷӯёни бахши 2-юми ДДТ.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: